Робитаи фарҳанг ва иқтисодиёт

Равобити байни фарҳанг ва иқтисодиёт дар тӯли таърих ба таваҳуллоти қобили таваҷҷӯҳ дучор  шудааст, ки онро гоҳе як ҷунбише аз ҳамкорӣ ба сӯи ҳассосият номидаанд. Дар даврони бостон ва асрҳои  миёна фарҳанг ва иқтисодиёт дар ҳолати ҳамкорӣ, яъне ваҳдати органикӣ, ҳамкории наздик буда,  дар такмили якдигарӣ мекӯшиданд. Тавлиди молу халоқият, истеҳсолу эҷодиёт, арзишу ҳазина ба ҳам мутобиқат мекарданд. Ҳунарманду санъаткор дар симои як фард буд. Савмааю масҷиди асри миёнагӣ ҳам маркази мазҳабӣ, ҳам фарҳангӣ ва ҳам иқтисодӣ буд. Дар он маъбадҳо, маҷозаҳо, саноеи мухталиф, аз ҷумла утоқҳои китобатӣ, ки он ҷо  навиштани китоб, бознависии китоб марказонида  шуда буд, ба он беҳтарин сарзаминҳои васеъ ва густурда тааллуқ доштанд.

Аз оғози Замони Нав фарҳанг ва иқтисодиёт тадриҷан бо ҳам  ихтилоф пайдо карда, аз  ҳам ҷудо ва мустақил шуданд. Дар асрҳои XVII-XVIII  онҳо ҳамзистии маслиҳатомез дошта,  бидуни   дахолати якдигарӣ тараққӣ  мекарданд. Асри XIX бо тараққӣ ёфтани саноат ва мустаҳкам шудани сармоядорӣ, вазъият якбора тағйир меёбад. Байни фарҳанг ва иқтисодиёт як ҳассосият, ҳолати як навъи аллергия: тундмизоҷӣ, нобоварӣ, зудранҷӣ, нофаҳмӣ, бемурувватӣ ва носозгориҳо ба миён омад. Вижагии вазъияти бавуҷудомадаро шоири фаронса Бодлер чунин ифода намудааст:  «Ҳангоме ки саноат бар санъату ҳунар дахолат мекунад, вай душмани қаттоли он мегардад». Илми босурат инкишофёфтаистода, боз ҳам бештар аз иқтисодиёт вобаста мешавад, иқтисод бар фарҳанг ҳукмрон мешавад. Эҷоди арзишҳо ва ҳазинаҳои тавлид аз ҳам ва ҷудо дур мешаванд ва ба фаъолиятҳои нақизӣ ва мухолиф мубаддал мешаванд. Ҳазинаҳои тавлид ба ҳар роҳ дастгирӣ ва ҳимоят мегарданд, дар ҳоле ки эҷоди арзишҳои фарҳангӣ хеле номаҳбуб мешаванд.

Баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ қатъшавии муносибатҳо, муқовимату бегонаги миёни иқтисоду фарҳанг беш аз пеш шиддат мегирад.  «Саноати фарҳангии» навтавлидшуда, воқеан, ба яке аз бахшҳои иқтисодиёт табдил ёфта, фарҳанги оммаро ба вуҷуд меорад ва мавқеи ҳукмронро ишғол мекунад. Он талоши эҷодии санъату ҳунари фарҳанги асилу волоро  нодида гирифта, ба он фишор меоварад ва онро ситам  ва саркӯб мекунад. Иқтисодиёт фарҳанги аслиро бо истифодаи тарвиҷу дастгирӣ намудани  пеш аз ҳама таблиғот ва мӯд, ки ҳарҷониба  аз он дур мешуданд, онро ғайризарур ва боиси таҳрики масрафи харҷталаб, аммо воқеан барои ҳаёти рӯзмарра беманфиат мешумориданд, истисмор менамуд. Дар ин замина раванди посмодернизм, ки моҳиятан давоми фарҳанги омма буд, ба вуҷуд омад.

Бо вуҷуди ин, охири солҳои 80-ум дар робитаи байни фарҳанг ва иқтисод лаҳзаҳои ҷадиду мусбат пойдор мешаванд. Дар  бисёр кишварҳо нисбат ба фарҳанги волою санъати асил шавқу рағбат пайдо мегардад. Дар солҳои 90-ум миёни иқтисодиёт ва фарҳанг ҳаракат ба самти ҳамкорӣ ва мушорикот ба вуқӯъ меояд. Соли 1990 нахустин анҷуман барои боз кардани муносибатҳои ҳамдигарии байни фарҳанг ва иқтисодиёт баргузор гардид. Соли  1992 бо ибтикори Созмони миллали муттаҳид ва ЮНЕСКО  комиссияи ҷаҳонии фарҳанг ва тараққиёт  таъсис ёфт, ки дар асноди он назди ҷомеа вазифаҳои нав гузошта шуданд: таъмини тараққиёти устувор дар заминаи фарҳанг, ки чун омили калидию муҳими пешрафти  иқтисодиёт ва иҷтимоиёти асри ХХI мебошад. Чунин гузориши масъала ба сабаби он ба вуқӯъ омад, ки навъи ҳокимонаи ҳанӯз ҳам дар ҷаҳон ҳукмрони тараққиёти иҷтимоӣ, ки   кӯшиши афзоиши бебанду масрафи маводу манбаъҳои табииро дошта, ба нобудии муҳити зист – зисткурра (биосфера) таҳдид намуда, аз ин рӯ, мавҷудияти  башариятро зери хатар мегузорад, барои ҷилавгирӣ аз ин нохушиҳо  равона карда шудааст. Бинобар ин бо истиҳсоли ҳамоҳангии асолати моддӣ ва маънавии худ мо асосан бояд шеваи зиндагии худро қатъиян тағйир диҳем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Пештар чунин ақида вуҷуд дошт, ки илм тамоми мушкилиҳоро ҳал мекунад. Имрӯз равшан аст, ки тараққиёти устувор на танҳо ба илму фан ва фановарӣ, балки ба фарҳанги асилу воқеӣ  ниёз дорад. Аз ин рӯ, ба наздикшавии фарҳангу иқтисодиёт эҳтиёҷ аст. Иқтисодиёт шароити зиндагиро фароҳам меорад, он ба инсон сарват медиҳад. Фарҳанг ба зиндагии инсон маънию мақсад бахшида, шодию  фараҳ меорад.


Робитаи фарханг ва иктисодиёт

ҚаблӣФарҳанг, халқият ва забон
БаъдӣБисёрфарҳангӣ (мултикултурализм)