12 иштибохе, ки дусти ва рафокатро аз байн мебарад.

1. Бетафовутӣ – аз ҳамон ҷое оғоз мешавад, ки дигар ҳоли ҳамдигар бароят муҳим нест.
2. Сукутҳои иштибоҳ. Ҳарф назадан ҳамеша нишонаи фаҳм нест, гоҳе нишонаи фосила аст.
3. Набуди садоқат. Рафоқате, ки дар он ҳақиқат гуфта нашавад, давом намеоварад.
4. Ҳасодати пинҳон. Вақте натавонӣ аз муваффақияти дӯстат хушҳол шавӣ, яъне чизе дар дарунат дуруст нест.
5. Робитаи яктарафа. Рафоқат ҷое нест, ки фақат як нафар талош кунад.
6. Шикастани эътимод. Эътимод сутуни рафоқат аст, вақте бишканад, ҳама чиз фурӯ мерезад.
7. Қазовати аҷулона. Шунидан бидуни фаҳмидан бузургтарин зулм дар ҳаққи як дӯст аст.
8. Худбартарбинӣ. Агар ҳамеша худро дуруст бидонӣ, ҷое барои рафоқат боқӣ намемонад.
9. Набудан дар сахтиҳо. Рафиқи воқеъӣ дар рӯзҳои сахт шинохта мешавад, на дар лаҳзаҳои роҳат.
10. Нотавонӣ дар узрхоҳӣ. Касе, ки «бибахшед» гуфтан балад нест, нигоҳ доштани инсонҳоро ҳам балад нест.
11. Фаромӯшӣ. Одамҳоро аз ёд мебарӣ ва баъд тааҷҷуб мекунӣ, чаро аз ту дур шуданд.
12. Талош накардан. Ҳеч робитае бидуни заҳмат, бидуни таваҷҷуҳ, бидуни муроқибат… боқӣ намемонад.
Рафоқат ҳарф нест, рафтор аст.
✍🏻 Муҳаммадмилоди Камол
Аз саҳифаи телеграмии Вораста



















