Ғизогирӣ ва сабзиши майса. Муҳлати кишт

Ҳангоми чашидани таъми тухми насабзида (барои муқоиса), сипас донаи нешзадаи ҷав, гандум ё ҷавдор, шумо ба андак ширин будани тухми нешзада боварӣ ҳосил мекунед. Зеро ҳангоми сабзиши тухм оҳари эндосперми тухм аз таъсири об ва моддаҳои махсус ба қанд табдил меёбад. Сипас, қанд дар шакли маҳлули обӣ ба ҷанин дохил мешавад. Ҳуҷайраҳои решача, пояча ва муғҷаи ҷанин аз ин маҳлул ғизо гирифта, бошиддат тақсим мешаванд ва сабзида ба майса табдил меёбанд.

Дар тухмпаллаи рустаниҳои дупалла (лӯбиё, нахӯд) моддаҳои ғизоӣ захира шудаанд ва бе онҳо навниҳол дар давраҳои аввали сабзишаш нашъунамо карда наметавонад. Агар як тухмпалларо бурида партоем, дар ниҳол фақат нисфи моддаҳои ғизоӣ боқӣ мемонанд (26) ва ниҳол аз нокифоягии ғизо ниҳоят суст нашъунамо мекунад.

Дар вақти бурида партофтани эндосперми тухми рустаниҳои якпалла ё дупалла навниҳоли онҳо аз нашъунамо боз монда нобуд мегардад. Зеро ниҳол аз истифодаи моддаҳои ғизоии эндосперм маҳрум мешавад.

Барои кишт одатан тухми калон-калонро интихоб мекунанд. Зеро ҳар чӣ қадар тухм калон бошад, дар он миқдори моддаҳои ғизоӣ зиёд буда, он ба сабзиши хуби ниҳолҳо мусоидат мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар натиҷаи тақсимшавии боавҷу инкишофи ҳуҷайраҳои ҷанин сабзиш ва ба майса табдил ёфтани он сурат мегирад. Нисбат ба дигар узвҳои ҷанин аз ҳама аввал решача пайдо шуда, тез инкишоф меёбад ва дар замин ба зудӣ мустаҳкам мешавад. Одатан дар майсаи рустаниҳои якпалла якчанд реша инкишоф меёбад. Ниҳоли рустаниҳои дупалла як решаи асосӣ дошта, вай сонитар шоха меронад ва ғафс гардида, ба тирреша табдил меёбад.

Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, барои тухмҳои сабзидаистода об, ҳаво (оксиген) ва гармӣ ҳатман зарур аст. Бинобар он бо муайян кардану риоя намудани муҳлати кишт мавҷудияти ин шароити заруриро таъмин кардан мумкин аст. Масалан, аввали баҳор, агарчанде дар замин захираи фаровони оби борону барф мавҷуд бошад ҳам, дар ин вақт хок ба қадри лозимӣ гарм нашудааст. Ҳол он ки тухми на ҳар рустаниро дар замини сард коридан мумкин аст. Дар бештари ҳолатҳо фақат тухми рустаниҳои сармотобовар (гандуми баҳорӣ, зағир, сулӣ, ҷавдор, мушунг 24)-ро дар аввали баҳор мекоранд. Зеро барои сабзиши ин қабил рустаниҳо ҳарорати нисбатан паст ва намии кифоякунанда даркор аст.

Ҳангоме ки замин ба қадри кифоя гарм мешавад, тухми рустаниҳои гармидӯст ё ба гармӣ серталабро кишт мекунанд.

Вале ҳаминро ба назар гирифтан лозим аст, ки тухми рустаниҳои гармидӯст, аз қабили ҷуворимакка, лӯбиё, бодиринг, каду, харбуза, помидор 24 -ро ҳам дер коштан мумкин нест. Азбаски офтоб рӯз то рӯз гармтар мешавад ва ин боиси боз хушктар гардидани замин мегардад, бинобар он кишти бемаҳали ин зироатҳо метавонад боиси камҳосилии онҳо гардад. Дар аксари ҳолатҳо ҳамин ки замин 10-15 дараҷа гарм шавад, ҳарчи қадар тезтар тухми рустаниҳои гармидӯстро коштан зарур аст. Агар муҳлати кишт гузарад, тухм ба замини хушк афтида, суст месабзад ва боиси кам шудани ҳосил мегардад.

Аз ин рӯ, риояи қатъии муҳлат ва қоидаҳои саривақтии кишт барои нашъунамои хуби зироатҳо ва афзудани ҳосили онҳо аҳамияти калон дорад.

Нафасгирии тухм (тухми растанӣ)


Гизогири ва сабзиши майса. Мухлати кишт

ҚаблӣНафасгирии тухм (тухми растанӣ)
БаъдӣТухм (Тухми растани)