Достони “Хусрав ва ширин”-и Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави

Достони “Хусрав ва ширин”-и Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави. Фарходу Ширин, Хусраву Ширин.


Хусрав ва Ширин

“Хусрав ва Ширин” дувумин маснавиест, ки Низомии Ганҷавӣ эҷод намудааст. Ӯ онро аввали соли 1180 оғоз карда, охири соли 1181 ба итмом расонидааст.

Бинобар эътирофи муаллиф, ӯ ҳадиси Хусраву Ширинро аз таърихи куҳансолони ин бум, сухангӯйи куҳанзоде, ки достонҳои куҳанро ёд дошт, донистааст.

Зи таърихи куҳансолони ин бум
Маро ин ганҷнома гашта маълум…
Чунин гуфт он сухангӯйи куҳанзод,
Ки будаш достонҳои куҳан ёд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Вай онро аз ширинтарин достонҳои замонҳои гузашта ва имрӯза мешуморад.

Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳон нест
В-аз он ширинтар, алҳақ, достон нест.

Низомӣ ишора ба он намудааст, ки Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” аз достони Хусраву Ширин сухан карда бошад ҳам, аз баёни ишқи Хусраву Ширин сарфи назар кардааст.

Ҳакиме, к-ин ҳикоят шарҳ кардаст,
Ҳадиси ишқ аз эшон тарҳ кардаст.

Достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ, дарвоқеъ, пеш аз ҳама ба баёни мавзӯи ишқи Хусраву Ширин ва дар партави он ба талоши Хусрав барои тоҷу тахт бахшида шудааст. Хусрави Парвиз шахси таърихӣ буда, соли 591 ба тахт нишастааст. Ин подшоҳи сосонӣ, дар ҳақиқат, бо номи Ширин зане доштааст ва воқеан ҳам, дар соли 629 аз дасти писараш кушта шудааст. Дар достони Низомӣ ҳақиқати таърихӣ бо ҳақиқати бадеӣ пайванд гардидааст ва як ишқномаи наву хонданӣ ва монданиеро ба вуҷуд овардааст.

Достон бо зикри аз Худо фарзанд хостани Ҳурмуз пури Кисро ва таваллуди Хусрави Парвиз оғоз мегардад. Сипас сухан аз тарбият, илмҳои адаб, ҷанг, ҳисоб ва ҳикматро омӯхтан ва ҳамчун ҷавони зирак, чолок ва далер ба воя расиданаш меравад.

Хусрав Шопур ном надими хоссе дошт. Ӯ дар суратгарӣ ва наққошӣ устод ва марди ҷаҳондидае буд. Рӯзе ба Хусрав нақл мекунад, ки шаҳбонуи бузурги Арманистон Меҳинбону бародарзодае дорад бо номи Ширин, ки дар ҳусну ҷамол бебадал мебошад ва ӯро аспи бодпойи шабрангест бо номи Шабдез.

Паридухте, париуззор моҳе,
Ба зери миқнаа соҳибкулоҳе.

Шабафрӯзе чу маҳтоби ҷавонӣ,
Сияҳчашме чу оби зиндагонӣ.

Кашида қомате чун нахли симин,
Ду зангӣ бар сари нахлаш рутабчин.

Зи бас к-овард ёд он нӯшлабро,
Даҳон пуроби шаккар шуд рутабро.

Ба марвориди дандонҳои чун нур
Садафро оби дандон дода аз дур.

Ду шаккар чун ақиқи обдода,
Ду гесу чун каманди тобдода.

Хами гесуш тоб аз дил кашида,
Ба гесу сабзаро бар гил кашида.

Шуда гарм аз насими мушкбезаш
Димоғи наргиси беморхезаш…

Намак дорад лабаш дар ханда пайваст,
Намак ширин набошад в-они ӯ ҳаст.

Ту гӯйӣ биниаш теғест аз сим,
Ки кард он теғ себеро ба ду ним…

Муваккал карда бар ҳар ғамза ганҷе,
Занах чун себу ғабғаб чун туранҷе.

Рухаш тақвими анҷумро зада роҳ,
Фишонда даст бар хуршеду бар моҳ.

Ду пистон чун ду симин нори навхез,
Бар он пистон гули бустон дирамрез…

Ба охур баста дорад раҳнаварде,
К-аз ӯ дар так наёбад бод гарде…

Ниҳода номи он шабранг Шабдез,
Бар ӯ ошиқтар аз мурғи шабовез…

На ширинтар зи Ширин халқ дидам,
На чун Шабдез шабранге шунидам.

Хусрав аз ин ҳикояти Шопур ғоибона ба Ширин ошиқ мешавад ва Шопурро ба талаби Ширин ба кӯҳистони Арман мефиристад.

Шопур ба Арманистон меравад ва сурати Хусравро дар гузаргоҳи Ширин мегузорад. Ширин бар он сурат соате чанд фурӯ шуд ва шефтаи он тимсоли рӯҳонӣ мегардад. Шопур ба ӯ аз Хусрав ва ошиқ буданаш ба Ширин ҳикоят мекунад.

Хаёлатро шабе дар хоб дидаст,
Аз он шаб ақлу ҳуш аз вай рамидаст.

На май нӯшад, на бо кас ҷом гирад,
На шаб хуспад, на рӯз ором гирад.

Ба ҷуз Ширин нахоҳад ҳамнафасро,
Бад-ин талхӣ мабодо айш касро!

Ширин бо ҳидояти Шопур аз назди Меҳинбону мегурезад ва барои дидани Хусрав хабарпурсон роҳи Мадоинро пеш мегирад.

Дар ин миён пӯлодкоре дирамро бар номи Хусрав сикка зада, ба ҳар шаҳре мефиристад. Падараш мехоҳад барои ин рафтораш ӯро ҷазо диҳад. Хусрав аз бими падар бо маслиҳати Бузургумед ба мулки Арман мегурезад. Вақте ки Хусрав ба мулки Арман мерасад, Ширин дар Мадоин буд.

Хусрав барои овардани Ширин Шопурро дигар бор ба Мадоин фиристод. Дар ин вақт Хусрав огоҳӣ меёбад, ки падарашро куштаанд, бинобар ин ба Мадоин бармегардад ва ба ҷойи падараш ба тахт менишинад. Вале ӯ тадриҷан адлу додро ба айшу ишрат табдил медиҳад ва ҳамаро, аз ҷумла Ширинро фаромӯш мекунад. Яке аз сарлашкарон Баҳроми Чӯбина шӯриш мебардорад ва дар номаи пӯшидааш мегӯяд:

К: “Аз ин кӯдак ҷаҳондорӣ наёяд,
Падаркуш подшоҳиро нашояд.

Бар ӯ як ҷуръа май ҳамранги озар
Гиромитар зи хуни сад бародар.

Бибахшад кишваре бо бонги руде,
Зи мулке дӯсттар дорад суруде.

Зи гармӣ раҳ ба кори х(в)ад надонад,
Зи хомӣ ҳеч неку бад надонад.

Ҳанӯз аз ишқбозӣ гарму доғ аст,
Ҳанӯзаш шӯри Ширин бар димоғ аст”.

Хусрав ба паноҳи Меҳинбону мегурезад ва дар шикоргоҳҳои Муғон Хусрав ва Ширин бо ҳам вомехӯранд. Вақте ки Ширин Хусравро назди Меҳинбону ба меҳмонӣ мебарад, вай Ширинро андарз ва савганд медиҳад, ки мабодо фирефтаи Хусрав шавад, зеро дар зиндагӣ ҷавонони бадмеҳру бадаҳд ва бевафо зиёд вомехӯранд. Мабодо ки:

Чу Вис аз некномӣ дур гардӣ,
Ба зиштӣ дар ҷаҳон машҳур гардӣ.

Гар ӯ моҳ аст, мо низ офтобем
В-агар Кайхусрав аст, Афросиёбем.

Паси мардон шудан мардӣ набошад,
Зан он беҳ, к-аш ҷавонмардӣ набошад.

Меҳинбону маслиҳат медиҳад, ки Ширин Хусравро хуб бисанҷад, зеро мегӯяд ӯ:

Ту худ донӣ, ки вақти сарфарозӣ
Заношӯйӣ беҳ аст аз ишқбозӣ.

Ширин савганд мехӯрад, ки қадами беҷо нахоҳад ниҳод:

Ки: “Гар хун гирям аз ишқи ҷамолаш,
Нахоҳам шуд магар ҷуфти ҳалолаш”.

Бо розигии Меҳинбону онҳо вақташонро бо чавгонбозӣ, шикор, базм ва афсонагӯӣ мегузаронанд. Рӯзҳои зиёде дар фасли баҳор бо хушию хуррамӣ гузаштанд.

Чунин фасле бад-ин ошиқнавозӣ,
Хато бошад, хато бе ишқбозӣ.

Онҳо ба ҳам бештар унс гирифтанд. Боре Хусрав хост, ки аз Ширин ком бистонад.

Шаҳ аз роҳи шикебоӣ гузар кард,
Шикори орзуро тангтар кард.

Сари зулфи гиреҳгири дилором
Ба даст оварду раст аз дасти айём.

Лабаш бӯсиду гуфт: “Эй ман ғуломат,
Бидеҳ дона, ки мурғ омад ба домат…

Ману ту, ҷуз ману ту кист ин ҷо?
Ҳазар кардан зи баҳри чист ин ҷо?..

Ту дилхар бош, то ман ҷон фурӯшам,
Ту соқӣ бош, то ман бода нӯшам.

Шаби васлат лабе пурханда дорам,
Чароғи ошноӣ зинда дорам”.

Ширин чунин посух мегӯяд:

Ҷаҳон ниме зи баҳри шодкомист,
Дигар нима зи баҳри некномист.

Чӣ бояд табъро бадром кардан,
Ду некуномро бадном кардан?

Ҳамон беҳтар, ки аз худ шарм дорем,
Бад-ин шарм аз Худо озарм дорем…

Ман он ширин дарахти обдорам,
Ки ҳам ҳалвову ҳам ҷуллоб дорам.

Нахуст аз ман қаноат кун ба ҷуллоб,
Ки ҳалво ҳам ту хоҳӣ хӯрд, маштоб!

Ширин шарт мегузорад, ки Хусрав бояд мулки подшоҳиро ба даст орад.

Ту мулки подшоҳиро ба даст ор,
Ки ман бошам, агар давлат бувад ёр.

Хусрав бо хотири озурда ба Ширин ҳасрат мекунад ва мегӯяд:

Ман аввал бас ҳумоюнбахт будам,
Ки ҳам бо тоҷу ҳам бо тахт будам.
Ба гирди олам овора-м ту кардӣ,
Чунин бадрӯзу бечора-м ту кардӣ.

Хусрав барои ёрӣ ба назди қайсари Рум меравад. Қайсар духтараш Марямро ба Хусрав ба занӣ медиҳад ва дар ихтиёри ӯ лашкари бешумореро мегузорад. Хусрав ба Эрон лашкар кашида, Баҳроми Чӯбинаро шикаст медиҳад ва дубора ба тахт мешинад. Аммо аз фироқи Ширин азоб мекашад. Ширин низ дар ғами Хусрав месӯхт. Шоир ҳолати равонии Хусравро чунин ба қалам додааст:

Агарчи подшоҳӣ буду ганҷаш,
Зи беёрӣ паёпай буд ранҷаш.

Намегӯям тараб ҳосил намекард,
Тараб мекард, лек аз дил намекард.

Гаҳе қасди набиди хом кардӣ,
Гаҳе аз гиря май дар ҷом кардӣ.

Гаҳе гуфтӣ ба дил, к: “- Эй дил, чӣ хоҳӣ
Зи олам? Ошиқӣ ё подшоҳӣ?

Ки ишқу мамлакат н-ояд ба ҳам рост,
Аз ин ҳар ду яке мебоядат хост.

Ширин пас аз сари Меҳинбону бар тахти мулки Арман менишинад, бо адлу дод як сол ҳукм меронад. Вале ба дарди ҳаҷри Хусрав тоб наоварда, мулкро ба мавлое (навкаре) супурда, ба Мадоин меояд ва дар қасри пешинаи худ дар доманакӯҳи беобу дашти хушке маскан мегирад. Хусрав аз тарси Марям танҳо тавонистааст, ки ба Ширин паёме бифиристад.

Хусрав бо расидани хабари марги Баҳроми Чӯбина бо иштироки Борбади ромишгари овозадор базм меорояд ва сӣ лаҳни ӯро мешунавад. Пас аз базм Хусрав аз Ширин ба Марям шафоат мекунад ва мехоҳад, ки ӯ низ Ширинро азиз дорад ва ба қаср даъват намояд. Марям рад мекунад ва мегӯяд, ки агар Хусрав чунин кунад, худро хоҳад кушт:

Туро бифребаду моро кунад дур,
Ту з-ӯ розӣ шавӣ, ман аз ту маҳҷур.

Хусрав ба талаби Ширин Шопурро ба назди ӯ мефиристад ва хоҳиши дидор мекунад. Ширин ба Шопур итоб мекунад ва мегӯяд:

Наяфтод он рафиқи бевафоро,
Ки бифристад саломе хушк моро…

Чӣ кард он раҳзани хунхораи ман
Ҷуз оташпорае дар бораи ман?

Ман инак зинда, ӯ бо ёри дигар
Зи меҳр ангехта бозори дигар…

Биё, то каҷ нишинам, рост гӯям:
“Чӣ хориҳо, к-аз ӯ н-омад ба сӯям”…

Кунад бо ҷинси худ ҳар ҷинс парвоз,
Кабутар бо кабутар, боз бо боз…

Зи боғи Рум гул дорӣ ба хирман,
Макун тороҷи тахту тоҷи Арман…

Ҳазор аз баҳри май хӯрдан бувад ёр,
Яке аз баҳри ғам хӯрдан нигаҳ дор.

Фарҳоди муҳандис ва фарзона, ки ӯро Ширин бо маслиҳати Шопур барои кандани ҷӯй аз чарогоҳ то қасраш даъват намуда буд, дар муддати як моҳ корашро анҷом медиҳад. Ширин ба дидани Фарҳод меояд ва ба ӯ ба ивази хидматаш чанд гавҳари шабчароғ мебахшад. Фарҳод онро пеши пойи Ширин меафшонад, аз ишқи худ ба ӯ зорӣ мекунад. Овозаи ишқи Фарҳод ба гӯши Хусрав мерасад. Хусрав Фарҳодро назди худ мехонад ва онҳо ба ҳам мунозира мекунанд. Хусрав дар мунозира мағлуб мешавад.

Чу оҷиз гашт Хусрав дар ҷавобаш,
Наёмад беш пурсидан савобаш.
Ба ёрон гуфт, к-аз хокию обӣ
Надидам кас бад-ин ҳозирҷавобӣ.

Ва роҳи макру ҳиларо пеш мегирад. Ӯ барои озмоиш ба Фарҳод кандани роҳ дар Бесутунро мефармояд ва гумон мекунад, ки вай аз уҳдааш намебарояд, шартро бой медиҳад ва аз ишқи Ширин даст мекашад. Аммо Фарҳод ба кор оғоз мекунад ва дар дили кӯҳ сурати Ширинро меканад. Овозаи он ба Ширин мерасад ва ӯ барои дидани он ба кӯҳи Бесутун меравад. Хусрав аз ин огоҳ мешавад ва таъзиятномаи пур аз танзеро ба Ширин мефиристад. Ва роҳи халосиро аз Фарҳод дар хиёнат мебинад ва ба ӯ хабари бардурӯғеро мерасонад, ки Ширин мурд. Фарҳод бо шунидани ин хабари шум ҷон медиҳад.

Чу афтод ин сухан бар гӯши Фарҳод,
Зи тоқи кӯҳ чун кӯҳе дарафтод.

Дар ин миён Марям мемурад. Ширин ба Хусрав ба ин муносибат таъзиятномаи ростине мефиристад. Хусрав пас аз марги Марям боз ба ёди Ширин шуд. Ширин дар ҷавоб номаи таънаомезе менависад. Хусрав аз ин ранҷида ба май менишинад. Рӯзе ба гӯшаш васфи Шакари Исфаҳонӣ мерасад ва ӯ дар таманнои вай ба Исфаҳон меравад ва вайро ба занӣ мегирад. Ширин боз танҳо мемонад ва ба Яздони пок ниёиш ва зорӣ мекунад. Рӯзе Хусрав бо баҳонаи шикор ба сӯйи қасри Ширин меравад ва Ширинро мебинад ва сухан мегӯяд. Ширин чунин посух медиҳад:

Ба даст орӣ маро чун ғофилон маст,
Чу гул бӯйе кунӣ, андозӣ аз даст…

Ду дилбар доштан аз якдилӣ нест,
Дудил будан тариқи оқилӣ нест…

Ту аз ишқи ману ман бениёзӣ,
Ба ман бозӣ кунӣ дар ишқбозӣ?..

Маро аз рӯйи ту як қибла дар пеш,
Туро қибла ҳазор аз рӯйи ман беш.

Хусрав ба хатои худ иқрор мешавад ва мегӯяд, ки ӯ агарчи бо гап бо каси дигар аст, бо дил бо Ширин буд.

Ба тан бо дигаре хурсанд будам,
Зи дил то ҷон туро дар банд будам…
Агар гоме задам дар комронӣ,
Ҷавон будам, чунин бошад ҷавонӣ.

Ширин дар посух ба Хусрав бо зикри он ки ӯро дар дил сад ғубор аст, мегӯяд:

Ҳама вақте туро пиндоштам ёр,
Ҳама ҷойе туро хондам вафодор.

Ту ҳаргиз дар дилам ҷойе накардӣ,
Чу дилдорон мудорое накардӣ…

Зи ту коме надида дар замона,
Шуда тири маломатро нишона…

Бас он, к-аз баҳри ту бечора гаштам,
Зи хонумони хеш овора гаштам…

Бинои дӯстӣ бар бод додӣ,
Магар к-акнун асоси нав ниҳодӣ?

Хусрав ноумед бармегардад ва Ширин аз рафтани ӯ пушаймон мешавад. Хусрав хоб мебинад, ки дар боғе чароғ дар даст гаштааст. Шопур таъбир мегӯяд, ки Хусрав ба васли Ширин хоҳад расид. Хусрав дар шикоргоҳе базм меорояд, Ширин дар он пинҳонӣ иштирок мекунад. Борбад аз номи Хусрав ва Накисои чангӣ аз номи Ширин ғазал ва суруд мегӯянд. Пас аз як ҳафта Хусрав Ширинро ба занӣ мегирад ва ба Мадоин меорад ва солҳо бо ҳам бо хушу хуррамӣ зиндагӣ мекунанд. Мамлакат аз адлу доди Хусрав обод мешавад.

Хусрав аз Марям писаре дошт бо номи Шерӯя, ки онро шоир ҳамчун “фарзанди хом” ва “фарзанди қаттол” шинос менамояд ва мегӯяд:

На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар гул мева орад, ҳар найе қанд.

Шерӯя вақте ки тақрибан нуҳсола буд, ба Ширин ошиқ мешавад:

Шунидам ман, ки он фарзанди қаттол
Дар он тифлӣ, ки будаш қурби нуҳ сол,
Чу Ширинро арӯсӣ буд, мегуфт:
“Ки Ширин кошкӣ будӣ маро ҷуфт”.

Чун Шерӯя ба воя расид, падарро дар оташхона гӯшанишин кард ва шабе ӯро ҳангоми хобаш кушт. Ширин, ки ҳам дар он ҷо буд, бедор мешавад. Шерӯя ӯро ба занӣ хостор мешавад. Ширин се шарт мегузорад: 1. Сӯзондани қасри Хусрав; 2. Куштани аспи ӯ Шабдез; 3. Дафни ҷасади Хусрав бо шукӯҳи тамом. Шерӯя шартҳоро ба ҷо меорад. Ширин пас аз ин бо ханҷар синаи худро чок карда, дар рӯйи дахмаи Хусрав ҷон медиҳад. Низомӣ дар бораи ин ҳолат гуфтааст:

Зиҳӣ Ширину ширин мурдани ӯ,
Зиҳӣ ҷон додану ҷон бурдани ӯ!

Чунин воҷиб кунад дар ишқ мурдан,
Ба ҷонон ҷон чунин бояд супурдан!

На ҳар к-ӯ зан бувад, номард бошад,
Зан он мард аст, к-ӯ бедард бошад.

Достони ишқи ғамангез ва пур аз шебу фарози шоҳзодаи сосонӣ Хусрави Парвиз ва маликаи Арман Ширин аз оғоз то ба анҷомаш хонандаро дар изтироб ва шиддати равонӣ нигаҳ медорад:

Дар ин афсона шарт аст ашк рондан,
Гулобе талх бар Ширин фишондан.

