Фанни маърифати оиладорӣ мақсад ва вазифаҳои он

Максад ва мохияти омузиши фанни маърифати оиладори. Пайдоиши оила ва вазифахои чамъиятии он. Фанни маърифати оиладори максад ва вазифахои он. Мафхуми оила ва накши он дар хаёти инсон.


Мафҳуми оила ва нақши он дар ҳаёти инсон. Оила яке аз рукнҳои муҳим ва асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва шаҳрвандиро дар бар мегирад. Оила, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, муносибатҳои занушавҳарӣ, хешутаборӣ, муносибатҳои иқтисодии оилавӣ, ташаккул ва рушди шахс, масъулият ва уҳдадории байни аъзоёни оиларо дар асоси қоидаҳои одобу ахлоқ ва талаботи муайяни қонунгузорӣ ба танзим медарорад. Инсон нахустин асосҳои феълу атвор, рафтор, кирдор, муносибат ба худ ва дигарон, муносибат ба меҳнат, муносибат ба ҳаёти ҷомеаро маҳз аз оила мегирад. Аз ин ҷо оила ба никоҳ асос ёфта, аз рӯйи муҳаббати пок, баробарҳуқуқии зану мард дар муносибатҳои оилавӣ, давом додани насл, таълим ва тарбияи дурусти фарзандон ва аъзоёни оила шакл мегирад.

Оила ҳамчун қадимтарин сохтори иҷтимоии таърихи инсоният дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ нақш ва мавқеи муҳиммеро дорост. Оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат мақом ва аҳамияти хосса дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумӯи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Аз ин рӯ давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки дар адабиёти илмию оммавӣ таърифи ягонаи оила вуҷуд надорад. Вале дар такя бо нуқтаи назари мухталифи муҳаққиқони соҳа метавон оиларо чунин таъриф намуд:

Оила чист?

Оила гурӯҳи хурди ҷамъиятии одамон аст, ки дар асоси иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқи байни марду зан бо мақсади тавлид ва тарбияи фарзанд ташкил ёфта, бо никоҳ ба расмият дароварда мешавад ва аъзои онро ҳамхунию хешутаборӣ, пешбурди хоҷагидории умумӣ, буҷети ягона, муҳити умумииҷтимоӣ, масъулияти байниҳамдигарии ахлоқию ҳуқуқии баробар пайванд менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Оила намунаи беҳтарин ва олии ҳамзистии зану мард мебошад, ки бо сарварии волидайн баҳри беҳдошти ахлоқ ва муҳофизати насл, эҳтироми якдигар, таъминоти иқтисодиву маънавӣ чун хурдтарин созмони ҷомеа арзи вуҷуд дорад. Оила бояд, пеш аз ҳама, дорои макони зист бошад, зеро манзилу макон имкони зиндагии якҷояи гурӯҳи одамонро фароҳам оварда, ҷойи амнияти онҳо низ маҳсуб меёбад.

Оила дар ҳаёти инсон нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост. Зеро шахсияти кӯдак маҳз дар оила ташаккул ва рушд ёфта, бо аз худ намудани нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ тадриҷан бе мушкилот вориди ҷомеа мегардад. Вобаста ба обрӯю эътибори волидайн ва таъсири онҳо ба насли наврасу ҷавон дар оила сифатҳои шахсият ташаккул меёбад, яъне маҳз оила дар инкишофи ҷисмонию маънавии шахс нақши муҳим мебозад.

Аз ин сабаб намунаи олитарини ҳаёти якҷояи инсонҳо, албатта, оила мебошад. Оила дар натиҷаи никоҳи байни зану мард ба вуҷуд меояд. Асоси ташкили оила никоҳ буда, он ба шинохти расмии муносибатҳои оиладорӣ асос мегузорад. Мутаассифона, оила имрӯзҳо дар як қатор мамолики Аврупо маънии худро гум кардааст. Яъне никоҳ ҳамчун рукни муҳимми ташкили оила моҳият ва зарурати худро тадриҷан аз даст дода, аз зумраи муқаддасоти оиладорӣ маҳсуб намешавад.

Аз азал тоҷикон мафҳуми «оила» ва «оиладорӣ»-ро муқаддас дониста, иззату эҳтироми байни аъзои оила, хусусан падару модарро, ҳамеша ба ҷо меоранд.

Яке аз хусусиятҳои хосси оила дар байни мардуми мусалмон, хусусан тоҷикон, падарсолорӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама ҳолат мард такягоҳи асосии оила – саробон, парастор, муҳофиз ба ҳисоб рафта, таъмини аҳли оила ба дӯши ӯ мебошад. Зан дастгиру мададгор ва ҳамсари вафодор буда, асосан ба тарбияи фарзандон машғул аст.

