Якчанд шеър ва байтҳои панду ахлоқӣ аз устоди бузург Абулқосим Фирдавсӣ меорем. Оиди зиндагиномаи устод инҷо хонед: Абулқосим Фирдавсӣ<<
Байтҳо аз Фирдавсӣ
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
Хирад афсари шаҳрёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Маёсой з-омӯхтан як замон,
Зи дониш маяфган дил андар гумон.
Ба манзил расид, он ки гӯянда буд,
Беҳӣ ёфт он кас, ки ҷӯянда буд.
Ба фардо мамон кори имрӯзро,
Бари тахт маншон бадомӯзро.
Аз имрӯз коре ба фардо мамон,
Чӣ донӣ, ки фардо чӣ созад замон?!
Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи кажжӣ батар ҳеч андеша нест.
Машав дар ҷавонӣ харидори ганҷ,
Ба беранҷ кас ҳеҷ манмой ранҷ.
Ин маводҳо ҳам шояд писандатон оянд: |