Интихоб кардӣ, афсӯс махӯр!

Устуворӣ, мустаҳкамӣ ва иродаи қавӣ яке аз табиат ва хислати хоси мӯъминон аст. Барои ту лозим аст эй бародар ҳар вақте кореро аниқ бидонӣ, ки амалишаванда аст ва бештари гумонат ғолиб ояд, яқин гардад, ки ту аз он зараре намебинӣ, пас ба он кор иқдом намо.

Аз сират ва ҳаёти одамон маълум мешавад, ки ҳайрат ва тараддуд аз ҳар тараф мешавад. Лекин аксаран дар чор мавзеъ мебошад:

1.Ҷавон дар дарс ва ихтиёри тахассус намедонад, ки ба кадом қисм дарояд. Аз ин як муддат ҳайрон мегардад. Медонам донишҷӯёнеро, ки бо ин ҳайрат ва тараддуд солҳояшонро гум кардаанд. Ба факултае дохил мегарданд, як ду сол мехонанд, маъқул намешаванд ба факултаи филология шомил мешавад, он ҷо каме боқӣ мемонад, сипас ба иқтисод медароянд, он ҷо низ намефораду ба факултаи тиб медарояд. Ҳамин тавр, умраш беҳуда мегузарад. Агар пеш аз он, ки ба факултае шомил мешаванд, маслиҳат кунанд, Худоро бипурсанд, ки барои ӯ роҳи ҳалли масъаларо ато кунад ва ба роҳи безарар раҳнамояшон созад, дар аввали корашон эҳтиёт кунанд, пас шак нест, ки дар он сурат ба як тахассуси муайяне ноил мегардад.

Пас аз интихоб намудани тахассуси муайян афсӯс хӯрдан ба кор намеояд. Шояд, дар он ихтисосе, ки имрӯз ҳавас мекунӣ (ки шояд дар он ихтисос мехондам) зиёдтар ҳаваси ихтисоси имрӯзаатро мекардӣ. Пас, афсӯс махӯр, чунки интихоби худи туст!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2.Амали муносиб. Фард намедонад бароя кадом амал муносиб аст. Ба вазифае мечаспад, пас онро тарк мекунаду ба ширкате медарояд, пас он ҳам хушаш намеояд, ба тиҷорат даст мезанад, аз ӯҳдаи он низ намебарояд ва билохира ба нобудиву камбағалӣ рӯбарӯ гардида, дар сафи бекорон қарор мегирад. Барои ин ашхос мегӯем, агар дар коре барои ту дари ризқ кушода шавад, ҳамонро мустаҳкам дор. Касе кореро бо устуворӣ часпид, касби ризқ барои ӯ осон мегардад.


3.Зан гирифтан. Бештар вакт ҷавонон вақти ихтиёри зан дар изтироб меафтанд ва ҳайрату тараддуд онҳоро фаро мегирад,. Мегӯянд, инаш нозебост, ваяш бемаънӣ, саввумӣ ҳаё надорад ва ба ҳамин ҳол муддате аз умри онҳо бар аббас мегузарад. Ё баъзе вақт дар ихтиёри зангирӣ фикрҳои пайвандон гуногун мешавад, онеро, ки падар мехоҳад, писар хуш намекунад, оне, ки писарро писанд аст, модар хуш надорад. Барои чунин одамон мегӯям, ки ягон сифатро пеш наоранд, магар сифати ягона, ки он роҳати онҳост ва он соҳиби дину хулқи хуб будани номзад аст. Модоме, ки диндор аст, хулқу рафтори хуб дорад, пас таваккал бикун ва ӯро ба занӣ бигир. Зеро масъалаи издивоҷ масъалаи хариду фурӯш нест, ки имрӯз мисли пойафзоле бихарӣ ва агар пагоҳ писандат наояд ва ё бо ту мувофиқат накунад, бурда ба мағоза супорида, ба ҷояш дигарро бигирӣ.


4.Масъалаи талоқ. Ин корест, ҳайратовар, зеро ҳамсаронеро мебинӣ, ки рӯзе ҷудо шудаанд ва рӯзи дигар боз зиндагӣ карда истодаанд. Шояд борҳо талоқу оштӣ мешаванд. Ба Худо ва шариати поки Ӯ бозӣ карда намешавад, чуноне бо тифлакон бозӣ мекунанд. Умр як бор аст, рӯзҳои рафта дигар барнамегарданд, соатҳо такрор намешавад. Модоме, интихоб кардӣ, пас афсӯс махӯр!

ҚаблӣАДАБ – Хазинаи маърифат
БаъдӣМафҳуми алгоритм. Хосиятҳои алгоритм

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед