Ғазал/шеър дар васфи Истиқлолият

Истиклолият шеърхо. Шеър дар васфи / бораи Истиклолият. Истиқлолият неъмати бебаҳост. Неъмате бехтар зи истиклол нест.


Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.
Даври ӯ чун даври соғар нашъабахш,
Аҳди ӯ ҷуз аҳди маймунфол нест.
Ин саодат, ин каромат, ин шараф
Ҷуз насиби миллати фаъол нест.
Айшу озодӣ муродиф будаанд,
Миллати маҳрум аз ӯ хушҳол нест.

Кай ба авҷи эътибораш ҷо бувад,
Ҳамчу он мурғе, ки ӯро бол нест.
Шукри эзид, миллати озоди мо
Ҷуз ба зери дасти истиқлол нест.
Ҳар ки ҷо дорад ба мулки мустақил,
Ҳеҷ гоҳе халқи ӯ помол нест.
Васфи истиқлол кун аз рӯи шавқ,
Эй суханпарвар, забонат лол нест.
Ҷуз тараққии ҳақиқии ватан
Ҳеҷ Бетоби маро омол нест.

Абдулхақи Бетоб

Дигар шеърҳо дар васфи Истиқлолият дар ин саҳифа оварда шудаанд: ШЕЪР -ИСТИҚЛОЛИЯТ

Шеър дар бораи Истиклолият


Газал дар бораи истиклолият, шеър дар бораи истиклолият, дар васфи истиклол, истиклолияти точикистон муборак, шеърхо, бо забони точики, на таджикском языке, скачать бесплатно, шеър аз Абдулхаки Бетоб.

ҚаблӣДӯхтани чойникпӯшак ва чойникмонак
БаъдӣИстиклолият муборак – Табрикот барои истиқлолият