Феълҳои сохта, феълхои сохта. Грамматикаи забони тоҷикӣ.
Феълҳои сохта аз асос ва пешванду пасвандҳои калимасоз сохта мешаванд: фаровардан, бархостан, хушкидан, ҷангидан, даргузаштан, даромадан.
Машқи 424. Феълҳоро нависед, асос ва пешванду пасвандҳоро бо аломат ишора кунед.
Баргаштан, бардоштан, баровардан, баркашидан, даромадан, даргирифтан, боздоштан, вохӯрдан, фуровардан, номидан, хушконидан, талабидан, сабзидан, фаҳмидан.
Машқи 425. Ҷумлаҳоро нависед ва феълҳои сохтаро шарҳ диҳед.
1.Баъди як моҳ Аҳмадбек аз саф баргашт. Мард ба тарафи духтарак хам шуда, аз қуттие, ки дар поёни кабина, дар муқобили ӯ воқеъ буд, сачоқеро баровард. (Ф.Муҳаммадиев) 2.Кампир баромада рафту пас аз дақиқае Насимҷон ба хона даромад. (Ҷ.Икромӣ) 3. Қодирову соҳибхона пасу пеш фуромада ба ҳавлӣ даромаданд. (Р.Ҷалил)