Давлатхои форсизабон. Ахоли. Таъсиси давлати Хахоманишиён. Забткорихои Куруши II. Иктибос аз навиштачоти Бехсутуни Дорои I.
Аҳолӣ
Дар замонҳои қадимтарин дар марзи имрӯзаи Эрон қабилаҳои ориёӣ зиндагӣ мекарданд. Баъдтар ба он ҷо қабилаҳои дигap низ омада сокин шуданд. Дар асрҳои минбаъда аз онҳо халқҳои форсизабон ба вуҷуд омадаанд. Ориёиҳо ба чорводорӣ ва зироатпарварӣ машғул буданд. Қабилаҳои ориёӣ аз се табақа коҳинҳо, ашроф ва аҳли соҳибихтиёри ҷомеа, чорводорону зироатпарварон ва косибон иборат буданд.
Роҳбарони қабилаҳои ориёӣ пешвоён ва подшоҳон буданд. Ҳокимияти онҳо хеле мустаҳкам буд. Қабилаҳо одатан аз байни худ роҳбаронро интихоб мекарданд. Мартабаи пешвои қабила ва шоҳ меросӣ ҳам буд. Пешвоён ва шоҳони қабилаҳо бо ҳамроҳии шӯрои қабила ҳамаи масъалаҳои қабиларо ҳаллу фасл мекарданд. Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод бо мақсади ҳимоя аз ҳуҷумҳои сершумори қабилаҳои ҳамсоя қабилаҳои ориёии эронӣ иттифоқи қабилаҳоро ташкил намуданд. Дар баъзе минтақаҳои Эрон аз ин ҳам пештар иттифоқҳои қабилаҳои ориёӣ таъсис ёфта буданд. Онҳо давлатҳои аввалини қадимтарини мардуми форсизабонро таъсис додаанд.
Таъсиси давлати Ҳахоманишиён
Ба иттифоқи қабилаҳои эронӣ на ҳама вақт муяссар мешуд, ки худро аз ҳуҷумҳои душманон муҳофизат карда тавонанд. Барои ҳамин, ба онҳо лозим меомад, ки иттифоқҳои қабилаҳояшонро калонтару мустаҳкамтар кунанд. Қабилаҳои сершумори хурд бо ихтиёри худ ба иттифоқи қабилаҳои пурзӯртар якҷоя шуда, онҳоро боз ҳам пурқувваттар мегардонданд. Сохти ин иттифоқҳои қабилаҳо ба сохти давлатӣ монанд мешуд.
Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод дар Форс давлате бо номи Ҳахоманишиён таъсис меёбад. Асосгузори ин давлат Куруши II шумурда мешавад, ки солҳои 559–530 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст. Номи давлат аз номи сулолае, ки Куруш ба он тааллуқ дошт, гирифта шудааст. Kypyш худро «шоҳи Ашан» ва «шоҳи Порсу», яъне шоҳи Форс меномид. Барои васеъ кардани давлати худ Куруши II бар зидди шоҳи Мод – Астиаг ҷанг кард ва пойтахти он шаҳри Экбатон (Ҳамадон)-ро забт карда, тобеи давлати худ мегардонад. Ғалабаи Куруши II бар шоҳи Мод аз он сабаб осон гардид, ки халқи он бар зидди шоҳ Астиаг шӯриш бардошта буд. Мувофиқи ривояте, шӯришгарон шоҳи худ Астиагро дастгир карда, ба Куруш месупоранд. Вале Куруши II ӯро қатл накарда, баръакс, ба мартабаи баланд мушарраф мегардонад. Баъди забти Мод Куруши II ҷангҳои истилогаронаи худро давом дода, Арманистон ва Кападокияро забт мекунад. Баъд аз ин Куруш нияти ҳуҷум ба Бобулро кард. Шоҳии Бобули Нав дар давраи ҳукмронии Навуходоносори II ба давлати пуриқтидор табдил ёфта буд.
