Азнавтарбиякунии кудакони душвортарбия.
Бо истифодабарии методҳои дар боло зикр шуда кӯдакони душвортарбия муайян карда мешаванд. Ёдовар шудан ҷоиз аст, ки дар синфҳои ибтидоии тоҷикии мо теъдоди зиёди кӯдакони душвортарбияро талабагони душвортаълим ташкил медиҳанд. Сабаби душвортаълимии онҳо, пеш аз ҳама, дар синни томактабӣ ба мактаб ба таври бояду шояд тайёр накардани оилаҳост. Ин аз камтаҷрибагӣ ва бепарвоии бархе аз волидайн ва калонсолони оила сар мезанад.
Чунонки роҷеъ ба ин масъала дар синни томактабӣ маълумот дода будем, яке аз сабабҳои душвортаълимии кӯдакон аввало аз камзахирагии фонди луғавӣ ва аз нокифоягии инкишофи нутқи онҳо бошад, аз ҷиҳати дигар, ба мактаб ҳавасманд нагардонидани онҳо мебошад. Ниҳоят кӯдак то панҷсолагӣ, ки ин айёми басо муҳими захирағундории дониш ва фонди луғавӣ аст, аз муомилаи нодурусти калонсолон камнасиб гаштааст, бо «бағочи» нокифоя ба мактаб омадааст. Аз ин бобат дар таълим карахтӣ мекунад, маънои чизи шунида ва хондаашро намефаҳмад, аз ҳамсабақонаш ақиб мемонад. Оқибат ӯ баъзан дар назди ҳамсолонаш хиҷолат кашида, феълаш мекоҳад ва гарданшахӣ мекунад.
Душвортарбия онҳое мебошанд, ки дар рафтор дилозоранд, ҷанҷолу низоъ ва дашномдиҳиро дӯст медоранд, ҳатто кӯдаконе ёфт мешаванд, ки носу сигор мекашанд, машрубот менӯшанд, дурӯғгӯи фиребгаранд ва ғ. Ҳамаи ин аз беназоратӣ, аз беандешагии аҳли оила ва муҳити носолими ягон гурӯҳ сар мезанад. Ин қабил кӯдакон ғамхорию ҳамкорӣ, таҳаммулу устувории муаллимро тақозо мекунад. Барои он ки онҳо аз нав тарбия карда шаванд, аввало сабабҳои душвортаълимӣ ва душвортарбиягии онҳоро бояд муайян кард, яъне ташхиси мушаххаси педагогӣ бояд гузошт. Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки талабагони душвортаълиму душвортарбияро дар синфҳои ибтидоӣ ислоҳ кардан осонтар аст нисбат аз синфҳои мактаби асосӣ ва синни калони мактабӣ. Чунки дар кӯдакони хурдсол решаҳои носолим ҳоло чуқур нарафтаанд. Бо вуҷуди ин онҳо заҳмату меҳрубониҳои зиёду тӯлонии роҳбари синфро мепарваранд.
Муаллимон бо маҳорати баланди педагогӣ, ҳамкории беғаш, ҳар пешравии онҳоро қадркунон бо серталабии оқилона ислоҳ мекунад.
Дар ислоҳи рафторҳои ношоям ҳамаи муаллимон, волидайни кӯдакон, фаъолони синф, кумитаи хонандагон, созмонҳои талабагӣ, кумитаи волидайни синф, ҷои кори падару модарон бояд мададрасонӣ кунанд, то ки онҳо сари вақт ислоҳ пазиранд. Дар ислоҳи талабагони душвортарбия муносибати хуши роҳбари синф ва муоширати педагогӣ, ҳамчунин барои онҳо шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст.