Маърифати оиладорӣ – Муқаддима

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Дар татбиқи талаботи сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлати Тоҷикистон се омили асосӣ – ҷомеа, мактаб ва оила бояд дар ҳамбастагии зич фаъол бошанд, то ки насли наврасу ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва таҳаммулу мадоро тарбият ёбанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

таджикская семья оилаи точики картинкаи точики зани точик духтари точик


Хонандагони азиз! Шояд шумо дар бораи маърифати оиладорӣ ҳанӯз маълумоти заруриро надоред. Бояд донед, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа бунёди оилаи солим ба шумор меравад ва пойдории оила ба тарзи ҳаёт ва инкишофи муътадили инсон мусоидат менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мақсади фанни маърифати оиладорӣ ба масъалаҳои муҳимми зиндагӣ, никоҳу оиладорӣ шинос намудани хонандагон, ташаккул додани низоми оиладорӣ дар шуури наврасону ҷавонон нигаронида шудааст. Ғояи асосии китоби дарсии мазкурро масъалаҳои муҳимми ҳаёти оилавӣ, ба роҳ мондани омодагии психологии ҷавонон ба бунёд ва пойдории оила, муҳайё намудани фазои солиму ором дар оила, пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва нигоҳдории арзишҳои оилавӣ ташкил медиҳад. Зарурати таълими фанни мазкур тайёр намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, ҳосил намудани малакаи муносибатҳои дурусти дохилиоилавӣ, дар оянда дуруст тарбия намудани кӯдакон ва нигоҳ доштани анъанаҳои неки миллии халқи тоҷик мебошад.

Интихоби дурусти ҳамсар ва бунёди оилаи солим омили муҳимми ободии ҷамъият ва устувории давлат маҳсуб меёбад. Муҳим аст, ки пеш аз барпо намудани оила ҳар шаҳрванд паҳлуҳои гуногунҷабҳаи ҳаёти оилавиро мавриди омӯзиш қарор дода, урфу одатҳои миллӣ, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби занушавҳарӣ ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 «Соли оила» эълон карда шудааст. Ҳадафи асосии чунин иқдоми неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки маърифати оиладории ҷавонон баланд бардошта шавад ва дар ин замина ҷавононро пеш аз издивоҷ ба ҳаёти оилавӣ, муносибатҳои оиладорӣ омода намуда, пеши роҳи вайроншавии оилаҳои ҷавон гирифта шавад ва фарзандони ноболиғи ин оилаҳо дар шоҳроҳи зиндагӣ аз падар ё модар маҳрум нагарданд. Зеро оилаи солиму хушбахт ва маърифати хонаводагии падару модар дар оила асоси тарбияи фарзанд ба ҳисоб рафта, ҷомеаи солим низ ба насли бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад.

Омодагии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ аз маҷмӯи донишҳои муайяни педагогию психологӣ, ҳуқуқиву иқтисодӣ манша гирифта, дар асоси дониш, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавӣ ташаккул меёбад. Омода намудани чавонон ба ҳаёти оилавӣ вазифаи муҳимми оила ва мактаб мебошад. Омӯзиш ва таҳлили сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон аз он шаҳодат медиҳад, ки бештари онҳо натиҷаи омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад.

Ободии Ватан аз ободии ҳар хонадону оила ва ободии хонадон аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад. Умедворем, ки китоби дарсии мазкур дар гирифтани донишҳову маълумоти зарурӣ оид ба ташкили оилаи солим ва нақши он дар ҳаёти инсон, омӯхтани асосҳои маърифати оиладорӣ ва аз бар намудани нуктаҳои асосии он ба шумо кумак мерасонад.


Мавзӯҳои китоби Маърифати оиладорӣ барои синфи 10-ро дар ин барчасп хонда метавонед >> Маърифати оиладорӣ

ҚаблӣКитоби Марги Судхур (нашри нав, босифат) – Садриддин Айни
БаъдӣФанни маърифати оиладорӣ мақсад ва вазифаҳои он