Шеър дар бораи Истиклолият

Якчанд шеърхо дар васфи Истиклолият/Истиклол аз сомонаи www.DONISHJU.net хонед >>

Бувад фархунда истиқлолат, эй дӯст,
Шавад пояндатар иқболат, эй дӯст.
Расидӣ бар муродат миллати ман,
Муборак, ин мубораксолат, эй дӯст! (Озармеҳр)

рузи истиклолияти Чумхурии Точикистон

Истиқлол

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,
Зуре ба тану равони мо Истиқлол.
Як миллати пошхурдаро ҷамъ овард,
Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиқлол.
Бо пайки хушаш ҳама Ватансоз шудем,
Ному насабу забони мо Истиқлол.
Соҳибватанему соҳиби қисмати хеш,
Муъҷизаи шаъну шони мо Истиқлол.
Равшан шуда аз чароғи чашмаш роҳи мо,
Моҳест дар осмони мо Истиқлол.
Эй ҳамқалами азиз, васфаш бисаро,
Зебоии достони мо Истиқлол.
Шукрона, ки дар канори ӯ масрурем,
Ободии хонадони мо Истиқлол.


Васфи истиқлол

Месароям маснади волои истиқлол,
Медамат хуршед аз фардои истиқлол.
Зери бари минати ғайре будан талх аст,
Коми мо ширин шуд аз ҳавлои истиқлол.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашту лек,
Аз ҷаҳони ишқ буд ҷуёи истиқлол.
Пири Тусӣ кард эҳё то Хурусонам
Шоҳнома худ бувад эҳёи истиқлол.

Миллати мо зист бо фарҳанги андеша,
То музаффар гашт ба дунёи истиқлол.
Қисса шуд шеъру забони шакарӣ моро,
Шеъри мо дорад ҳама маънои истиқлол.

Сураҳои ишқ орам ман ба номаш беш,
Оят-оят мекунам ифшои истиқлол,
Ҳамватан! Ай ҷони ман, дастобадаст имрӯз,
Саҷда бояд кард хоки пои истиқлол.


Ниёиши истиклол

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,
Намозамро ба даргоҳаш гузорам.
Бихонам ояти шукронааш беш,
Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.

Бибӯсам парчами сабзи Ватанро,
Хазони дил равад, ояд баҳорам.
Шабонгаҳ бодаи моҳаш бинӯшам,
Сабоҳаш бод доруи хуморам.

Агарчи баргу борам борҳо рехт,
Ҳамоно такдарахти устуворам.
Зи шеъри ноби илҳоми Худованд,
Маонии накӯро Интизорам.

Шаҳодатномаи ман «Шоҳнома»-ст,
Ватан оғози сабзи рӯзгорам.
Хуросони суханро шоире бод,
Чу Фирдавсӣ бигӯяд з-ифтихорам:

Ки оре, ориёиям ба олам,
Ва бошад Зардуҳишту Ҷам таборам.


Ин ҳама шеър (шер, шеьр) дар бораи Истиклолият дар сомонаи Donishju.net баҳри шумо ироа гардид. Шеърҳои нав дар васфи Истиклолият дар ҳамин мақола боз нашр хоҳанд шуд. Шеърхо дар васфи истиклолият шеър дар бораи истиклолият. Метавонед, ин ғазал дар бораи Истиклолиятро низ хонед >>

Ғазал/шеър дар васфи Истиқлолият

ҚаблӣМарди беҳтарин кист?
БаъдӣМуаллими мактаби муосир

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед