Мавлуд. Салавот бар Мухаммад (с) – Шеър дар васфи Мухаммад (с)

Салавот бар Мухаммад (с) ё шеърхо дар бораи Паёмбар Мухаммад (с) дар ин саҳифа оварда мешаванд. Шеър дар бораи Муҳаммад (с) шеърҳо. Мавлуди Пайгамбар. Шеър барои Мавлуд.

Пророк Мухаммад с

Сурма созам хоки поят, ё Муҳаммад Мустафо.
Ҷони ман бодо фидоят, ё Муҳаммад Мустафо.

Шуд туфайли нури покат оламу одам дигар.
Ҷону дил андар ҳавоят, ё Муҳаммад Мустафо.

Дар шаби Меъроҷ диди Аршу Курсиву Биҳишт.
Додааст ҳиммат Худоят, ё Муҳаммад Мустафо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Туҳфа овардӣ зи Меъроҷ эй ҳабиби инсу ҷон.
Баҳри умматҳо ҳидоят, ё Муҳаммад Мустафо.

То намонад дар залолат осиву ҷофи якин.
Ҷумларо кардӣ ҳимоят, ё Муҳаммад Мустафо.

Ҳар киро бар қавли ту гуфтору рафтораш бувад.
Мекунӣ бар вай иноят, ё Муҳаммад Мустафо.

Он чӣ фармони Худо гуфтӣ барои умматон.
Насси Қуръон оят-оят, ё Муҳаммад Мустафо.

Ҳар касе баҳри даво пеши ту омад чораҷӯ.
Як назар сӯяш кифоят, ё Муҳаммад Мустафо.

Ҳар ки кард таклифи меҳмони ғанӣ ё ки фақир.
Бишкуфад таъби расоят, ё Муҳаммад Мустафо.

Эй сари ман хоки поят ҷони ман Қурбони Ту.
Қоилам андар вафоят, ё Муҳаммад Мустафо. (саллаллоху аълайхи васаллам)


Ба муносибати мавлуди хайрулбашар, сайиди кавнайн, соҳиби муъҷизаи кубро, пешвои мурсалону анбиё Муҳаммади Мустафо (с)

Васфи Хотамулмурсалин (с) аз забони шайх Фаридуддини Аттор

Хоҷаи дунёву дин, ганҷи вафо,
Садру бадри ҳар ду олам- Мустафо.

Офтоби шаръу гардуни яқин,
Нури олам, Раҳматан лилоламин.

Хоҷаи кавнайну султони ҳама,
Офтоби ҷону имони ҳама.

Соҳиби меъроҷу садри коинот,
Сояи Ҳақ, хоҷаи хуршедзот.

Пешвои ин ҷаҳону он ҷаҳон,
Муқтадои ошкорову ниҳон.

Меҳтарину беҳтарини анбиё,
Раҳнамои асфиёву авлиё.

Хоҷае, к- аз ҳар чи гӯям, беш буд,
Дар ҳама чиз аз ҳама дар пеш буд.

Гашт ӯ мабъус то рӯзи шумор
Аз барои кулли халқи рӯзгор.

Хатм карда Ҳақ набувватро бар ӯ,
Меъраҷу хулқу футувватро бар ӯ.

Даъваташ фармуд баҳри хосу ом,
Неъмати худро бар ӯ карда тамом.

Уммаҳоти мӯъминин азвоҷи ӯ,
Эҳтироми мурсалин меъроҷи ӯ.

Анбиёяш пасраванд, ӯ пешво,
Олимони умматаш чун анбиё.

Кирдгораш аз барои эҳтиром,
Бурда дар «Таврот»- у дар «Инҷил» ном.

Баъси ӯ шуд сарнагунии бутон,
Уммати ӯ беҳтарини умматон.

Моҳ аз ангушти ӯ бишкофта,
Меҳр дар фармони вай бас тофта.

Дар миёни китфи ӯ хуршедвор
Дошта мӯҳри набувват ошкор.

Баркушодӣ мушкили мо як ба як,
То намондӣ дар дили мо ҳеч шак.

Васфи ӯ дар гуфт чун ояд маро,
Чун арақ аз шарм хун ояд маро.

Ӯ фасеҳи оламу ман лоли ӯ,
Кай тавонам дод шарҳи ҳоли ӯ!

Васфи ӯ кай лойиқи ин нокас аст,
Восифи ӯ Холиқи олам бас аст.

То абад шаръи туву аҳкоми туст,
Ҳамбари номи Илоҳӣ номи туст.

Ҳар кӣ буд аз анбиёву аз русул,
Ҷумла бо дини ту оянд аз субул.

Чун наёмад беш пеш аз ту касе,
Аз пасӣ Ту низ н- ояд бе шаке.

Бо ихтисор аз: “Мантиқ- ут- тайр”- и Фаридуддини Аттор.


МАВЛУДИ НАБӢ МЕХОН

Эй нури басар, бодо,
Сад олами ҷон қурбон!
Бедор шав, эй ҷоно,
Мавлуди Набӣ мехон!

Моҳи салавот омад,
Моҳи баракот омад.
Шодиву нишот омад,
Мавлуди Набӣ мехон!

Бо иэзу шукӯҳ омад,
Бо файзу футӯҳ омад.
Оромии руҳ омад,
Мавлуди Набӣ мехон!

Гар ишқи Худо дорӣ,
Дилдодаю дилдорӣ.
Гар толиби дидорӣ,
Мавлуди Набӣ мехон!

Гар хоҳӣ шафоатро,
Ҳам ҳузру ҳаловатро.
Толеъи саодатро,
Мавлуди Набӣ мехон!

Ризқу баракат хоҳӣ,
Ҳар шому саҳаргоҳӣ,
Чун мӯр малах моҳи,
Мавлуди Набӣ мехон!

Аз мушкилӣ, эй инсон,
Саргаштаиву сарсон!
Мушкил кунадат осон,
Мавлуди Набӣ мехон!

Гар лутфу сафо хоҳӣ,
Хайри ду саро хоҳӣ.
Ҳам умри бақо хоҳӣ,
Мавлуди Набӣ мехон!

Мавлуд бихон ҳар дам,
Бо аҳли само ҳамдам!
Гар хоҳӣ наҷот аз ғам,
Мавлуди Набӣ мехон!

Ҳар кас, ки ба мавлуд аст,
Бо Аҳмаду Маҳмуд аст.
Дар раҳмати Маъбуд аст,
Мавлуди Набӣ мехон!

Ҳар кас, ки дуруд гӯяд,
З-он лубфу карам ҷӯяд.
Дар Равза чу гул рӯяд,
Мавлуди Набӣ мехон!

Бо ёди Шаҳ, эй уммат,
Бикшо камари ҳиммат!
Ҳар лаҳзаву ҳар соат,
Мавлуди Набӣ мехон!

Гар ошиқи мавлудӣ,
Пайванди ҳамон будӣ!
Худ бандаи Маъбудӣ,
Мавлуди Набӣ мехон!

Мавлуди Набӣ ид аст,
Аз баркати Саййид аст.
Андар дили ту ҷид аст,
Мавлуди Набӣ мехон!

Эй Шукрихудо, ҳар гоҳ,
Тавба бикунӣ, дилхоҳ!
Аз Ӯ бишавӣ огоҳ!
Мавлуди Набӣ мехон!

Шукруллоҳ Сироҷ 30.09.2022


ҚаблӣДостони “Лайли ва Маҷнун”-и Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави
Баъдӣ“Ҳафт пайкар”-и Низомии Ганҷавӣ – Хамса