Аз ин лиҳоз талаботи асосии иҷтимоии оила ҳамфикр будани зану шавҳар ва дигар аъзои оила дар кору зиндагӣ ва дӯст доштану эҳтироми ҳамдигар мебошад.

Инсон, оила ва ҷамъият – ин се мафҳум муҳимтарин рукнҳои фалсафаи ҳаётанд. Ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст, чунки маҳз дар оила фарзанд аввалин маротиба мафҳумҳои Ватан, озодӣ, падар, модар, дӯст доштан, асолати мард ва занро дарк намуда, аз назари ҷисмонӣ ва ахлоқӣ вобаста ба муҳити оилавӣ солим ба камол мерасад.

Тарбияи оилавӣ асоси ҳама гуна тарбият аст, зеро маҳз дар муҳити оила бо кӯшишҳои волидайн, хешу пайвандон насли наврас аз ҷиҳати ахлоқӣ, ҷисмонӣ, зебоишиносӣ, меҳнатдӯстӣ, рафоқат, дӯстӣ, озодипарастӣ, шинохти неку бад тарбият меёбад.

шеър дар васфи мактаб мактаб, мактаби точики, таджикская школа

Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯст доштани зану мард низ ба тарбияи аъзои оила таъсири мусбат расонида, боиси хушбахтии онҳо мегардад. Аз назари дигар, тарбияи оилавӣ дорои масъалаҳои мубрам ва хеле мушкилест, ки ба он бисёр омилҳо, чун ирсият, маънавиёти калонсолон, саломатии фарзандон ва волидайн, таъминоти моддӣ ва маънавӣ, шароити иҷтимоӣ, шумораи аъзои оила, муносибат ба якдигар ва амсоли инҳо таъсир расонида метавонанд.

Фарзандони оила бояд дар фазои орому солими психологӣ, муҳити созгор ба воя расида, тарбияро аз оила гиранд. Зеро оила нахуст мактаби тарбияи инсон ва ташаккули тафаккури ӯ мебошад, ки тавассути он инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад.

Мақсади фанни маърифати оиладорӣ бо асосҳои дониш оид ба никоҳу оиладорӣ шинос намудани хонандагон, ташаккул додани идеали оиладорӣ дар шуури онҳо мебошад. Зарурати таълими фанни мазкур омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, ҳосил намудани малакаи муносибатҳои дурусти дохилиоилавӣ, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи нигоҳ доштани анъанаҳои неки миллии халқи тоҷик ва оштинопазирӣ ба расму одатҳои номатлуб оид ба оила мебошад.

Маълум аст, ки хонандагон дар солҳои донишандӯзӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва олами маънавии худ донишҳои муайян ҳосил мекунанд. Тадриҷан писарону духтарон ба масъалаҳои муҳаббат, никоҳ ва оила, мақоми онҳо барои ҳаёти инсон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба нозукиҳои рӯзгордорӣ маълумот пайдо мекунанд. Хеле муҳим аст, ки дилдодагон ба ҳам муносиб бошанд, рӯзгордориро уҳда карда тавонанд, ба қадри ҳамдигар бирасанд, покдоману боиффат ва дар сахтиву мушкилиҳо дастгиру мададгори ҳамдигар бошанд.

Ҳамин тавр, вазифаи асосии фанни маърифати оиладорӣ тайёрии ахлоқии хонандагон ба ҳаёти оилавӣ – маҷмӯи муносибатҳои ахлоқиву педагогии мактаб, оила ва аҳли ҷамъият бо мақсади ташаккули фаҳмиши ахлоқии хонандагон, ба ҳаёти оилавию ақди никоҳ тайёр кардан, инчунин онҳоро бо роҳи мустақилонаи ҳаёт ҳидоят намудан мебошад.


Саволҳо

  1. Мафхуми «оила»-ро шарх дихед!
  2. Накши оила дар хаёти инсон аз чи иборат аст?
  3. Асоси пайдоиши оиларо чи ташкил мекунад?
  4. Фанни маърифати оиладори чиро меомузад?

Мавзӯҳои китоби Маърифати оиладорӣ барои синфи 10-ро дар ин барчасп хонда метавонед >> Маърифати оиладорӣ

ҚаблӣМаърифати оиладорӣ – Муқаддима
БаъдӣПайдоиши оила ва давраҳои таърихии инкишофи он