Пайдоиши оила ва давраҳои таърихии инкишофи он

Пайдоиши оила ва даврахои таърихии инкишофи он. Давраи модаршохи. Муносибатхои оилави дар давраи падаршохи. Муносибатхои оиладори дар Шарки кадим. Масъалаи оиладори дар ахди Сосониён. Муносибатхои оилави мувофики таълимоти ислом. Оила ва никох дар даврони шурави.


Ҳеҷ шакле бе ҳаюло қобили сурат нашуд,
Одамӣ ҳам, пеш аз он к-одам шавад, бузина буд.

Мирзо Абдулқодири Бедил дар ин байт ба назарияи илмии пайдоиши одам такя накарда бошад ҳам, аммо назарияи ӯ аз ҳақиқати илмӣ дур нест. Инсоният то ба дараҷаи тамаддун расидан ҳазорсолаҳоро пушти сар намуда, аз шакли ваҳшоният ба шакли имрӯзаи ҳаёти инсонӣ расидааст.

Люис Генри Морган (олими амрикоӣ) зинаҳои таърихии инкишофи инсониятро таҳлил намуда, онро ба се давраи асосӣ – ваҳшоният, барбарият ва тамаддун тақсим кардааст.

Мувофиқи ақидаи Л.Г.Морган давраи аввал давраи ибтидоии одамизод буда, дар ин давра одамон гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекарданд. Байни гурӯҳҳо оила вуҷуд надошт. Ҳар мард метавонист бо зани дилхоҳаш ва ҳар зан бо марди дилхоҳаш бошад. Фарзандоне, ки таваллуд мешуданд, фарзандони умумии онҳо ба ҳисоб мерафтанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Одамон дар ибтидо зарурати якҷоя зиндагӣ карданро нафаҳмида, аксаран танҳо зиндагӣ мекарданд. Дар танҳоӣ аз таъсири ҳодисаҳои табиат ва ҳуҷуми ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳалок мегаштанд. Бо мурури замон одамон зарурати якҷоя бо ҳам зиндагӣ карданро дарк намуда, аввалин муҳити иҷтимоиро ба вуҷуд оварданд, ки дар заминаи он авлод, қавм ва қабила пайдо шуданд. Авлод, қавму қабилаҳо барои таъмини оромиву ҳамзистии осоишта низому тартиботе муқаррар менамуданд, ки риояи он бар ҳамаи аъзои қавму қабилаҳо ҳатмӣ буд.

Зиндагии гурӯҳӣ одамонро маҷбур кард, ки бо якдигар мубодилаи афкор намоянд ва чунин зарурат ба пайдоиши нутқ дар ин давра замина мегузорад. Бо мурури замон одам шикор ва истифодаи оташро ёд гирифт. Аз санг асбобу силоҳ месохт. Дар охирҳои давраи ваҳшоният одам тиру камонро ихтироъ мекунад. Одам акнун метавонист дар рӯзгори худ аз гӯшти парандагон ва ҳайвонот истифода барад. Шикор яке аз соҳаҳои муқаррарии меҳнат ҳисоб мешуд. Оҳиста-оҳиста одамон ром кардани ҳайвонотро ёд гирифтанд, ки ин дар ҷамъияти ибтидоӣ пешрафти бузурге буд. Ром кардани ҳайвонот боис шуд, ки одамон дар даштҳои сералафи соҳили дарёҳо умр ба сар баранд. Чунин қабилаҳо дар соҳилҳои дарёҳои Фурот ва Даҷла, дар Осиёи Миёна бошад, дар соҳилҳои Амударё ва Сирдарё зиндагӣ мекарданд.

Тавассути мушоҳида ва таҷриба инсон ба кишти ғалладона шурӯъ мекунад. Ҳамин тариқ, зироаткорӣ ва чорводорӣ ба манбаи муҳимми ҳаёти моддии одамон мубаддал гардид.

Зинаи олии инкишофи давраи ибтидоӣ гудозиши оҳан маҳсуб мешавад. Инсон аз асбобу олоти оҳанин истифода бурданро ёд гирифт, ки ин зиндагии ӯро як қадар осон гардонид.

Дар ин давра шумораи аҳолӣ ҳам афзуда, тӯдаҳои калон- калони одамон пайдо шуданд.

Давраи модаршохи

Давраи модаршоҳӣ. Инкишофи минбаъдаи ҷамъияти ибтидоӣ барои пайдоиши авлод имконият фароҳам овард. Ин боиси никоҳи «гурӯҳӣ» гардид, яъне мардони як авлод ба занони авлоди дигар шавҳар ва занони ин авлод ба мардони он авлод зан мешуданд. Ин ҳолат асосан дар давраи модаршоҳӣ мушоҳида мешавад. Дар ин давра нақши модар асосӣ буда, фарзандон насли модар ҳисоб мешуданд ва онҳо бо модари худ зиндагӣ мекарданд. Ин гуна оилаҳо мустаҳкам набуданд, зеро байни онҳо робитаи иқтисодӣ вуҷуд надошт. Маҳсули меҳнати мардон дар доираи авлод мемонд ва ба зану фарзандон ягон кумаке намерасид. Бо вуҷуди он ки никоҳи оилаҳои «гурӯҳӣ» мустаҳкам набуд, он расман оила ба ҳисоб мерафт.

Баробари инкишофи олоти меҳнат ва шикор нақши мардон дар ҷомеа меафзуд. Дар ҷамъият оҳистаоҳиста ҷойи давраи модаршоҳиро давраи падаршоҳӣ иваз кард.

Муносибатхои оилави дар давраи падаршохи

Муносибатҳои оилавӣ дар давраи падаршоҳӣ. Дар ин давра тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Муносибатҳои истеҳсолӣ тағйир ёфта, моликияти хусусӣ пайдо мешавад. Пайдоиши моликияти хусусӣ муносибатҳои ҷамъиятиро ба куллӣ тағйир дода, муносибати тарафайни аъзоёни ҷамъият низ дигаргун шуданд. Одамон тадриҷан ба гурӯҳҳои дорою камбизоат ҷудо шуданд, ки ин боиси ба вуҷуд омадани ҷамъияти синфӣ гардид. Баробари пайдоиши ҷамъияти синфӣ шакли оила ҳам тағйир ёфт. Акнун мардҳо барои худ ҳамсар интихоб мекарданд. Ҳамин тариқ, оилаҳои якканикоҳӣ (моногамӣ) ба вуҷуд омад.

Инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва иқтисодиёт муносибатҳои молиро дар оилаи падаршоҳӣ ривоҷ дод. Муносибатҳои молию пулӣ дар ҷамъият боиси воҳиди мустақили ҷамъият гардидани оила гардид. Шавҳар ҳамчун сардори оила соҳиби моликияти оила мегардад. Зан ва фарзандон фармонбардори сардори оила мешаванд. Қоидаҳои адаб ва ахлоқ ба вуҷуд меоянд. Хиёнати зан ба шавҳар ё шавҳар ба зан маҳкум мешуд. Духтар то ба шавҳар баромаданаш бояд шарафу номуси худро нигоҳ медошт. Aгap номи духтар ба сабукрафторӣ барояд, ҷомеа ӯро маҳкум мекард ва ба шавҳар баромаданаш душвор мегашт. Писар низ бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя мекард, дар сурати риоя накардан аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум гардида, аз авлод, қавм ё қабила ронда мешуд.

Чунин қоидаҳои ахлоқи аҷдодон дар замони мо ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Поктинатӣ, хушахлоқӣ, нигоҳ доштани номи нек, шарафу номус дар ҳама замон хислатҳои беҳтарини инсонӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тариқ, дар тӯли чандин ҳазорсолаҳо ҷамъияти инсонӣ аз зинаи ваҳшоният то ба дараҷаи тамаддун расид. Тамоми инсоният ин зинаҳоро аз сар гузаронидааст. Шаклҳои оила ва оиладорӣ такмил ёфтанд. Бо пешрафти сохти ҷамъиятӣ шаклҳои нави муносибатҳои оилавӣ, никоҳ ва оиладорӣ низ тағйир ёфт.

Ба давраи тамаддун гузаштани инсоният дар муносибатҳои оила ва никоҳ низ тағйироти навро ворид намуд. Мард ҳамчун сарвари оила тамоми масоили хонаводагиро бар зимма дошт, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамсар ва фарзандони худ масъул буд. Дар муносибатҳои оилавӣ баъзе муносибатҳое ҷой доранд, ки на фақат ба воситаи қоидаҳои ҳуқуқӣ, балки тибқи талаботи қоидаҳои ахлоқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Яъне дар оила муҳим аст, ки ҳуқуқ ва қоидаҳои ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ танзим карда шавад, то ки боиси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва боварии аъзои оила гардад.

Вазифаи асосии қонунҳои оилавӣ аз мустаҳкам намудан ва дар заминаи меҳру муҳаббати якдигар барпо намудани оила, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва иштироки фаъолона барои пешбурди ҳаёти ҷомеа тарбия намудани фарзанд мебошад.

Муносибатхои оиладори дар Шарки кадим

Муносибатҳои оиладорӣ дар Шарқи қадим. Аз таърихи инкишофи оила маълум мешавад, ки Осиёи Миёна низ яке аз қадимтарин кишварҳоест, ки дар сарзамини он ҷамъияти инсонӣ ба вуҷуд омадааст. Инкишофи маданият дар ин сарзамин таърихи чандинҳазорсоларо дар бар мегирад. Дар арафаи истилои арабҳо ва ҷорӣ гардидани дини ислом дар Осиёи Миёна мардумони ин кишвар, ки асосан тоҷикон буданд, ҷомеаи феодалиро аз сар мегузарониданд.

Дар бораи тарзи оиладории тоҷикон аз рӯйи осори таърихӣ маълум мегардад, ки занҳо баробари мардон дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекарданд. Дар асарҳои таърихшиносони Юнони қадим омадааст, ки дар Осиёи Миёна, ки асосан тоҷикон зиндагӣ мекарданд, занҳо баробари мардон санъати ҳарбиро меомӯхтанд. Онҳо аспсавор ва камондорони моҳир буданд. Мувофиқи маълумоти Элиан қабилаҳои сакоиҳои Осиёи Миёна анъанае доштанд, ки мувофиқи он номзадҳо (арӯсу домод) пеш аз издивоҷ бояд қувваозмоӣ мекарданд. Aгap домод ба арӯсшавандаи худ ғалаба кунад, ҳуқуқ дошт, ки ӯро ба занӣ бигирад.

Чунин маълумоти таърихшиносон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар байни тоҷикон дар замонҳои қадим ҳуқуқи зану мард баробар буд, занҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ фаъолона ширкат меварзиданд. Хонадоршавӣ ҳам бо розигии якдигар сурат мегирифтааст.

Бозёфти таърихии кӯҳи Муғ дар соли 1933 (ноҳияи Айнӣ) яке аз аҳдномаҳои қадимтарини масъалаҳои никоҳӣ ба ҳисоб рафта (асри VIII пеш аз милод), аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи танзими ҳуқуқии молумулкӣ, баробарии ҳамсарон дар ҳалли масоили оилавӣ дар оилаи Шарқ вуҷуд дошт.

Аз байни асноди ёфташуда қарордоди ақди никоҳи суғдиён Дугдонча бо Утегин (пеш аз ислом) махсус буда, дар он дар бораи ташкили оила маълумоти дақиқ оварда шудааст. Мазмуни мухтасари ин санад он аст, ки Дугдонча бо Утегин бо розигии якдигар издивоҷ мекунанд. Мувофики қарордод Утегин бояд занаш Дугдончаро дӯст дорад ва эҳтиром кунад, ӯро бо сарулибос, хӯрок таъмин намояд. Дугдонча ҳам қавл медиҳад, ки шавҳарашро дӯст дошта, иззату ҳурмат мекунад.

Зан низ ҳуқуқ доштааст, ки бо ташаббуси худ аз шавҳараш ҷудо шавад. Aгap шавҳар занашро талоқ кунад, вай бояд сарулибос, хӯрок ва анҷоми бо худ овардаашро ба ӯ бидиҳад.

Aгap зан аз шавҳар ҷудо шуданӣ бошад, вай бояд қарори худро ба мард бигӯяд ва анҷомашро гирифта аз хонаи шавҳар биравад. Маълум мегардад, ки дар масъалаи ҳуқуқи зану мард аҷдодони мо аз рӯйи адлу инсоф амал мекардаанд.

Масъалаи оиладорӣ ва ҳуқуқи оилавӣ дар мамлакатҳои Шарқ бо хусусияти хосси худ дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз мамлакатҳои Ғарб фарқ мекард. Агарчанде оила ва муносибатҳои оилавӣ дар мамлакатҳои Шарқ асосан дар зери таъсири дин (таълимоти дини будоӣ, дини зардуштӣ, дини ислом) рушд карда бошад ҳам, хусусиятҳои хосси худро дошт ва пешрафта ҳам ҳисобида мешуд. Гузаштагони мо дар ҳар давру замон фосиқону зинокоронро маҳкум сохтаанд. Камолиддин Биноӣ ашхосеро, ки ба бадрафторӣ машғул шуда, шарафи оиларо паст мекунанд, сахт маҳкум карда, тавсия мекунад, ки ба ин роҳи бад қадам нагузоранд. Шоир дар достони «Беҳрӯзу Баҳром» дар боби нафрат ба зино гуфтааст:

Эй бародар, қадам манеҳ ба зино!
Дину дунёи худ мадеҳ ба фано…

Покдоман чу ғунчаи гул бош,
Қонеъ аз диданӣ чу булбул бош.

Майли тардоманӣ макун чу саҳоб!
К-ин амал аз рухи ту резад об.


Масъалаи оиладори дар ахди Сосониён

Масъалаи оиладорӣ дар аҳди Сосониён. Дар аҳди Сосониён, мувофиқи таълимоти дини зардуштӣ, ки мардум асосан ба он пайравӣ мекард, ташкили оила, таъсиси хонадорӣ аввалин пояи маданияти инсонӣ дар ҳамон давраи таърихӣ ба ҳисоб рафта, қонуниятҳои махсуси худро дошт. Яке аз қонуният ва талаботи ҳатмӣ ризоияти издивоҷкунандагон ба ҳисоб мерафт, ки онро шарти муҳим ва бунёди оилаи солим меҳисобиданд. Синни никоҳӣ дар аҳди Сосониён аз 16-солагӣ, ки синни ба балоғат расидани ҷавонон ба ҳисоб мерафт, муқаррар гашта буд. Дар ин син ҷавонон ҳатман бояд коре ё шуғле меварзиданд, то ки рӯзгори хешро таъмин карда тавонанд.

Бунёди оила дар аҳди Зардушт амали муҳим шуморида мешуд ва худи Зардушт ба ҷавондухтарон ва ҷавонписарон таъкид менамуд, ки ба масъалаи барпо кардани оила бепарвоӣ ва беаҳамиятӣ накунанд. «Инак, эй духтарони шӯйкунанда ва ҷавононе, ки пайванди заношӯйӣ мебандед, суханони маро хуб ба ёд биспоред. Аз рӯйи меҳру фарзонагӣ ҳар яке аз шумо бояд бар он бошад, ки дар меҳрварзӣ ва дӯстиву покӣ ва порсоӣ бар дигаре пешӣ ҷӯяд, ки ин беҳтарин шеваи комгорӣ дар зиндагӣ хоҳад буд» – таъкид шудааст дар готҳои Авасто. Дар ҷойи дигар ба масъалаи озод будани интихоби ҳамсар ва масъулияти падару модар барои ба ҳаёти мустақилона омода кардан ва гуселонидани фарзандон таъкид шудааст: «Ба гӯшҳоятон беҳтарин суханро бишнавед, бо андешаи равшан дар онҳо бингаред, зану мард бояд худашон роҳи худро интихоб намоянд». Дар «Маҷмӯаи ҳуқуқи Сосонӣ», ки дар аҳди Сосониён таълиф шуда ба ҳукми қонун даромадааст, чанд боби алоҳида дар бораи ташкили оила, никоҳу талоқ, тартиби бастани никоҳ ва интихоби ҳамсар оварда шудааст.

Муносибатхои оилави мувофики таълимоти ислом

Муносибатҳои оилавӣ мувофиқи таълимоти ислом. Дини ислом дар ибтидои асри VII дар нимҷазираи Арабистон (ҳозира Арабистони Саудӣ) пайдо шуда, сипас аз он ҷо ба кишварҳои дигар – Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна ва аз он ҷумла Тоҷикистон низ паҳн гардидааст. Паҳншавии он аз солҳои 40-уми асри VII (аз Эрон) шурӯъ шуда, то охирҳои солҳои 30-юми асри VIII дар сарзамини тоҷикон ба анҷом расидааст. Дар оғози истилои араб мардуми таҳҷоӣ, ки асосан тоҷикон буданд, дину оини суннатӣ ва урфу одатҳои анъанавии худро доштанд, барои аз даст надодани онҳо ба лашкари араб муқобилияти сахт нишон медоданд. Масалан, дар дини ҳамондавраи мардуми форсу тоҷик – зардуштия нуру рӯшноӣ, гармӣ, оташ, Офтоб тимсолҳои худованди бузург Аҳурамаздо ҳисоб мешуданд ва мавриди парастиш қарор мегирифтанд. Ин парастиш хусусияти на танҳо динӣ, балки табиӣ (натуралистӣ) низ дошт. Онҳо ҳақиқатан падидаҳои худи табиат буданд ва ба табиат: замин, зиндагӣ, деҳқонӣ, чорводорӣ пайвастагӣ доштанд. Чизи аз ҳама муқаддас дар оила оташ ва оташдон буд. Соҳиби он зан – модар дониста мешуд. Зиндагӣ, ҳаракат (баръакси беҳаракатӣ ва карахтӣ), сабзиш (наботот), парвариш (ҳайвонот), таваллуд (фарзанд) ва тарбияи он бо роҳи нек (хайр) шарти диндорӣ ва ибодат ҳисоб мешуд. Оташ қувваи гармкунанда, нурдиҳанда (чароғ), сӯзанда (поккунандаи мурдорҳо) ва дигар ҷиҳатҳои нек ба шумор мерафт. Шиори пайравони дини зардуштия «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» буд.

Вале оҳиста-оҳиста дар ин сарзамин дини ислом ҷорӣ гардида, ҷойи зардуштия ва таомулҳои онро гирифт.

Яке аз хусусиятҳои ба оила хосси дини ислом ҳамин аст, ки муносибатҳои падарсолориро дар оила ҷорӣ намуда, дар муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ меъёрҳои навро ворид кард, ки аксари онҳо барои устувор нигоҳ доштани муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ, пояҳои ахлоқӣ ва рӯҳию маънавии оила, аз ҷумла садоқат ба ҳамдигар, масъул будани падару модар дар нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзандон ва баръакс, масъулияти фарзандон дар бобати эҳтироми падару модар ва парастории онҳо, мавҷудияти фазои осоиш ва эътимоду боварӣ дар оила нигаронида шудаанд.

