Фарҳанг, халқият ва забон

Фарҳанг сохтори  хеле  мураккаб ва гуногунзот мебошад. Дар он ҷанба ва тамоизи мухталифро ҷудо кардан мумкин аст: фарҳангҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ, нажодӣ,  қавмию  миллӣ, забонӣ, гурӯҳӣ — табақавӣ, ҷинсию синну солҳо ва ғ. Ҳамаи ин нишонаҳо  ба моҳияту вижагиҳои ҳар фарҳанг тахассус мебахшанд.

То солҳои охир, муҳимтарин  муайянкунандаи фарҳанг омили нажодӣ буд. Тасаввурот  дар бораи  нобаробарии аслии нажод  ҳанӯз  дар даврони бостон ташаккул  ёфта буд.  Аз давраи Замони Нав, бахусус, аз ибтидои давраи мустамликадорӣ, ақидаҳое ба вуҷуд омаданд, ки онҳо бартарии сафедпӯстонро бар нажодҳои   сиёҳпӯст ва зардпӯст асоснок менамуданд. Дар миёнаи асри ХIХ назарияҳои нажодӣ ба вуҷуд омаданд, ки яке аз асогузорони он файласуфи фаронсавӣ, ҷомеашинос ва муаллифи китоби  «Таҷрибаи нобаробарии нажодҳои башар» (с.1853-1855) Ж.Гобино буд. Дар назарияи ӯ ҷомеа, фарҳанг ва забон куллан бо нажод дар иртибот мебошад. Бо гузориши Гобино нерӯи муҳаррикии инкишофи мардум нобаробарӣ  дар иртибот бо тафовутҳои нажодӣ мебошад ва аз ин хотир фарҳанг давоми табиат аст, танҳо сафедпӯстони ориёнӣ аз нажоди асилу олӣ мебошанд, ки омезиши онҳо бо  нажодҳои дигар ба нобудшавии  ҳамаи  нажодҳо ё  ба коҳиши қобилияту  тавоноии ориёнҳо  оварда  мерасонад.

Дар асри ХХ  зери   таъсири муборизаи зидди мустамликадорӣ дар Африқо нусхаи «сиёҳи» назарияи  нажодпарастӣ, бо номи «негритюд» ба вуҷуд меояд, ки яке аз асосгузорони он шоири файласуф Л.Сенгор буд, ки  дар оянда ӯ президенти аввалини  Сенегал  мегардад. Ҳадафи асосии ин назария —  дифоъ аз фарҳангу  ҳуввияти фарҳангии сиёҳпӯстони африқоӣ буд, ки дар он  ба тафовутҳои аслӣ ва қатъии фарҳанги африқоӣ аз фарҳангҳои аврупоӣ ишора карда мешуд. Ба ақидаи Сенгор, фарҳанги аврупоӣ дар заминаи зеҳнӣ, аммо  фарҳанги африқоӣ дар  заминаи  эҳсосотӣ ташаккул ёфтаанд. Бинобар ин фарҳанги  африқоӣ нисбат ба фарҳанги аврупоӣ барои пайдо кардани ҳамоҳангӣ ва робитаҳои амиқ бо табиат афзалияти бештаре  дорад.   Дар фикри сафедпӯст мавзӯю ҳадаф ҳамеша муқобил гузошта мешаванд, дар тафаккури сиёҳпӯстони африқоӣ онҳо дар муқоиса якҷоя мешаванд. Сабаби он дар равоншиносии  сиёҳпӯсти африқоист: Бархилофи «ман фикр мекунам, ман ҳастам» — и Декарт, африқоӣ, мегӯяд: «ман эҳсос  мекунам дигареро, ман мерақсам, ман ҳастам». Нисбат ба Декарт, барои он ки сиёҳпӯсти африқоӣ дарки мавзӯъ кунад ба ӯ «ҳуввияти забонию зеҳнӣ» зарур нест, балки ӯ бояд фикр кунад аз як дӯсте, ки бо  вай мерақсад. Бар вай бештар эҳсоси  дӯсте  лозим аст, ки ҳамроҳи ӯ мерақсад. Бинобар ин дар Африқои Сиёҳ  мардум ҳамеша мерақсанд, то ки дигареро эҳсос намоянд. Рақсидан – ин кушодан, бозсохтан, ба вуҷуд овардан, ҳуввияти худро дар  нерӯи зиндагӣ  ҷуста ёфтан, аз ҳаёт пурра баҳраманд шудан – комилан  зистан аст. Ин аст шакли олии маърифат барои сиёҳпӯстони африқоӣ. Хиради Аврупои классикӣ – таҳлилист, зеҳни  сиёҳпӯсти африқоӣ – ҳиссӣ-эҳсосотӣ, зеро он бо касе ва ё чизе, ки ҳамроҳ аст,   ҷӯр ва шарик аст.

