Ғам махур (газал аз Хофиз)

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр,

Кулбаи эҳзон1 шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!

Эй дили ғамдида, ҳолат беҳ шавад, дил бад макун

В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон2, ғам махӯр!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гар баҳори умр бошад, боз бар тарфи чаман

Чатри гул дар cap кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр!

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!

Ҳон, машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб3,

Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!

Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баид4,

Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр!

Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,

То бувад вирдат дуову дарси Қуръон, ғам махӯр!


Луғат

  1. Эҳзон – ҳузн, ғам, андуҳ.
  2. Сомон – тартиб, саранҷомӣ.
  3. Сирри ғайб – ҳар чизи нопайдо ва пинҳон, сирри илоҳӣ.
  4. Баид – дур, нопадид.

Феҳристи ғазалҳо аз Ҳофизи Шерозӣ инҷо<<

Донӣ, ки чист давлат? (ғазали Ҳофиз)


Гам махур (газал аз Хофиз), Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, гам махур, шеъри Юсуфи гумгашта, газалиёти Хофиз, газалхо аз Хофизи Шерози.

ҚаблӣДонӣ, ки чист давлат? (ғазали Ҳофиз)
БаъдӣХуш набошад (Ғазали Ҳофиз)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед