Тӯдагул (хӯшагул) – Тудагул (хуша гул)

Рустаниҳое мавҷуданд, ки гули онҳо яктоӣ (тоқа) дар нӯги навдаю поя ё дар бари баргҳо инкишоф меёбанд. Онҳо рустаниҳои тоқгуланд. Гулҳои дигар рустаниҳо бошанд дар тӯдагулҳо (87) ғун омадаанд.

Тӯдагул (хӯшагул) маҷмӯи гулҳоест, ки бо тартибу қоидаи муайян ба ҳамдигар наздик ё дар бари якдигар ҷой гирифта, ба он як шаклу сохтори муайянро (87) медиҳанд.

Тӯдагул сода (одӣ) ва мураккаб мешавад. Одатан дар тӯдагул гулҳои майда сарҷамъ омадаанд ва бо ин восита ба ҳашароти гардолудкунанда хубтар намудор мегарданд.

Карам, ливондар ва маҳлаби русӣ тӯдагули хӯша доранд. Дар чунин тӯдагул гулҳои алоҳидаи он дар гулпояе, ки нағз намудор аст, пайдарҳам ҷой гирифта, ба гулпояи (тири) умумӣ пайвастанд. Агар якчанд хӯшаҳо (саракҳо) аз пояи умумӣ дур рафта бошанд, тӯдагулро хӯшаи (сараки) мураккаб ё ҷорӯбак меноманд. Ёс, ангур чунин тӯдагул доранд.

Расми 87. Тӯдагул (нақша)
Расми 87. Тӯдагул (нақша)

Хӯшаи сода аз гулҳои бедумча (яъне нишаста) ҳосил мешавад. Онҳо монанди гулҳои барги зулф дар пояи умумии тӯдагул ҷой гирифтаанд. Тӯдагули гандум, ҷавдор ва ҷавро хӯшаи мураккаб меноманд. Дар тӯдагули онҳо, дар гулпояҳои умумӣ якчандто хӯшачаҳо ҷойгир буда, ҳар кадоми онҳо якчандтоӣ гул доранд. Масалан, дар хӯшагули ҷавдор дутогӣ гул мавҷуд аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фарқи сӯтагул аз хӯша он аст, ки гулпояи вай ғафс ва одатан сермағз аст.

Чатраки сода тӯдагулест, ки гулпояи он аз нӯги тири тӯдагул мебарояд. Гули тӯтиё ва олуболу чунин тӯдагул доранд.

Сабзӣ ва ҷаъфарӣ чатрак – тӯдагул доранд, ки он аз якчанд чатракҳои сода иборат аст. Чунин тӯдагулро чатраки мураккаб меноманд.

Офтобпараст, гули кавкаб, қоқу, ширбарояк, хори морак (шумпай) ва бисёр рустаниҳои дигар тӯдагули сабадак доранд. Дар чунин тӯдагул – гулҳои сершумори майда дар гулбанди (бистари) ғафсу васеи тӯдагул ҷойгир шудаанд. Сабадакро аз берун баргҳои сабзи муҳофиз пӯшонидааст.


  1. Тудагул чист?
  2. Кадом навъҳои тӯдагулро медонед?
  3. Дар ҳаёти рустанӣ тӯдагул чӣ аҳамият дорад?
  4. Сӯтагул аз хӯшагул чӣ фарқ дорад?
  5. Чатраки мураккаб чӣ хел сохт дорад?
ҚаблӣГул. Аҳамияти гул барои ҳаёти рустаниҳо. Сохти гул
БаъдӣГулро гардолуд кардани ҳашарот ва шамол