ФРАЗЕОЛОГИЯ

забони точики, реферат, грамматикаи забони тоҷикӣФРАЗЕОЛОГИЯ (аз юнонӣ рhrasis— ибора, ифода ва логия), як қисми забоншиносист, ки маҷмӯи таркиб, ибора, ҷумлаҳои рехтаю устувор, қонуниятҳон инкишоф ва категорияҳои лингвистии онҳоро меомӯзад. Чунин ифодаҳои рехтаю устувори забонро воҳидҳои фразеологӣ (фразеологизмҳо) меноманд. Ба воҳидҳои фразеологии забон ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаъно (масалан, гурги борондида— шахси доно; маккор; салмаи сақат — чизи зиёдатӣ; аз олам гузашт — фавтид, аз сад гулаш як гулаш ҳам нашукуфтааст — хеле ҷавон; чашмаш равшан шуд — таваллуд кард ва ғайра) дохил мешаванд. Воҳидҳои фразеологӣ сохти устувор дошта, унсурҳои таркибии онҳоро беасос тағйир додан мумкин нест. Масалан, агар ибораи фразеологии рости гап ба шаклҳои ҳақиқати гап, гапи рост, ё ростии гап иваз шавад, хусусияти фразеологиашро гум мекунад. Аммо воҳидҳои фразеологие низ ҳастанд, ки ҷузъҳояшон тағйир меёбанд. Масалан, ба ҷои ифодаи аз дилу ҷон баъзан бо дилу ҷон, бо ҷону дил, аз ҷону дил ҳам мегӯянд, ки ҳамчун шаклҳои гуногуни як воҳиди фразеологӣ ба як маъно истифода мешаванд. Аксари воҳидҳои фразеологӣ дорои тобишу ҷилои хоси миллӣ буда, тарҷумаашон ба дигар забонҳо душвор аст.
Фразеология ҳамчун илми мустақил дар забоншиносии муосир солҳои 40 ва 50 ба вуҷуд омад. Фразеологияи тоҷик таърихи дуру дароз дорад. Дар аввалин луғатҳо («Луғати фурс», «Фарҳанги Сурурӣ», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Бурҳони қотеъ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Ғиёс-ул-лугот» ва ғайра) воҳидҳои фразеологӣ низ тафсир ёфтаанд. Дар омузиши фразеологияи тоҷик Н. Маъсумӣ, Д. Тоҷиев, М. Фозилов, А. Мирооев ва дигарон саҳми калон гузоштаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣСистемаи ҳизбӣ ва навъҳои асосии он
БаъдӣҲизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа