Омад баҳору мавсими гулҳо расидааст (ғазал)

Омад баҳору мавсими гулҳо расидааст,

Лола алам1 ба кӯҳу ба саҳро кашидааст.

Булбул суруд гуфта, сарандоз гашта сарв,

Ғунча зи шавқ ҷуббаи хазро2 даридааст.

бахор картинки, гулу булбул

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар чашми шӯхи наргиси ту ҳеч шарм нест,

Кӯр аст он ду наргиси раъно надидааст.

Сабза синон3 кашида ҳамегӯяд обро,

Нодида магзаред, ки гулҳо дамидааст.

Доғе, ки ҳаҷр кард маро душ бар ҷигар,

Ҳар наърае задам, ки сурайё4 шунидааст.

Бар боми чарх рафт дилу зери бори ӯ,

Пушти дутоӣ гунбади мино5 хамидааст.

Дил гуфт тарки Носиру омехт бо ғамаш,

Ӯ қатра буду ҷониби дарё давидааст.

Носири Бухороӣ


Луғат

  1. Алам – байрақ.
  2. Хазро – сабза ва гиёҳи сабз.
  3. Синон – найза.
  4. Сурайё – ситораи Парвин.
  5. Мино – фалак, гунбади мино – гунбади фалак.

Нони гандум (шеър)


Омад бахору мавсими гулхо расидааст (газал), Шеър/Газал дар бораи бахор, дар васфи бахор

ҚаблӣИлму адаби тоҷик дар асри XIII (13) ва миёнаҳои асри XIV (14)
БаъдӣЗайниддин Маҳмуди Восифӣ