Зарар ва фоидаи Интернет

Зарар ва фоидаи Интернет

Пайдоиши интернет ба намуди ҳозирааш ба солҳои 90-уми асри ХХ рост меояд. Шабакаи Интернет саросари ҷаҳонро имрӯз пахш кардааст. Бинед, ки шахсе дар Руссия ва дигаре дар Тоҷикистон якдигарро дида муошират мекунанд ва ё нохушие дар Бразилия шавад баъд аз 5 дақида дар ҷаҳон истифодабарандагони Интернет аз он огоҳ мешаванд, ки ин маҳз бо тарқиёти шабакаи глобалии Интернет мебошад. Имрӯзҳо миқдори зиёди сомонаҳо дар Интернетро вомехӯрем. Аксарияти онҳо барои рушдӣ зеҳнии инсон хеле хубанд. Мисол, шабакаҳое, ки барои омӯзиши забонҳо пешбини шудааст, шабакаҳое, ки барои ахборот пешбини шудааст ва ғайра. Аксарияти шабакаҳои интернети бо мақсади рекламаҳо сохта мешаванд, ки барои маҳсулоти хуб ва сифатнокро дастрас кардан хуб аст.

Сомонаҳое, ки имрӯзҳо бештар ҷовонон рӯ ба он овардаанд, аз қабили www.ok.ru, www.vk.com, www.facebook.com,  ва ғайра, барои истифодабарандагон ҷиҳати манфӣ ва мусбӣ доранд. Дар ҷаҳон айни замон ҷанги иттилоотӣ хеле рушд кардааст, ки маҳз қисми зиёди онҳо тавассути шабакаи Интернет паҳн карда мешаванд. Ҷавонон, дар сомонаҳои номбурдашуда ба гурӯҳое, ки онҳо махсусан барои ҷанги иттилоотӣ сохта шудаанд шомил мешаванд, ва аз сабаби қавӣ набудани ақли онҳо ба сӯханҳои ба монанди ҷиҳод, ҳар гуна дурӯғҳо бовар мекунанд. Сомонаҳои номбурда гурӯҳҳои “саволу ҷавоб”, “хабарҳо” ва ғайра низ доранд, вале кам нафарон аз ин гурӯҳҳо истифода мебаранд. Агар Интернетро хуб истифода барем макони илм аст, агар не макони хатарнок.

Шояд ба баъзе ҷавонон хондани маводҳои электронӣ писанд бошад, ки китобро кам истифода мебаранд, вале набояд фаромӯш сохт, ки рафиқи мушфиқ, беозор ва безарар китоб аст. Истифодабарандагони интернет метавонанд, аз сомонаҳои фарҳангии Тоҷикистон истифода баранд, ба монанди www.jumhuriyat.tj – Рӯзномаи “Ҷумҳурият” , www.javonon.tj –  Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ба монанди инҳо зиёд сомонаҳое мавҷуданд, ки инсонро аз хабарҳои нав бохабар ва ба роҳи Ватандӯсти ҳидоят менамоянд.  Билл Гейтс сарпарасти Ширкати Microsoft чунин қайд менамояд: “Интернетро барои инкишоф истифода баред”.

Агар падару модар нисбати фарзандаш дар истифодаи шабакаҳои Интернети бемасъулияти нишон диҳанд, яъне аз кору рафтори фазрзандашон огоҳ набошанд, хатари ҷидди ба рафтор, гӯфтор ва кирдори кӯдакон мерасонад. Чунон, ки мо дар боло қайд намудем ҷанги иттилоотӣ, яъне ҳар гуна наворҳоро тамошо мекунад, ҳар хел гуфторҳои ноҷоро мехонад ва боиси дигаргунии рафтори онҳо мегардад. Биёед Интернетро барои инкишоф ва рӯшдӣ шахсият истифода барем.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Боронзода Комрон Асадулло


Зара ва фоидаи Интернет, иншо дар бораи интернет, зарархои интернет, маълумот

Маълумот дар бораи Интернет