Дини ислом низ зиноро (алоқаи ҷинсии ғайри никоҳи расмӣ) қатъиян маҳкум месозад ва ин амал гуноҳи азим дониста мешавад. Тибқи аҳкоми шариат содиркунандаи ин гуноҳ бояд сангсор карда шавад. Дар «Наҳҷ-ул-ҳидоя» дар боби зино аз забони Муҳаммад пайғамбар гуфта шудааст: «Эй уммати ман, савганд ба Худованд, ҳеҷ чиз палидтар аз зино дар назари Худованд нест». Дини ислом бо ҳамин роҳ одамонро аз бадрафторӣ нигаҳ дошта, устувории ахлоқ ва оиларо тарғиб менамояд.

Оила ва никох дар даврони шурави

Оила ва никоҳ дар даврони шӯравӣ. Дар замони шӯравӣ масъалаи муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ то андозае тағйир ёфта, танҳо ҳамон никоҳе эътироф карда мешуд, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта мешуд. Ҳанӯз соли 1917 КИМ-и умумирусиягӣ ва Шӯрои халқи ҶФШСР ду декрет – «Дар бораи никоҳи шаҳрвандӣ, оид ба кӯдакон ва доир ба дафтари асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи бекоркунии никоҳ»-ро қабул карда буд, ки барои қабули дигар қонуну санадҳои танзимкунандаи оила ва муносибатҳои оилавӣ замина гузошт. Баъдтар (16 сентябри соли 1918) кодекс дар бораи асноди ҳолати шаҳрвандӣ қабул карда шуд, ки синни никоҳиро барои мардон аз 18-солагӣ ва барои занон аз 16-солагӣ муқаррар намуд.

Баъд аз инқилоби Октябр бо барқарор гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар масъалаҳои муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ меъёрҳои нав ворид карда шуд. Дар ин давра Тоҷикистон аввал ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон (соли 1924) ва баъдан ҳамчун ҷумҳурии мустақил (соли1929) дар низоми қонунгузории оилавӣ вобаста ба ҳувияти миллии мардум таклифу пешниҳодҳо ба миён гузошт. То соли 1928 дар Ҷумҳурии Мухтори Сотсиалистии Тоҷикистон судҳои қозигӣ фаъолият мекарданд, ки вазифаи никоҳ карданро низ иҷро менамуданд. 28 апрели соли 1929 Анҷумани 11-и умумитоҷикии Шӯроҳо баргузор гардида, дар он Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон қабул карда шуд, ки дар самти қонунгузории оилавӣ низ як пешравӣ ва дигаргунӣ ба ҳисоб мерафт. Баробари пешравии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталиф дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шуд, ки масъалаи муносибатҳои оилавӣ, никоҳ ва бекор кардани онро ба танзим медаровард.

 Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муносибатҳои оилавӣ моҳияти нав пайдо намуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул карда шудаанд, ки ба рушди оиладорӣ ва талаботи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалии оилавӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф кардааст, мусоидат менамояд.


Мавзӯҳои китоби Маърифати оиладорӣ барои синфи 10-ро дар ин барчасп хонда метавонед >> Маърифати оиладорӣ

Саволҳо

  1. Сарчашмахои таърихии пайдоиши оиларо номбар кунед.
  2. Муносибатхои оилави дар давраи модаршохи ва падаршохи чи гуна ба рох монда шуда буданд?
  3. Макоми мехнат дар ташаккули одам аз чи иборат аст?
  4. Акидаи «мехнат одамро офарид»-ро чи тавр мефахмед?
  5. Сарчашмахои хукуки оилави барои мардуми Шарк, хусусан точикон, кадом манбаъхо махсуб меёфтанд?
  6. «Мачмуаи хукуки Сосони» кадом масъалахоро дар бар мегирад?
  7. Тибки таълимоти ислом муносибатхои оилави чи гуна рохандози карда мешавад?
  8. Дар замони шурохо дар масъалаи муносибатхои оилави чи тагйирот ворид карда шуд?
ҚаблӣФанни маърифати оиладорӣ мақсад ва вазифаҳои он
БаъдӣОила вa вазифаҳои ҷамъиятии oн