Аризаи падар барои фарзанд баъди хатми синфи 9 барои колеҷ, литсей (тарзи навиштан)

Ба директори МТМУ №6 н. Ҷайҳун
аз ҷониби
__________________________________
(ному насаби аризадиханда)
падар (модар)-и хонандаи синфи 9 «___»
________________________________
(ному насаби хонанда)

АРИЗА

Ман, _________________________________, падар (модар)-и хонандаи синфи 9 « » ________________________________, бо аризаи мазкур иттилоъ медиҳам, ки баъди хатми синфи 9 фарзанди худро барои идомаи таҳсил ва касбомӯзӣ ба ____________________________________________ (коллеҷ, литсей ё дигар муассисаи таълимӣ) равона менамоям.

Дар давоми солҳои таҳсил муассисаи таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш, риояи интизоми дохилӣ, фарҳанги муошират ва иҷрои талаботи Оинномаи муассиса чораҳои зарурии таълимию тарбиявиро амалӣ намуд. Бо вуҷуди ин, фарзанди ман на ҳамеша талаботи қоидаҳои дохилии муассиса, интизоми хонандагӣ ва тавсияҳои омӯзгорону роҳбарияти муассисаро пурра иҷро менамуд.

Аз ҷониби роҳбари синф, омӯзгорони фаннӣ, равоншинос ва маъмурияти муассиса бо иштироки волидон якчанд маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ гузаронида шуданд, аммо натиҷаи дилхоҳ пурра ба даст наомад.

Бо дарназардошти манфиати фарзанд ва бо мақсади соҳибкасб гардидани ӯ, қарор намудам, ки таҳсили минбаъдаи фарзанди худро дар муассисаи дигари таълимӣ идома диҳад.

Мутобиқи моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» масъулияти таълиму тарбия, назорат ва фароҳам овардани шароити таҳсил барои фарзандро пурра ба зимма мегирам.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҳуҷҷатҳои фарзанди маро тибқи тартиби муқарраргардида барои идомаи таҳсил дар муассисаи дигари таълимӣ омода намоед.

Сана: « » ___________ 2026 с.

Имзои падар (модар): ____________ном насаб: __________________________

Рақами телефон: ______________________________


Боргирӣ кардани файли doc (Word)

ҚаблӣРубоиёт аз Озар Салим
БаъдӣДили шикастатаринам — Ба имоми аъзам Абӯҳанифа (шеър)