Фазилати зикри Худо

Фазилати зикри Худо, чунин ном гирифтааст, нашри навбатии пандномаи Аттор, мутолиа намоед ва ба дӯстонатон равон намоед >>


Бош доим, эй писар, бо ёди ҳақ,

Гар хабар дорӣ зи адлу доди ҳақ.

Зинда дор аз зикр субҳу шомро,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар тағофул магзарон айёмро.

Ёди ҳақ омад ғизо ин рӯҳро

Марҳам омад ин дили маҷрӯҳро.

Ёди ҳақ гар мӯниси ҷонат бувад,

Кай ҳавои коху айвонат бувад.

Гар замоне ғофил аз раҳмон шавӣ,

Андар он дам ҳамдами шайтон шавӣ.

Мӯмино, зикри Худо бисёр гӯй,

То биёбӣ дар ду олам обрӯй,

Зикрро ихлос мебояд нахуст,

Зикри беихлос кай бошад дуруст.

Зикр бар се ваҷҳ бошад бехилоф,

Ту надонӣ ин суханро аз газоф.

Омро набвад ба ҷуз зикри забон,

Зикри хосон бошад аз дил бегумон.

Зикри хосалхос зикри сир бувад,

Ҳар кӣ зокир нест, ӯ хосир бувад.

Ҳамди холиқ бар забон рон, эй писар,

Умр то барбод надҳӣ сарбасар.

Лаб маҷунбон ҷуз ба зикри кирдигор,

3-он ки поконро ҳамин будаст кор.

Аз “Панднома”-и Аттор


Барои зиёд намудани чунин маводҳо сомонаи моро ба дӯстонатон тавсия намоед ва ин матлабро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо тақсим (поделиться) намоед >>


зикри номи Худо, савоби зикри Худо, пандномаи Аттор

ҚаблӣИдат муборак, устод!
БаъдӣХусусиятҳои назму наср ва радифу қофия

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед