Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода баҳор хуш набошад.
Тарфи1 чаману тавофи6 бӯстон
Бе лолаузор хуш набошад.
Рақсидани сарву ҳолати гул
Бе савти ҳазор хуш набошад…
Ҳар нақш, ки дасти ақл бандад,
Ҷуз нақши нигор2 хуш набошад.
Ҷон нақди муҳаққир3 аст, Ҳофиз,
Аз баҳри нисор хуш набошад.
Феҳристи ғазалҳо аз Ҳофизи Шерозӣ инҷо<<
- Тарф – гӯшаю канор.
- Тавоф – гардидан гирди чизе.
- Нақши нигор – тасвири маҳбуба, сурати дилбар.