Диалектикаи раванди тарбия

Раванди трабия диалектикист. Ин бо он ифода меёбад, ки он мунтазам инкишофёбанда, динамикӣ, муттаҳаррик, тағйирёбанда аст, он бо таъсири тарбия мутобиқи синну сол ва талаботи замон инкишоф ёфта меистад. Аммо ин тавр ҳам мешавад, ки як воситаи тарбия дар як шароит ба яке таъсири зиёд, ба дигаре бефарқ мегузорад.

Диалектикаи раванди тарбия дар мухолифатҳои ботинӣ ва зоҳирӣ зоҳиру ошкор меёбад. Маҳз мухолифатҳо ҷараёни нерӯи динамикиро пайдо мекунанд. Яке аз асостарини мухолифати ботинӣ, ки дар тамоми ҳаёти шахсият арзи вуҷуд мекунад, пайравии мухолифати нав – қонеъгардонии имконияти он мебошад. Ин талаботи нав шахсро рӯҳафзоӣ намуда, барои ба он ноилшавӣ фаъол мегардонад, то ки рафтору муносибати худро ба он мувофиқ бинмояд. Майли ноилгардӣ ба ин сифатҳои нав аз шароитҳои гуногун вобастагӣ дорад: фаъолият, ҷуръат, вазъияти ҳаётии шахсият. Вазифаҳои тарбия ин дуруст ба роҳ мондани ташаккули шахсият, вале ин дар асоси донишҳои амиқ, мотивҳо, талабот, нақшаҳои ҳаётӣ ва арзандагии тарбия амали мегардад.

Мухолифатҳои зоҳирӣ ҳам ба майли натиҷаҳои раванди тарбия таъсири зиёд мерасонанд. Мухолифатҳои номуносиби байни мактабу оила нисбати баъзе талаботҳои педагогӣ, мухолифатҳои зиёди ахборот ба ин мисол шуда метавонанд. Биноан тарбиягар бояд ба мухолифатҳои ботину зоҳири дастпарварони худ эътибор диҳад, барои бартарафкунии онҳо чораҳои муфидона андешад, дар акси ҳол вай ба зоҳирпарастӣ дода мешавад. Мухолифату талаботҳо бояд дар сатҳи тайёрии тарбиягирандагон асос ёбанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣХусусиятҳои раванди тарбия
БаъдӣШахсияти тарбиягар – омили объекти тарбия (педагогика)