Байтҳои панду ахлоқӣ аз Самандархоҷаи Тирмизӣ

Якчанд байт, рубои ва маснавиро аз Самандархоҷаи Тирмизӣ меорем, ки дар худ як ҷаҳон маъниро доро мебошанд.

Аз ин навиди муборак, ки ногаҳон омад,
Башорате ба дилу муждае ба ҷон омад.


Маснавӣ

Ба чашми хеш дидам дар гузаргоҳ,
Ки зад бар ҷони мӯре мурғаке роҳ.
Ҳанӯз аз қайди минқораш напардохт,
Ки мурғи дигар омад, кори ӯ сохт.


Дар он рӯз бинӣ зи душман фароғ,
Ки шаб дар мазораш фурӯзӣ чароғ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Касе ба гардани мақсуд даст ҳалқа занад,
Ки пеши тири балоҳо сипар тавонад буд.

Сари вопаси мулк то дар тан аст,
Тани мулкро фитна пироҳан аст.


Рубоӣ

Аз тарбият аст, хок гавҳар гардад.
Хун дар таҳи нофа мушки анбар гардад.
Он оҳани тирарӯи беҳимматро
Иксир чу тарбият кунад, зар гардад.


Ба пешкории ақли шарифу ройи дуруст
Тавон каманди тасарруф бар осмон афканд.

Ақл аст, ки бунёди шараф муҳкам аз ӯст,
Афзунии ҳурмати бани Одам аз ӯст.


Чу ояд мушкиле пеши хирадманд,
Аз он мушкил фитад дар кори ӯ банд,
Кунад ақли дигар бо ақли худ ёр,
Ки то дар ҳалли он гардад мададгор.
Зи шамъе чун нагирад нур хона,
Фурӯзад шамъи дигар дар миёна
Вале ҳаст ин сухан бо ростбинон
Ба садри ростӣ болонишинон.
На дар каҷрав ҳарифони каҷандеш,
Ки гардад аз ду каҷрав каҷравӣ беш.


Замири ту ҳарчанд ваҳйошност,
Дари машварат нокушудан хатост.

Муаммост ин машварат филмасал,
Ки ҳар кас тариқи дигар карда ҳал.

Ройи равшан зи бузургони куҳансол талаб,
Обҳо соф дар айёми хазон мегардад.

Байтҳои панду ахлоқӣ аз Аттор


Маснавӣ

Дар сафи разм бо ҷавонон пӯй,
Лек тадбири он зи пирон ҷӯй.
Гарчи барно ба разм коргар аст,
Кӯшиши кордидагон дигар аст.


Майкашиҳои ман аз панди ту бошад, зоҳид,
Сухани сахти туам тавбашикан гардидаст.

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст.

Хатарҳост дар кори шоҳон басе,
Ки бо шоҳ хешӣ надорад касе.

Деҳқони солхурда чӣ хуш гуфт бо писар,
К-ай нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ.

Чӣ менозӣ ба ин давлат, ки ҳар гаҳ бахт баргардад,
Кулоҳи хусравиро косаи дарюза месозад.


З-он пештарак, ки соқии даҳр
Дар шарбати давлатат кунад заҳр,
Аз сар биниҳӣ кулоҳу дастор,
Ҷаҳде бикуну диле ба даст ор.
Ин сар ҳама сол бо кулаҳ нест,
Ин рӯй ҳамеша ҳамчу маҳ нест.


Барандоз бехе, ки хор оварад,
Дарахте бипарвар, ки бор оварад.

Ҳаме то барояд ба тадбир кор,
Мудорои душман беҳ аз корзор.
Чу натвон адуро ба қувват шикаст,
Ба неъмат бибояд дари фитна баст.

Ту нармӣ кун, ки ҳар коре, ки сахт аст,
Ба нармию мудоро метавон кард.

Андарзҳои Мавлавӣ


Чу дар лашкари душман афтад хилоф,
Ту бигзор шамшери худ дар ғилоф.
Чу душман ба душман шавад муштағил,
Ту бо дӯст биншину ороми дил.
Чу гургон писанданд бар худ газанд,
Баросояд андар миён гӯсфанд.


Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Агар ба чашми хирад дар сухан нигоҳ кунӣ,
Бизоатест, ки ҳам суду ҳам зиён дорад.

 Хасми доно, ки офати ҷон аст,
Беҳтар аз дӯсте, ки нодон аст.


Нишоти ҷавонон зи пирон маҷӯй,
Ки оби равон боз н-ояд ба ҷӯй.
Бибояд ҳавас кард аз сар бадар,
Ки даври ҳавасбозӣ омад ба сар.
Чу бар сар нишинад зи пирӣ ғубор,
Дигар айши софӣ таваққуф мадор…


Маснавӣ

Хабар дорӣ, ай устухони қафас,
Ки ҷони ту мурғест, номаш нафас.
Чу мурғ аз қафас рафт, бигсаст қайд,
Дигар раҳ нагардад ба саъйи ту сайд.
Нигаҳ назди доно беҳ аз оламест,
Даме назди доно беҳ аз одамест.


Маснави шеър рубои газал дубайти байт аз Самандархочаи Тирмизи

Шеър-байтҳои панду ахлоқӣ аз Фирдавсӣ

ҚаблӣСамандархоҷаи Тирмизӣ
БаъдӣМаълумот дар бораи БОТ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед