Мазмун ва вазифахои тарбияи акли.
Дар мактаб барои инкишоф додани тарбияи ақлии кӯдакон системанок тадрис намудани фанҳои марбут, корҳои беруназсинфӣ (маҳфилҳо, хониши берун аз синф), таъсири муҳити зист, мушоҳидакорӣ, воситаҳои ахбори омма (рӯзномаю маҷаллаҳо, киною телевизион) воситаҳои муҳими ташаккули зеҳнӣ ҳисоб мешаванд. Дар барномаҳои таълимии синфҳои ибтидоӣ вазифаҳои тарбияи ақлӣ, ҳосил кардани маҳорату малакаҳои зеҳнӣ хеле возеҳ муайян карда шудаанд.
Баҳри тарбияи зеҳнии шогирдони хурдсол аз машғулиятҳои хониши тарбиявӣ ва берун аз синф чунин шаклҳои корӣ истифода бурда мешаванд, ки бевосита ба инкишофи тарбияи ақлии талабагон хосанд: нақлу ҳикояи мазмуни китобҳо ва дигар маводи хондашуда, муҳокимаи онҳо, саволу ҷавоб, шеърхониҳо, байтбарак, тезгӯякҳо, бозиҳои дидактикӣ, тақризнависӣ, расмкашӣ, нақшофарӣ ва амсоли инҳо.
Тарбияи ақлӣ нафақат маҷмӯи донишҳои илмӣ, инчунин ташаккули хусусиятҳои психологии шогирдон, аз қабили диққат, ҳофиза, ирода, эҳсосот, тафаккур, тасаввур ва ғайраро низ таъмин мекунад. Дар мазмуни омӯзиш донишҳои илмӣ зимни баҳс, муҳокима, исботу бурҳонҳои қотеъ баррасӣ мешаванд, ки талабагон дар як маврид ҳам имконияти азхудкунии донишҳоро ва ҳам ташаккул додани қобилияти шахсии худро доранд. Дар омӯзиш сӯҳбатҳои проблемавӣ, мубоҳиса, муқоиса, таснифот, басистемадарорӣ, ҷамъбасткунӣ, хулосабарорӣ, ҷудо кардани чизҳои асосӣ ва ғайра ба харҷ дода мешаванд, ки ин ҳама мансуби тарбияи зеҳнӣ аст.
Яке аз натиҷаҳои тарбияи ақлии мактабиён донишҳои ҳосилкардаро дар амал истифода бурда тавонистан мебошад. Дар «Футувватномаи Султонӣ» – и Ҳусайн Воизи Кошифӣ хеле хуб оварда шудааст: «Агар пурсанд, ки аркони тариқат чанд аст. Бигӯй, шаш: аввал омӯхтани илму он чӣ бар ӯ фарз бошад, дуюм илмро ба амал расонидан, ки илми беамал дарахтест бе мева ва чароғест бе равған»[1]. Барои ин маводҳои гузаштаро бо онҳо такрор карда истодан, мантиқан дар хотир нигоҳ дошатни онҳо ва тақвият додани хотираи зеҳнӣ зарур аст.
Мазмун ва вазифаҳои тарбияи ақлии (фикрии) талабагонро афкори педагогии ниёгон ва мардуми мо хеле рангин кардааст. Аз онҳо чанде мисол меорем:
Хирад мояи ҷовидонӣ бувад!
Хирад пояи зиндагонӣ бувад!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ақлро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Ҷалолиддини Румӣ
Илм чун бар дил занад, ёре шавад,
Илм чун бар тан занад боре шавад.
Ҷалолиддини Румӣ
Мамлакат аз ақл шавад пойдор,
Кори ту аз ақли ту гирад қарор.
Халқӣ
[1] Ҳ. В. Кошифӣ. Футувватномаи Султонӣ. Душанбе, 1991. – с. 3 – 13.