Хусусиятҳои назму наср ва радифу қофия

Маънои назм ба низом даровардан аст. Назм бо якчанд хусусияти худ аз наср фарқ мекунад. Аввал, дорои вазн ва оҳанги махсус аст. Дувум, радифу қофия дорад. Масалан, барои исбот байти зерро аз назар мегузаронем:

Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд,

Давоми матн пас аз блоки реклама

Бо бӯи гулу мушку насими суман ояд.

Байти боло дорои порчаҳои тараннумӣ буда, дар як вазн омадааст. Ҳар ду мисраъ бо ҳам баробар ва ҳамвазнанд. Инчунин «ояд» дар байт радиф шуда омадааст. Ба ҳамин тариқ,, қофия гуфта калимаҳоеро мегуянд, ки қисмати охирашон ба ҳам монанд бошанд. Мисли ман бо суман, чаман, зан, даман ва ғайра. Агар дар охири шеър калима ё ибора такрор шавад онро радиф мегуянд. Дар байти боло «ояд» такрор шудааст ва радиф аст.

Наср бошад ин хусусиятҳоро надорад. Вале гоҳ-гоҳ дар наср ҳам қофия меояд, вале ин асосӣ нест. Ин намуди насрро насри мусаҷҷаъ мегуянд.

Маълумоти умумӣ дар бораи вазни арӯз<<


Хусусиятхои назму наср ва радифу кофия, назм чист?, наср чист?, радиф чист?, кофия чист,  дар адабиёти точик.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама