Вазифаи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ (реферат)

Вазифаи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ (реферат, кори мустакилона). Вазифаи хифзи табиат, ёдгорихои таърихи ва фарханги


Боргирӣ намудан (скачать)

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст.

Мафҳуми муҳити зист муҳити маскунии одам, биосфераи зиндагии ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯи замин аст: мафҳуми муҳити зист низоми ягонаи табиати табиӣ ва он қисматҳои онро, ки ба сабаби фаъолияти одам дигаргун гаштааст, фаро мегирад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ашхоси юридикӣ ва воқеӣ ҳангоми ташаккул додани комплексҳои ҳудудиву истеҳсолӣ, рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ, бунёду азнавсозии шаҳрҳо, дигар мавзеъҳои аҳолинишин вазифадоранд, ки меъёрҳои то ҳадди охир раво донисташудаи дараҷаи сарборӣ ба муҳити табиии зисти минтақаро бо дар назардошти имкониятҳои потенсиалии он, зарурати истифодаи оқилона ҳудудҳои табиӣ бо мақсади таъмини шароитҳои нисбатан мусоиди ҳаёти аҳолӣ, роҳ надодан ба вайроншавии системаҳои табиии экологӣ ва фарорасии тағйироти барқарорнашаванда дар муҳити табиии зист ба инобат гиранд.

Корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд қоидаҳои технологӣ ва талаботи ҳифзи табиатро риоя карда, захираҳои табииро оқилона истифода кунанд ва барқарор созанд, барои беҳдошти муҳити зист тадбирҳои самарабахш андешанд.

Боргирӣ намудан (скачать)

ҚаблӣМеъёри номиналӣ ва ҳақиқии фоизи қарз дар бозори сармоя
БаъдӣВазифаи ҳифзи табиат