Нуктаи муҳимтарини назарияи «негритюд» — эҳёи фарҳангии сиёҳпӯстони  африқоӣ  — ба дастовардани истиқлолияти фарҳангии ин мардум буд, ки  барои озод шудани  онҳо аз фишори фарҳангии «берӯҳии ҷарбӣ» кӯмаки амалӣ расонида, чун  омили муҳими ба даст овардани истиѕлолияти сиёсию иқтисодии мардуми мазлуми  Африқо ба ҳисоб мерафт. Бешубҳа, дар давраи болоравии  муборизаҳои зидди истилогаронаи мустамликадорӣ  «негритюд» чун идеологияи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ баромад намуд, аммо пажӯҳишҳои илмӣ моҳияти иртиҷоию нажодпарастонаи  ин назарияро пурра ошкор карданд: муқобилгузории сиёҳпӯстони африқоӣ ба мардумон ва кишварҳои дигари дунё, нигоҳдошти муваққатии муносибатҳои ҷамоавию қавмӣ дар мамлакат ва монанди инҳо нишонаҳои равшани нажодпарстӣ мебошад. Аз ин рӯ, нақшу таъсири ин омил имрӯзҳо хеле коҳиш ёфта истодааст.

Тафриқа шудани фарҳанг ба  фарҳангҳои хурд аз мавҷудияти табақаҳо, синфҳо ва гурӯҳҳои аҳолӣ вобаста аст.Агарчи нақши ин омил дар замони мо кам шуда истодааст, аммо ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Сатҳи фарҳангии фақиртарин табақаҳои маҳруми ба ҳошия ронда шуда (маргиналӣ) дар ҷомеа  хеле паст мебошад, ки он дар  ҳама чиз – аз  сатҳи дониш то беҳдошти шахсӣ ошкор аст. Фарҳанги аҳзоб(элита), табақаҳои болоии ҷомеа зоҳиран бо сабки рафтору кирдор, одоби муошират, рафтори нафис, бо тадовуми анъанаҳои  бостонии ашрофонаи худ аз фарҳанги  дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ ҳаматарафа фарқ мекунанд. Табақаҳои миёна ва гурӯҳҳои синфӣ  намояндагони маъмултарин фарҳанги омма, баъзан бо номи фарҳанги тӯда  шинохта шудаанд ва ин табақаҳои ҷамъиятӣ бештари аҳолии мамлакатро фаро мегиранд. Сатҳи умумии фарҳанги омма баланд нест, аз ҳама хубаш — миёна  мебошад. Ба онҳо қисми зиёди синфи миёна — зиёиён ва эҷодкорон, ҳунармандон, соҳибкорон дохил мешаванд, онҳо соҳиби сатҳи болои нерӯи зеҳнӣ ва эҷодии ҷомеа буда, манбаи аслии тозагии фарҳанг мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хурдафарҳанги ҷавонон, ки ҳастии аслии он  дар замони муосир ба сурати мусиѕии ҷарбии поп-рок, як забони хоса ва дар  тарзу усули либосу рафтор зоҳир мегардад, миёни аҳли ҷомеа имтиёзҳои баланд дорад. Фарҳанги ҷавонон дар солҳои 60-70-уми асри ХХ дар Ғарб ба шакли як ҷунбиши зиддифарҳангӣ баромад мекунад. Он дар сафҳои худ ҷавонони қотеъ, донишҷӯёне, ки  ба идеяҳои Ж.Руссо, Нитсше, Фрейд, алалхусус, идеяҳои  файласуфи олмони амрикоӣ Г.Маркузе  гирифтор шуда буданд, ҷамъ намуд. Ин ҷунбиш бархилофи арзишҳои фарҳангии омма ва  ҷомеаи мардум зидди  парастиши илму фан (техника) ва арзишу ормонҳои фарҳанги анъанавии буржуазӣ буданд. Иштирокчиёни ҷунбиш тарафдорони фаъоли санъат, модернизм ва авангард буданд. Яке аз ҳадафҳои аслии ҷунбиш анҷоми инқилоби ҷинсӣ буд, ки аз он «эҳсоси ҷадид»  чун асоси ҷомеа ва инсони озоди ҳақиқӣ ба вуҷуд меояд. Далели ин аст, ки баҳс дар мавриди вуҷуди як хурдафарҳанги хоси занона, ки  бар инкишофи он  мӯд ва падидаҳои дигаре аз фарҳанги тӯда вуҷуд дорад. Тафовутҳои мушаххаси  миёни фарҳанги шаҳрӣ ва рустоҳ вуҷуд дорад. Заминаро барои таваҷҷуҳ ба мушахассоту вижагиҳои  фарҳангҳои касбӣ ва ғ.

Дар  замони мо бештар ба дарку фаҳмиши ду фарҳанг ақидаҳо мавҷуданд: ки яке миллӣ ва дигаре халқист. Дар воқеъ,  ҳар фарҳанг ба ягон халқ, ё миллате  тааллуқ дорад ва он миллӣ ё халқист. Аммо оиди ин масъала як нуқтаи назари аниқе мавҷуд нест. Ҳанӯз дар даврони бостон оиди моҳияти халқии  фарҳанг ду равияи  мухталиф мавҷуд буд: этноцентризм (халқгароӣ) ва космополитизм (ҷаҳонгароӣ). Мувофиқи  равияи якум, халқе фарҳанги худро аз ҳама боло гирифта, онро «дар маркази дунё гузошта», чун намуна барои  халқҳои дигар  муаррифӣ мекунад, фарҳанги  худро  аз ҳама боло дониста, нисбати фарҳангҳои дигар тарсу нобоварӣ, бегонаситезӣ (ксенофобия) ва хусумат  зоҳир месозанд.

Ба намояндагони равияи дуюм, баръакс, хусусияти аз чорчӯбаи  фарҳанги халқу кишвари худ фаротар берун омадан ва худро  шаҳрванди ҷаҳон гирифтан хос аст, асли он ватанпарастӣ нест. Космополитизм дар ин маврид муқобили  ватанпарастӣ меистад. Дар Юнони Қадим чунин равияҳое бо истилоҳи «қонуни Ҳеродот» ва «қонуни Ҳомер» машҳур буданд, ки онҳо бештар нуқтаи назари ҷаҳонпарастиро дастгирӣ мекарданд. Нисбати қоидаи  аввал чунин маъқула мавҷуд буд: «Мо аз ҳама  беҳтарин дар рӯи дунёем, дигарон, ҳар  қадаре ки аз мо дур бошанд, ҳамон қадар аз мо бадтаранд». Мувофиқи қонуни дуввум, баръакс, халқҳои аз мо дур–халқҳои арзандаю хушбахтанд, аммо дар худи мо —  ҳама чиз бад». Суқрот яке аз аввалин касоне буд, ки ба вузӯҳ дар мавозеи байналмиллалӣ будан буд, ки пояи космополитизм  устувор меистод. ӯ таъкид мекард: «Ман афинагӣ ё коринфянӣ нестам, ман – космополитам (ҷаҳониям)».

Яке аз намояндагои муосири равияи нисбияти  фарҳангӣ олими франсавӣ  К. Леви-Строс мебошад, ки ӯ низ мӯътақиди асолату фардияти фарҳанг буд. ӯ ба эҷоди силсилаи маротиби (иерархияи)  фарҳангӣ мухолиф буда, ҳамаи фарҳангҳоро ба ҳам баробар  мешуморад. Барои нигоҳ доштану ҳифз намудани гуногунрангии фарҳангӣ  вай маҳдуди тамос ва табодули фарҳангиро мумкин ва ҳатто лозим медонад. Леви — Стросс ӯ ба эҷоди  фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ бо назари танқид менигарад.

Ҷаҳонфарҳангӣ (универсализм) аз тарафи Ж.Ж.Руссо, И.Кант ва Гёте  шинохта шудааст. Тарафдорони  ин равия на танҳо ба имконияти  ба вуҷуд оварда шудани   фарҳанги ҷаҳонӣ, балки воқеӣ  гардидани он   эътиқод доштанд. Руссо мӯътақиди он буд, ки арзишҳо ва фазилати башар дар усулҳои  универсалӣ  мавҷуданд. Кант формулаи зарурати қатъии маъруфро, тибқи он амали хуб иҷро мешавад, агар он универсали бошад, метавонад мақбули ҳама гардад. Аз ин рӯ, адолат  ҷаҳонист, одил будан дараҷаи ҷаҳонист. Гёте фарҳанги ҷаҳониро аз фарҳанги миллиӣ болотар медорад, зеро боварӣ дошт, ки як ҳунарманди сатҳи ҷаҳонидошта қодир аст, ки  ба тамоми башарият ҳаловати дилангези зебоиороӣ бахшад.

Мушкилиҳои равобити  байни фарҳангҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ баъзан  аз тариқи баншури муаззили маъруфи  фарҳангнишосии «Шарқ ва Ғарб» омӯхта мешаванд. Баҳсу мунозираҳо оиди созгорӣ ё носозгории фарҳангҳои  ғарбию шарқӣ хеле қадимӣ буда, то имрӯз даъвоҳое доранд ва ҳанӯз ягон ҳалли худро, ки   қобили қабули  ҳама бошад, наёфтааст. Нуқтаи назари адиби инглис Р.Киплинг, ки  дар ин бора  баён кардааст , маъмулу машҳур аст: «Ғарб Ғарб асту Шарқ Шарқ, ҳаргиз ба ҳам намеоянд». Ақидаи равоншиноси  швейтсарӣ К.Юнг ба ҳамин назар мушобеҳ аст. ӯ чунин эътиқод дошт, ки мушахассоти навъҳои тафаккури  шарқию  ғарбӣ  чунон  тафовутҳое доранд, ки якшавии онҳо на танҳо  имконнопазир аст, балки барои фарҳанг аҳамияте надорад. Равияҳои ҷаҳонфарҳангҳӣ ва нисбияти фарҳангиро баҳо дода, ирсол медорем, ки бештарин аз маъқулоту муқаррароти ин гаровишҳо аслан ба ҳақиқат наздиканд. Онҳо комилан маъқулу мунтақӣ ва қонеъкунанда ҳастанд.  Бинобар ин ба ои мухолифаткорию муқобилгузориҳои фарҳангҳои Ғарбу Шарқ беҳтар ва самаранок мешуд, ки миёни ин ду навъи фарҳанги  ҷаҳонӣ ҳусни тафоҳум ва такомули  байниҳамдигарии онҳоро муяссар гардонем.

Дар айни замон дар дунёи имрӯза ба таври қобили таваҷҷӯҳ аксаран афзоиши равандҳое, ки ба эҷоди фарҳанг ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ  анҷом меёбанд, мушоҳида мешаванд. Агар мо илму фан ва охирин  фановариҳои (технологияҳои) иттилоотиро чун асоспояи тамаддунҳои имрӯза  пазирем, мо чунин хулоса  карда наметавонем, ки  ин раванд авҷ  мегирад. Тамаддуни ҷаҳонии тавлидшудаистода аст, воқеан, ягона ва  ҷаҳонӣ мебошад, зеро заминаҳои он чунин аст, ки дар он риёзиёт ё электроникаи миллӣ вуҷуд надорад, онҳо  ҷаҳонӣ  ҳастанд. Дар тавлид шудани фарҳанги ҷаҳонӣ низ шакку шубҳа нест. Аммо  ин ҷо хеле мураккаб ва печидатар  аст. Воқеият ин аст, ки то имрӯз фарҳанги  ҷаҳон  чун иттиҳодия на аз идғому инҳилоли (якҷояшавию ҳалшавӣ) мутақобил, балки аз беҳтарин дастовардҳои фарҳангҳои миллӣ ташкил шудааст. Танҳо бахше аз эҷоду арзишҳои фарҳанги миллӣ мисли  осори  ҳунарӣ ва  санъат дар саросари ҷаҳон шинохта ва пазируфта шудаанд. Аввал  ба ин сатҳ фарҳанги бостонии юнонию румӣ ва пас аз он фарҳангҳои  кишварҳои аврупоӣ. Аммо бо табдил шудан ба бахше аз фарҳанги ҷаҳонӣ, инчунин бо пайдо кардани сифатҳои  ҷадиди  фарҳангӣ  ин фарҳангҳо дар пояи миллии хеш монда, аз ҳуввияту фардияти худ ҳифз менамоянд.

Имрӯзҳо, як раванди ташвишовар: тарозандозӣ ва якхелакунонии фарҳангҳо, ки ҳадафи он ба вуҷуд овардани  фарҳанги ягонаи куллӣ ва якнавохт аст, мушоҳида мешавад. Ба ибораи дигар, зуҳури ба вуҷудоии фарҳанги ҷаҳонӣ ба шаклгирии тамаддуни ҷаҳонӣ шабоҳат дорад. Чунин масир ба тахлия ёфтани  фарҳангҳои миллӣ ва сабаби аз даст рафтани сарвати танвоии фарҳангӣ мегардад. Илова бар ин ҷиҳати қавмию миллӣ дар инкишофи фарҳанг забон нақши муҳим мебозад. Забон низ бо фарҳанг робитаи  органикӣ дошта,  дар ташкили асоспояи дохилии он муртабит аст. Сарфи назар аз забон фарҳанг вуҷуд надорад. Бинобар ин забон бештар ба ҳайси меъёри навъшиносии фарҳангӣ барои  фарқ кардани ихтилофи байни фарҳангҳо амал мекунад. Аҳамияти забонро таъкид намуда, файласуфи олмонӣ М.Хайдеггер гуфтааст:  «забон – хонаи ҳастӣ аст». Забон – абзори асосии маърифат ва азхудкунии олам, воситаи асосии муоширати байни одамон аст. Он як андоза шиносоиро бо фарҳангҳои дигар имконпазир мегардонад.


Фарханг, халкият ва забон

ҚаблӣФарҳанг ва табиат
БаъдӣРобитаи фарҳанг ва иқтисодиёт