ва дар як замону макон дар се сатҳи гуногун – поин, миёна ва боло мегузарад ва дар ҳамаи он сатҳҳо рӯйи ду нуктаи асосӣ гаштаву баргашта таъкид менамояд: 1. Ишқ дард аст, ранҷ аст, мусибат аст, фоҷиа аст; 2. Мамлакат ба адл (доду диҳиш) ва дониш побарҷост.

Низомӣ тавонистааст, ки дар чаҳорчӯби достони ишқу муҳаббати Хусрав ва Ширин чеҳраҳои адабии амиқ ва барҷастаеро бо тамоми мураккабӣ ва тазодҳои олами ҷисмонӣ ва рӯҳониашон биофарад, монанди Хусрави Парвиз, Ширин, Фарҳод ва дигарон.

Дар достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ ҳар типи одамӣ дар се чеҳра ва дараҷа намудор шудааст. Чунончи:

  1. Маъшуқа – Ширин, Марям, Шакар.
  2. Ошиқ – Фарҳод, Хусрав, Шерӯя.
  3. Шоҳ – Ширин, Хусрав, Баҳроми Чӯбина.

Ширин қаҳрамони марказӣ ва дӯстдоштании Низомӣ буда, аз ҳама ҷиҳатҳо: ҳусн, ақлу фаросат, одаму одамгарӣ, меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, рафтору гуфтор ҳамто надорад. На Марям ва на Шакар аз ҳеч ҷиҳат бо ӯ баробар намешаванд. Ширин сурати зебо, чобукӣ, далерӣ ва хушсухании Хусравро дида, ба ӯ дил мебандад ва то ба охир ба вай сарфи назар аз ҳама булҳавасӣ, ноустуворӣ ва бевафоиҳояш содиқ мемонад ва кӯшиш мекунад, ки ошиқашро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Танҳо вақте ки Хусрав тамоми хатоҳои худро дарк мекунад ва ба гардан мегирад, онҳо ба ҳам мерасанд. Вале афсӯс, ки ба касофати Шерӯя касе, ки дӯсташ медошт, кушта мешаваду худро мекушад ва бо ҳамин меҳру муҳаббати поку беолоиши худ нисбат ба Хусрав, номус, номи неку шарафи худро нигоҳ медорад.

Шахси дигаре, ки дар миёни қаҳрамонони “Хусрав ва Ширин” бо тасвири Ширин наздикӣ ва монандӣ дорад, Фарҳод аст. Ӯ ҳам мисли Ширин каси боақлу ҳуш, бофаросат, донишманд, поктинат, содиқ мебошад. Қавлаш аз амалаш фарқ намекунад. Вай омода аст, ки барои Ширин худашро қурбон намояд. Ишқи Ширин ӯро аз озмоишҳои сангине мегузаронад. Фарҳод ба дараҷае ба Ширин меҳр баста буд, ки вақте хабари бардурӯғи марги Ширинро мешунавад, ҳалок мешавад. Чеҳраи Фарҳоди ошиқ дар мунозирае, ки бо Хусрав дошт, ба хубӣ ва тамомӣ ошкор гардидааст.

Шахсияти Хусрав басо мураккаб ва пурзиддият аст. Ӯ гоҳ ҳамчун ҷавонмарди хушсурату хушсират, тануманд, далеру чолок, зирак, закӣ, суханвар, боадаб ва бодониш, гоҳе ҳамчун шахси ишратпараст, худписанд, бокибру ғурур, танпарвар, булҳавас, беирода, тарсуву сабукфикр, шоҳзодаи бемасъулият тасвир шудааст. Хусрав, ки ошиқи зори Ширин буд, аввал ба Марям ва баъд бо Шакари Исфаҳонӣ хонадор мешавад. Мулки подшоҳиро гузошта роҳи гурезро пеш мегирад ва аз шоҳони кишварҳои бегона ёрӣ мепурсад. Агар талабу талқини пайвастаи Ширин намебуд, Хусрав аз нишасти маю ишрат даст намекашид ва аз пайи тахту тоҷи хеш намешуд ва роҳи адлу додро пеш намегирифт.


Мавзӯи пурраро инҷо бихонед >> “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ.

Қаблӣ“Махзан-ул-асрор”-и Низомии Ганҷавӣ – Хамса.
БаъдӣДостони “Лайли ва Маҷнун”-и Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед