Сохт ва тарзи хаётгузаронии хашарот. Мухити зист ва сохти берунии хашарот. Рафтори хашарот.
Муҳити зист ва сохти берунии ҳашарот
Ҳашаротро ҳама ҷо дидан мумкин аст: дар саҳро, боғ, ҷангал, полез, дар оғилхонаҳо ва дар ҷойи истиқомати инсон. Бисёр намуди ҳашарот дар хок ва дар об зиндагӣ мекунанд. Шапалаки карамхӯракро дар саҳро, полизҳои карам ва дар ҷойҳое, ки рустаниҳои салибгул мерӯянд, дидан мумкин аст. Гамбӯски саврӣ дар боғ, ҷангал, пашаи хонагӣ дар хонаҳои истиқоматӣ вомехӯранд. Агар ин ҳашаротро ба якдигар муқоиса кунем, мебинем, ки бадани онҳо аз сар, сина ва шикам иборат аст (ба расми 83 нигаред).
Ҳашарот дар сар як ҷуфт чашми мураккаб, як ҷуфт мӯйлабча ва узви даҳонӣ доранд. Ҳар як чашми мураккаб аз ҳазорҳо чашмакҳои одӣ иборат аст. Баъзе ҳашарот, масалан, занбӯри асал, ба ҷуз чашмҳои мураккаб чашмчаҳои сода низ дорад. Шакли мӯйлабҳо мухталиф аст (ба расми 94 нигаред). Дар шапалак узви даҳонӣ дарозрӯяи хартуммонанд аст. Ин гуна узви даҳониро маканда меноманд, онҳо хӯроки моеъро мемаканд. Мухталиф будани узви даҳонӣ натиҷаи мутобиқ шудан ба хӯрокҳои гуногун аст.
Сохти ҳашарот ба тарзи ҳаётгузаронӣ ва шароити муҳити сукунаташон вобаста аст. Масалан, малах дар алафзор зиндагӣ карда, пойи қафояш ҷаҳанда, гамбӯски саргинғелон пойи пеши кобанда ва гамбӯски шинокунанда пойи ақиби шиноварӣ дорад (ба расми 95 нигаред). Боли ҳашарот як ё ду ҷуфт аст. Болҳо аз ҷиҳати сохти ҷойгиршавии рагҳо ва рангашон аз якдигар фарқ доранд. Ҳашарот дар ҷустуҷӯйи хӯрок ва фарди намуди худ ба масофаи дур парвоз мекунанд. Баъзе ҳашарот қобилияти хеле хуби парвоз карданро доранд. Масалан, пашаи хонагӣ хеле тез парвоз карда, дар вақти парвоз худро моҳирона ба ҳар тараф партофта метавонад. Шапалак дар болои гул овезон шуда, шаҳд ҷустуҷӯ мекунад.
Шиками ҳашарот аз 5-11 буғум иборат аст. Дар паҳлуи шикам сӯрохиҳои ҳаводаро мавҷуд буда, тавассути онҳо ҳаво ба нойи нафас дохил мешавад.
Рафтори ҳашарот
Рафтори ҳашарот, махсусан ҳашароти ҷамъиятӣ хеле мураккаб аст. Масалан, занбӯри асал дар байни занбӯрҳо рафтори аз ҳама мураккаб дорад. Инсон занбӯри асалро барои ба даст овардани асал, мум аз давраҳои хеле қадим парвариш ва хонагӣ кардааст.
Оилаи занбӯри асал аз занбӯрҳои корӣ, нарзанбӯр ва фарди модина (малика) иборат аст. Занбӯрҳо дар қуттии занбӯри асал ба якдигар ахбор медиҳанд. Масалан, занбӯрҳои корӣ агар рустаниҳои сершаҳдро ёбанд, ба қуттии занбӯр баргашта, шикамашонро ҷунбонда, дар хоначаҳои пеши қуттӣ чарх мезананд. Чунин менамояд, ки онҳо мерақсанд. Аз рақси ин занбӯрҳо дигар занбӯрҳои корӣ роҳ ва масофаро ба сӯйи рустаниҳои сершаҳд муайян мекунанд. Ҳамчунин боз ба онҳо бӯйи он гулҳоеро меоваранд, ки аз онҳо худ чанде пеш шаҳд ва гарди гул ҷамъ карда буданд. Занбӯрҳои корӣ баъд аз ин барои хӯрок ба сӯйи рустаниҳое, ки занбӯрҳои хабаррасон онҳоро нишон доданд, парвоз мекунанд.
Мӯрчаҳо шабона роҳи даромади мӯрчахонаро маҳкам мекунанд, хӯроки намнокро ба берун мебароранд, пас аз хушк шудан онро боз ба мӯрчахона мекашонанд. Гамбӯски саргинғелонро дар Юнони Қадим гамбӯски муқаддас меномиданд. Саргини ҳайвонҳои ширхӯрро ҳамчун хӯрок барои кирминаҳояшон курашакл карда, дар он ҷо тухм мемонанд. Кирминаҳои аз тухм баромада аз он ғизо мегиранд.
Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳама гуна фаъолияти ҳашарот силсилаи рефлексҳои якдигарро ивазкунандаанд. Масалан, дар сохтан ва омода намудани канду (қуттизанбӯр) барои тухммонӣ рефлекси сохтмонӣ фаъол аст. Баробари ба итмом расидани қуттизанбӯр фаъолияти ин рефлекс қатъ шуда, рефлекси ҷамъкунии шаҳд ба фаъолият сар мекунад. Силсилаи пайдарҳами кори рефлексҳо дар рафтори мураккаби ҳашарот ё дигар ҳайвонот ғариза (инстинкт) ном дорад. Қувваи ҷисмонии ҳашарот ба андозаи танаашон мувофиқ нест. Масалан, мӯрчаҳо бори аз вазни танаашон 500 маротиба ва занбӯри асал 300 маротиба зиёдтарро бардошта метавонанд.
Саволҳо
- Ба муҳити зист ва тарзи ҳаётгузаронӣ вобаста будани сохти ҳашаротро бо мисолҳо фаҳмонед.
- Аз рӯйи намуди зоҳирӣ ҳашаротро аз харчангшаклҳо ва тортанакшаклҳо чӣ тавр фарқ мекунанд?
- Ғариза (инстинкт) чист?


















