Ҳифз ва истифодаи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ

Хифз ва истифодаи мероси таърихи ва фарханги, Ҳифз ва истифодаи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ


Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки ҳифзи онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад, ёдгориҳои манқул ва ғайриманқулро фаро мегирад.

Ёдгориҳои ғайриманқул аз ёдгориҳои таърихӣ — биноҳо, иншоот, ҷойҳои ёдгорӣ, муҷассамаҳову обидаҳо, ёдгориҳои археологӣ, ғорҳо, қароргоҳхо, шаҳрҳо, хоктеппаҳо, боқимондаҳои мавзеи сукунати қадимӣ, истеҳкомҳо, системаҳои обпартоию объёрӣ, роҳу кӯпрукҳо, қалъаҳо ва қӯрғонҳои алоҳида; офаридаҳои якҷояи инсону табиат, ҳамчунин минтақаҳо, аз ҷумла ҷойҳои маскунияти қадимӣ мебошанд, ки аз нигоҳи таърих, бастоншиносӣ ва антропология арзишманданд ва аҳамияти калони илмиву амалӣ доранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ёдгориҳои манқул аз объектҳои ягона-бозёфтҳои археологӣ, ашёи қадимӣ, муқаддасоти таърихӣ, асарҳои бадеӣ (мусаввараҳо, графика, санъати амалӣ, кино ва суратнигорӣ) иборатанд, ки дар осорхонаҳо, фондҳо, китобхонаҳо, анборҳо, коллексияҳои гуногуни давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ маҳфуз дошта мешаванд. Соҳибони объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ бояд аз мақомоти салоҳиятдор шиносномаи намунаи муқаррарии обектҳои ҳифзи мерос бигиранд.

Давлатҳои тарафдори Конвенсияи мазкур истиқлолияти давлатҳоеро, ки дар ҳудудашон мероси фарҳангӣ ва табиии дар моддаҳои 1 ва 2 муайянгардида ҷойгиранд, комилан эҳтиром намуда ва ҳуқуқҳои пешбиникардаи қонунгузории миллиро нисбати мероси нишондодашуда маҳдуд насохта, эътироф менамоянд, ки вай мероси умумии аҳли башар аст ва барои ҳифзи он ҳамаи ҷомеаи байналмилалӣ взифадор аст ҳамкорӣ намояд.

Моддаи 6-и Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