Барои ҳамин, забти он кори осон набуд. Мушкилии забти Бобул дар он буд, ки шоҳи Лидия – Крез ва шоҳи Миср – фиръавн Яхмоси II бо ҳамроҳии Бобул бар зидди давлати Форс иттифоқ баста буданд. Барои ҳамин Куруш аввал ҳокимияти худро дар Осиёи Ғарбӣ ва махсусан дар Осиёи Хурд мустаҳкам карда, одамон ва дороии давлатҳои ишғолкардаро барои мустаҳкам намудани давлат ва лашкари худ истифода бурд. Куруши II аввал давлати заифтари ин иттифоқ – Лидияро торумор ва ба давлати худ ҳамроҳ мекунад. Баъд тамоми қувваро бар зидди Бобул равон кард. Миср ба Лидия ва Бобул ёрӣ нарасонд. Дар ин ҳолат Куруш бо мушкилии на он қадар зиёд Бобулро ҳам ишғол кард.

Куруш ба ин қаноат накарда, мамлакатҳои зиёди дигарро ҳам забт намуд ва империяи бузурги Ҳахоманишиёнро ташкил кард. Баъд аз марги Куруши II ба тахти подшоҳии Ҳахоманишиён писари ӯ Камбиз менишинад (530–522 п.а.м.) . Дар давраи ҳукмронии вай дар мамлакат ошӯбҳои бисёре cap мезананд. Баъзе вилояту давлатҳои забткардашуда аз ҳайати давлати Ҳахоманишиён мебароянд. Ба Камбиз лозим омад, ки барои пахш кардани шӯришҳои сершумор вақти тӯлонӣ ва қувваи зиёд сарф кунад. Ӯ баъди ба мақсад ноил шуданаш қувва ҷамъ карда, соли 526 пеш аз милод ба Миср лашкар мекашад. Ҳангоме ки лашкари Ҳахоманишиён ба Миср наздик мешуд, шоҳи он Яхмоси II ногаҳон вафот мекунад. Ба тахти фиръавнии Миср Псамтики III менишинад, вале ба ӯ муяссар намешавад, ки Мисрро аз истилои форсҳо наҷот бидиҳад. Лашкари мисриҳо дар наздикии Полузия ва Мемфис аз форсҳо сахт шикаст мехӯрад.

Ҳамин тариқ, Камбиз Мисрро истило мекунад. Баъди вафоти Камбиз ба тахти подшоҳии давлати Ҳахоманишиён Дорои I менишинад (соли 522 – 486 пеш аз милод) . Ӯ барои пуриқтидор шудани давлати Ҳахоманишиён ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ медиҳад, лекин ин ба вай муяссар намешавад.
Империяи бузурги Ҳахоманишиёнро солҳои 334–327 Искандари Мақдунӣ шикаст дода, аз байн бурдааст. Ёдгориҳои замони Ҳахоманишиён дар устони Форси Эрон бо номи “Тахти Ҷамшед” боқӣ мондааст. Мақбараи сангии Куруши II дар дашти Марғоб, дар маҳалли Посоргорд, воқеъ аст.
Сарчашма
1.Забткориҳои Куруши II
Маликаи массагетҳо ҳамсари шоҳи марҳум буд. Ӯро Томирис меномиданд. Куруш ба назди Томирис хостгор фиристод ва иброз дошт, ки ӯро ба занӣ мегирад. Вале Томирис фаҳмид, ки Куруш хостгори вай набуда, даъвои шоҳи массагетҳо шуданро дорад. Бинобар ин, дархости Курушро рад кард. Баъд аз он ки Куруш бо роҳи фиребу найранг ба мақсад ноил шудан муяссар нагардид, бар зидди массагетҳо лашкар кашид. Барои гузаштан аз дарёи Аокс (Ому) Куруш фармуд, ки пулҳои хингӣ созанд ва дар киштиҳо, ки вазифаи пулҳоро иҷро мекарданд, манораҳо бино кунанд. Ҳангоме ки лашкари Куруш ба ин корҳо машғул буд, Томирис тавассути қосид ба Куруш чунин суханонро расонд: «Шоҳи Мод! Аз ниятат баргард! Охир, ту пешакӣ намедонӣ, ки бунёди ин пулҳо ба ту фоида меоваранд ё не. Ба ҳоли худ гузор онро, дар мамлакати худ салтанат рон, ба ҳукмронӣ,бар мамлакати мо ҳасад набар…»
Томирис, вақте фаҳмид, ки Куруш ба маслиҳати ӯ аҳамият намедиҳад, бо тамоми лашкари худ ба қаламрави форсҳо ҳуҷум мекунад. Сарчашмаҳо баёнгари онанд, ки рақибон дар рӯ ба рӯйи ҳамдигар истода, бо камон тирпарронӣ мекарданд. Баъди тамом шудани захираи тири пайконҳо, бо ханҷару найзаҳои худ ба ҷанги тан ба тан гузаштанд. Муддати тӯлонӣ рақибон ҳамдигарро кӯфтанд, ҳеҷ кадоме ақибнишинӣ карданӣ набуд. Ниҳоят массагетҳо дастболо шуданд. Қариб ҳамаи лашкари форсҳо дар майдони набард ҳалок гардиданд, худи Куруш ҳам ҳалок шуд. Ӯ ҳамагӣ 29 сол салтанат ронда буд. Томирис бошад, машкеро бо хуни инсон пур карда, дар болои ҷасади беҷони Куруш чунин гуфт: «Ту маро шикаст додӣ, гарчанде ки ман зинда монда, дар набард бар ту ғолиб омадам, зеро бо ҳилаю найранг писари маро ба даст даровардӣ. Барои ҳамин, акнун ман, чи тавре ки таҳдид карда будам, туро аз хун сер мекунонам».
2. Иқтибос аз навиштаҷоти Беҳсутуни Дорои I
Комбиз, писари Куруш, аз авлоди мо, дар ин ҷо подшоҳ буд. Комбиз бародаре дошт, ки ӯро Бардӣ меномиданд ва ҳар ду аз як падару модар буданд. Камбиз Бардиро қатл кард… халқ аз кушта шудани Бардӣ бехабар буд. Баъд Камбиз ба Миср равон шуд. Ҳангоми ба Миср рафтани Камбиз халқ ба қаҳру ғазаб омад. Дар мамлакат, дар Форс, дар Мод ва мамлакатҳои дигар зиддиятҳои бузург ба амал омад.
Баъд шахси ҷодугаре бо исми Гаумата пайдо шуд. Ӯ дар Пишияувад, дар назди кӯҳҳои Аракадриш шӯриш бардошт… Мардумро ӯ чунин фиреб медод: «Ман – Бардӣ, писари Куруш, бародари Камбиз…». Он замон тамоми халқ исён бардошта, аз Камбиз рӯ тофта, ба тарафи ӯ гузашт; ҳам Форс, ҳам Мод, ҳам мамлакатҳои дигар. …Сипас ба номи Аҳурамаздо ибодат кард. Аҳурамаздо ба ман мадад кард… Шоҳигарии ӯро ман ғасб намудам. Бо хоҳиши Аҳурамаздо ман подшоҳ шудам. Аҳурамаздо ба ман шоҳигариро дод.
Шоҳигарие, ки аз авлоди мо ғасб карда шуда буд, баргардондам, онро дар шакли аввала аз нав барқарор намудам. Ман ба халқ молу амволи ӯро баргардондам: чорво, ашёи хона, мулкҳои авлодӣ, ки онро Гауматаи ҷодугар ғасб карда буд. Ман мамлакатро аз нав барқарор карда, ба шакли аввала овардам, ҳам Форсро, ҳам Модро ва ҳам мамлакатҳои дигарро. Он чӣ ки рабуда шуда буд, баргардондам. Бо хоҳиши Аҳурамаздо ин корро кардам. Ман ба он муваффақ шудам, ки бино (тахту тоҷ)-амон дар ҷойи аввала аз нав барқарор карда шавад, то ки Гауматаи ҷодугар тахту тоҷи моро аз худ карда натавонад.
Савол ва супоришҳо
- Дар бораи қабилаҳои Эрони қадим ва зиндагии онҳо маълумот диҳед.
- Давлати Ҳахоманишиён кай ва чӣ тавр ташкил ёфт?
- Дар бораи Куруши II чиҳо медонед?
- Куруши II давлати Модро чӣ тавр забт кард?
- Куруш давлатҳои Бобул ва Лидияро кай забт кард? Ӯ дар ин роҳ аз кадом усул истифода бурд?
- Томирис бар Куруши II чӣ тавр ғалаба кард?
- Комбиз Мисрро кай ва чӣ тавр ишғол кард?
- Дар навиштаҷоти Беҳсутун кадом воқеа аз таърихи Ҳахоманишиён инъикос ёфтааст?
- Дорои I кай ба сари қудрат омадааст?