Суханхои бехтарин барои МОДАР

Дар ин саҳифа суханҳои хуб ва беҳтаринро барои модар меорем. Суханҳои беҳтарин дар васфи МОДАР аз сомонаи Донишҷӯ – www.DONISHJU.net >>

Модар – он сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.

МОДАР- сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст..

МОДАР!- туи он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

МОДАР!- ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро гармию рушноӣ мебахшӣ.

МОДАР!- зиндагӣ аз ту оғоз мешавад ва дунё аз бӯйи муқаддаси ту атрогин аст.

МОДАР!- бонуи ҳар як хонадону ҳуснбахши замину нусратбахши тамоми руҳи инсон ҳастӣ.

МОДАР!- сафедии мӯйи сарат барои фарзандонат роҳи сафеди зиндагист.

МОДАР!- нафаси ту насимест, ки оромишро дар ҷону тани мо ҷорӣ мекунад.

МОДАР!- чеҳраи нуронии ту барои мо азизу муқаддас аст.

МОДАР!- дасти навозишгари ту таскинбахши мо дар лаҳзаҳои душвории зиндагӣ аст.

МОДАРҶОН ҳар як тори мӯятро мепарастам, зеро мӯйи чун шаб сиёҳу рӯйи чун рӯз сафедат барои ба камол расидани ҷигарбандонат сапед гаштаву дар рухсораҳои гули садбаргат оҷангҳо падид омадаанд.Тамоми умр баҳри пешравию саодатмандии рӯзгори фарзандонат кӯшиш кардаӣ ва ба зиндагии мо шукуҳу шаҳона бахшидаӣ.


Аз канали телеграмии @Xirad


 Инчунин хонед:

ҚаблӣҚадри Модар (Кадри Модар, шеър дар васфи модар)
БаъдӣШеърхои Фарзона дар васфи Модар