Вазифаҳои узви босира (чашм). Пешгирӣ кардани иллати босира

Бахшҳои ин мавзӯъ:  Вазифахои узви босира. Пешгири кардани иллати босира. Сабабхои иллати босира. Ёрии аввалин хангоми зарар дидани чашм. Гигиенаи босира.


Сабабҳои иллати босира

Одам ашёро аз масофаи наз дик ва дур як хел ва ба хубӣ мебинад. Ин пеш аз ҳама ба барҷаста шудани булӯраки чашм вобаста аст.

Аксар вақт одамон ба иллатҳои босиравӣ – наздикбинӣ ва дурбинӣ дучор мешаванд. Одамони наздикбин ва дурбин ҷисмро норавшан мебинанд. Одамони наздикбин ашёи дурро, одамони дурбин ашёи наздикро хира мебинанд. Сабаби наздикбинии модарзодӣ ба дарозрӯя шудани ғӯзаи чашм вобаста аст. Ҳангоми дурбинии модарзодӣ ғӯзаи чашм фурӯхамида аст.

Дурбинӣ дар натиҷаи суст шудани қобилияти каҷиро тағйир додани булӯрак ба вуҷуд омада, бештар дар байни одамони калонсол мушоҳида мешавад. Одамоне, ки гирифтори ягон иллати чашманд, мувофиқи фармоиши духтур айнаки шишаҳояш махсус мегиранд.

Ёрии аввалин ҳангоми зарар дидани чашм

Беэҳтиётӣ ва истифода бурда натавонистани асбобҳои рӯзғор (чойҷӯшонаки барқӣ, тезпазак, сифони оби газдор) мумкин аст боиси захми вазнини чашм гардад. Беэҳтиёткорона мех задан, сим буридан, ҳезум шикастан ҳам ба ҷароҳатнок шудани чашм сабаб шуда метавонад. Зеро ашёи захмдоркунанда одатан ифлос буда, мумкин аст чашм аз он ҷароҳат сироят ёбад ва одам қисман ё тамоман нобино шавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Корҳои барои чашм хатарнокро бо айнаки шишаҳояш муқаррарӣ иҷро кардан лозим аст. Вай ҳар як зарбаро суст карда, чашмро аз дохил шудани моддаҳои кимиёвӣ эмин нигоҳ медорад. Агар нохушие рӯй диҳад, ёрии аввалин расонда тавонистан лозим аст.

Агар ба чашматон гарде дарояд, чашматонро шуста гардро бо пахта ё дастрӯймол тоза карда, аз пилки чашматон бароред. Пеш аз ҳама дастатонро шӯед.

Ҳангоми латхӯрӣ ба чашм пахта ё дастрӯймоли тозаи ба оби хунук таркардаро гузоред.

Дар вақти сахт осеб дидани чашм (дар сурати даридани пардаи он) онро шустан ё кӯшиши гирифтани ҷисми бегона хатост. Дар ин ҳол чашмро бо бандинаи тоза баста, ҷабрдидаро ба беморхона фиристодан лозим аст. Ёрии дуруст оқибати вазнини захм ва нобиноиро пешгирӣ мекунад.

Ҳангоми ба чашм афтидани ишқор, кислотаҳо, моддаҳои заҳрнок зуд чашмро бо оби тозаи равон 15-20 дақиқа шуста, ҳатман ба духтур муроҷиат бояд кард.

Гигиенаи босира

Матни чопӣ ё дастнависро аз наздик муоина кардан норавост. Дар чунин маврид булӯрак муддати дароз дар ҳолати барҷаста мемонад, ки ин ба чашм зӯр оварда, наздикбиниро инкишоф медиҳад.

Ҳангоми хондан, навиштан, дарздӯзӣ ё ягон кори дигар чизҳоро аз чашм дар масофаи 30-35 см бояд дур нигоҳ дошт. Ҷойи кор бояд ба қадри кофӣ равшан бошад. Ҳангоми хатнависӣ равшанӣ бояд аз тарафи чап бошад.

Барои варзиши чашм машқҳои махсусро иҷро кардан зарур аст. Одитарини онҳо чунин аст: сарфи назар аз ягон нуқтаи тиреза, гоҳ ба дурӣ ва гоҳ ба ҳамон нуқта бо навбат нигоҳ бояд кард. Ин хел машқ додани чашмро баъди ҳар як соат 3-4 дақиқа иҷро бояд кард, ки он барои хонандагони гурӯҳҳои рӯзаш бардавом тавсия мешавад.

Равшании аз ҳад зиёд ретсепторҳои чашмро сахт ба ангезиш оварда, ба он зарар мерасонад. Аз ҳамин сабаб, дар рӯзгор ва истеҳсолот манбаъҳои рӯшноии баландро бо чароғсарпӯши тирашиша мепӯшонанд. Нури офтоб ҳам ба чашм таъсири манфӣ мерасонад. Пӯлодгудозону кафшергарон чашмонашонро аз барқи чашмбаранда ва пош хӯрдани резаҳои оҳани гудохта бо айнаки махсус муҳофизат мекунанд.

Ҳангоми роҳравон ё дар даруни нақлиёт китоб хондан аз таконҳои доимӣ китоб меларзад. Дар ин ҳол булӯрак мунтазам калону хурд шуда, дар натиҷа қувваи босира суст мегардад. Дароз кашида хондан ҳам ба қувваи босира зарар мерасонад.

Суст шудани қувваи босира аз сабаби дар организм нарасидани витамини А низ ба амал меояд. Сигоркашӣ ҳам ба қувваи босира таъсири манфӣ мерасонад. Никотин ва дигар заҳрҳои тамоку баъзан боиси сахт зарар дидани асаби босира мегарданд.

Ҳангоми шамоли сахт ҳам мумкин аст ба чашм микробҳои бемориовар дохил шаванд. Баъзан ба чашм микробҳо аз дас тони ифлос, сачоқ ё дастрӯймоли ифлос дохил шуда, боиси бемории илтиҳоби мултаҳима (конънктивит) мегардад.

Бемориҳои сирояткунандаи чашм аксар вақт қувваи босираро вайрон ва одамро ҳатто кӯр мекунанд. Бинобар ин, чашмҳоро аз гарду чанг муҳофизат намуда, фақат бо сачоқ ё дастрӯймоли хеле тоза пок кардан лозим аст.


Дониши худро санҷед:

  1. Наздикбинӣ ва дурбинӣ чист? Чӣ тавр онҳоро дуруст кардан мумкин аст?
  2. Ҳангоми ба чашм дохил шудани гарду чанг ва моддаҳои кимиёвӣ чӣ бояд кард?
  3. Чашмро аз бемориҳо чӣ тавр эҳтиёт бояд кард?
  4. Чаро ҳангоми хатнависӣ равшанӣ бояд аз тарафи чап бошад? 5. Сабаб чист, ки ҳангоми дар нақлиёт рафтан хондан мумкин нест?
  5. Дар кадом ҳолат қувваи биноии чашм кам мешавад?
  6. Никотин ва дигар заҳрҳои тамоку ба чашм чӣ таъсир мерасонанд?
ҚаблӣСохти узви босира (Чашм)
БаъдӣЁрии аввалин ҳангоми зарар дидани чашм