Мавзӯи 23. Мазмуни кори роҳбари синф

Мазмуни кори рохбари синф.


Зермавзӯҳо:

  1. Вазифаҳои амалии роҳбари синф
  2. Азнавтарбиякунии кӯдакони душвортарбия.
  3. Муаллими мактаби ибтидоӣ – поягузори илму дониш ва тарбия.
  4. Ҳамкории муаллимон ва роҳбарни синф бо падару модарон.
  5. Ба волидайн тарғиб намудани донишҳои педагогию психологӣ.

1.Вазифаҳои амалии роҳбари синф

Маъмурияти мактаб аз синфи панҷум то синфи ёздаҳум яке аз муаллимони дарсдиҳандаро роҳбари синф таъин мекунад, то ки ба танзими корҳои таълимию тарбиявӣ, нигаҳдорӣ ва пешбурди хуҷҷату санадҳои шахсии талабагон, кор бо волидайни онҳо ва ғайраҳо масъул бошад. Аммо дар синфҳои ибтидоӣ ҳамаи ин вазифаҳо бар дӯши муаллимон аст.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Азнавтарбиякунии кӯдакони душвортарбия.

Бо истифодабарии методҳои дар боло зикр шуда кӯдакони душвортарбия муайян карда мешаванд. Ёдовар шудан ҷоиз аст, ки дар синфҳои ибтидоии тоҷикии мо теъдоди зиёди кӯдакони душвортарбияро талабагони душвортаълим ташкил медиҳанд. Сабаби душвортаълимии онҳо, пеш аз ҳама, дар синни томактабӣ ба мактаб ба таври бояду шояд тайёр накардани оилаҳост. Ин аз камтаҷрибагӣ ва бепарвоии бархе аз волидайн ва калонсолони оила сар мезанад.

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Муаллими мактаби ибтидоӣ – поягузори илму дониш ва тарбия.

Муаллими мактаби ибтидоиро дар ҷомеа нафақат барои «муаллими аввалин» буданаш, ҳамчунин баҳри поягузориаш дар илму маърифат ва навниҳолони солим тарбия карданаш қадр мекунанд. Чунки таълиму тарбияи мақсадноки насли наврас аз ин сарчашмаи боэътимод оғоз мегирад. Муаллим ҳамчун роҳбари

синфи ибтидоӣ кӯшишу заҳмати зиёд ба харҷ дода, шогирдонашро аз ҷиҳати дониш ва аз ҷиҳати рафтору кирдор сазовори давру замон дар зинаи нави болоравӣ мегузорад.

Мавзӯро пурра хонед >>


4.Ҳамкории муаллимон ва роҳбарни синф бо падару модарон.

Зарурати ҳамкории муаллимони синфҳои ибтидоӣ нисбат ба роҳбарони синф зиёдтар аст. Ба ҳамагон аён аст, ки аз рӯзҳои аввалини ба мактаб омадани кӯдакон волидайнашон ба маслиҳату машварати муаллимон бештар ниёз доранд, зеро кори бомаслиҳат – салоҳи кор мебошад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»

Воқеан, барои волидайн машварати соҳибтаҷриба, мутахассиси таълиму тарбия – муаллим бениҳоят зарур аст. Бидуни дастгирӣ ва ёрии хайрхоҳонаи тарафайн баланд бардоштани фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии мактабиён натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.

Мавзӯро пурра хонед >>


5.Ба волидайн тарғиб намудани донишҳои педагогию психологӣ

Яке аз вазифаҳои басо муҳими мактаб ба шумор меравад. Зимни сӯҳбат, маърӯза, лексия, машварат ба онҳо оиди инкишофу хусусиятҳои хоси тарбияи кӯдакон ва роҳҳои муомилакунӣ бо онҳоро бояд ба падару модарон омӯхт, то ки дар хонадонҳо бо кӯдакон дар ҳар синнну сол чӣ тавр муомила карданро донанд. Дар тарғиботи донишҳои педагогӣ нақши университети донишҳои педагогии умумимактабӣ хеле калон аст. Ба машғулиятҳои он волидайни талабаҳои синфҳои ибтидоӣ низ ҷалб карда мешаванд. Дар машғулиятҳои университети мазкур чунин мавзӯъҳо бояд ба падару модарон баррасӣ гарданд: муносибати калонсолон бо кӯдакон, наврасон ва ҷавонон; ба омӯзиши фарзандон чӣ гуна бояд ёрӣ расонд; танзими низоми санитарию ҳифзиссиҳа дар оила ва ғайра.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Вазифаҳои асосии роҳбари синф аз чиҳо иборат аст?
  2. Барои пешрафти кор ба вай киҳо ҳамкорӣ мекунанд?
  3. Дар омӯхтани хусусиятҳои талабаҳо ба роҳбари синф кадом методҳо мадад мерасонанд?
  4. Азнавтарбиякунӣ чист?
  5. Ҳамкории роҳбари синф бо волидон чӣ аҳамият дорад?
  6. Вазифаи университети падару модарон аз чӣ иборат аст?
  7. Нақшаи корҳои тарбиявии роҳбари синф чӣ тавр тартиб дода мешавад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Кан – Калик В. А. Учитель о педагогическом общении. – М., 1987.
  • Нуров А., Раҳимов Х. Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ. – Душанбе, 2005.
  • Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.
  • Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
  • Шуркова Н. Е. Вы стали класным руководителем. – М., 1986.
  • Нуров А. Рахимов Х. Методикаи корҳои тарбияви дар синфҳои ибтидоӣ. Душанбе 2005.
  • Юнусов И. Педагогика: Душанбе, 2005.
  • Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
ҚаблӣНияти руза гирифтан ва руза кушодан
БаъдӣВазифаҳои амалии роҳбари синф