Қатори якрӯзаҳо. Катори якрузахо

Қатори якрӯзаҳо. Катори якрузахо. 


Дар ҳолати болиғӣ як ё якчанд рӯз зиндагонӣ мекунанд, номашон ҳам аз ҳамин хусусият гирифта шудааст. Якрӯзаҳо дар тамоми дунё паҳн шудаанд. Ҳашароти болиғ болҳои шаффофи тунук ва дар охири шикам 2-3 нахи думӣ доранд (расми 99 б). Дар ҳолати болиғӣ хӯрок намехӯранд, зеро умри хеле кӯтоҳ дида, ҳатто узви даҳонӣ надоранд. Вазифаи фардҳои болиғ аз бордор шудан ва мондани насл иборат аст. Тухмашонро дар об мемонанд. Аз тухм кирмина мебарояд ва он дар об инкишоф меёбад. Давраи кирминагиашон 2-3 сол давом меёбад. Кирминаҳо хӯроки муҳимми моҳиҳо мебошанд.

Расми 99. Ҳашароти шаклдигаркуниашон нопурра
Расми 99. Ҳашароти шаклдигаркуниашон нопурра

Муфассал >> Қаторҳои маъмулии синфи ҳашарот

ҚаблӣҚатори нонхӯракҳо
БаъдӣҚатори сӯзанакҳо. Катори сузанакхо