Давлатхои форсизабон. Ба вучуд омадани давлати Мод. Пурзур шудани давлати Мод. Бархам хурдани давлати Мод.
Ба вуҷуд омадани давлати Мод
Тахминан дар асри IX пеш аз милод дар тарафи ҷанубу ғарбии баҳри Хазар (Каспий) давлати мустақили Мод ба вуҷуд омадааст. Дар дастхатҳои асри IX-и Ошур гуфта мешавад, ки шоҳҳои Ошур ба ин мамлакат борҳо лашкар кашида, аз он ҷо ғанимат ва асирони зиёд ба даст овардаанд. Соли 835 пеш аз милод яке аз шоҳони Ошур – Саламанасари III ба Мод ҳуҷум мекунад. Шоҳи дигари Ошур Асархаддон низ ба давлати Мод ҳуҷум карда, онро тороҷ менамояд. Ин мисолҳо дар бораи дар ин давра вуҷуд доштани давлати Мод шаҳодат медиҳанд. Аз рӯйи сарчашмаҳои сершумори хаттӣ ва ёдгориҳои дигари фарҳангии ин давра маълум мегардад, ки дар байни давлатҳои Ошур, Бобул ва Мод муддати дуру дароз робитаҳои хоҷагию фарҳангӣ ва тиҷоратӣ вуҷуд доштааст. Аз ин робита давлати Мод фоидаи зиёде мебардоштааст. Мувофиқи маълумоти муаррихи Юнони қадим Ҳеродот, давлати Мод умри дуру дароз дида будааст. Ҳеродот менависад, ки шоҳи Мод Дейока, «Модро маҷбур кард, ки шаҳри ягона барпо кунанд» ва «халқи Модро якҷоя кард». Дейока қабилаҳои Модро дар як давлат муттаҳид карда, баъд шаҳреро бо номи Экбатон (Ҳамадон) бино мекунад.
Шоҳи дигари Мод – Фраорт форсҳо ва баъзе халқҳои дигарро мағлуб мекунад. Ӯ ҳатто ба муқобили давлати пуриқтидори Ошур ҳам лашкар кашида будааст.
Пурзӯр шудани давлати Мод
Шоҳи Мод–Киаксар дар давлатдорӣ аз таҷрибаи давлати ошурҳо истифода бурд. Ӯ ислоҳоти ҳарбӣ гузаронд, лашкарро аз рӯйи намуди силоҳ ба ҷузъу томҳои алоҳида ҷудо кард ва машқ медод. Дар лашкар дастаҳои махсуси найзадорон, камонварон ва саворагонро таъсис дода буданд. Лашкари савора имконият дошт, ки ба ҷониби душман ҳаракат карда, зарбаи ногаҳонӣ ва ҳалокатовар занад.
Дар асри VII ва аввали асри VI пеш аз милод дар давлати Мод хоҷагӣ ва тиҷорат рушд кард. Шаҳрҳо обод шуд, шаҳрҳои нав бино ёфтанд. Дар бозорҳои он дуконҳои зиёди косибӣ мавҷуд буданд. Косибон молҳои гуногун истеҳсол мекарданд. Тоҷирони Мод бо давлатҳои хориҷӣ ҳам тиҷорат мекарданд. Дар ин давра давлати Мод ба мамлакати пуриқтидор табдил ёфт, обрӯйи байналмилалии он афзуд. Баъзе давлатҳои пурзӯр бо ин давлат ҳамкорӣ карда, иттифоқи ҳарбӣ ҳам мебастанд.
Киаксар ноҳияҳои кӯҳии Форс, Кападокия ва Арманистонро ба давлати Мод ҳамроҳ мекунад. Ӯ ба муқобили давлати Лидия 5 сол ҷангида, оқибат онро мағлуб кард. Дар ин бора файласуфи Юнони қадим Фалес маълумот медиҳад. Вай менависад, ки ҳангоми яке аз задухӯрдҳои байни модҳо ва лидиён гирифтани офтоб ба амал омад. Аз рӯйи ҳамин далели Фалес олимон ҳисоб карда баромадаанд, ки ҷанги мазкур соли 585 пеш аз милод ба амал омадааст.
Ҳамин тариқ, дар харобаҳои давлати Ошур ва баъзе давлатҳои дигар давлати пуриқтидори нав – Мод (Мидия) ба вуҷуд омадааст.
Шоҳи Мод Киаксар шахси доно буд. Ӯ дар кори ҳифзи музаффариятҳои ҳарбии худ бо шоҳони давлатҳои хориҷӣ хешутаборшавиро хуб истифода мебурд. Масалан, Киаксар духтари худро ба шоҳи Бобул Навуходоносори II ба шавҳар медиҳад. Писараш Астиагро ба духтари шоҳи Лидия хонадор мекунад.
Барҳам хӯрдани давлати Мод
Шоҳи машҳури Мод Киаксар соли 584 пеш аз милод вафот кард. Баъд аз сари ӯ давлати Мод рӯ ба таназзул мениҳад. Астиаг шоҳи охирини Мод буд. Ӯ 30 сол подшоҳӣ кардааст. Давлати Мод аз давлати Ҳахоманишиён шикаст мехӯрад. Асосгузори ин давлат Куруш, аз ҷумла дар харобаҳои давлати Мод давлати нав барпо мекунад, ки он империяи Ҳахоманишиён номида мешавад.
Савол ва супоришҳо
- Давлати Мод кай ва чӣ тавр ташкил ёфтааст?
- Ҳеродот дар бораи ба вуҷуд омадани давлати Мод чӣ маълумот медиҳад?
- Шоҳҳои Мод давлати худро чӣ тавр пуриқтидор менамуданд?
- Дар бораи забткориҳои модҳо нақл кунед.
- Киаксар кӣ буд?
- Киаксар барои мустаҳкам кардани давлати худ аз кадом воситаҳо истифода мебурд?
- Давлати Модро кай ва кадом давлат барҳам дод?