Нақши фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа (сотсиология)

Нақши фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа. Накши фарханг дар хаёти чомеа.


Нақши фарҳанг дар ҷомеа пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки вай ба сифати воситаи ҷамъ оваранда, ҳифзкунанда ва интиқолдиҳандаи таҷрибаи инсонӣ баромад менамояд. Ин нақши вай тавассути вазифаҳое, ки вай дар ҷомеа иҷро менамояд, ба зоҳир мерасад. Бояд зикр намуд, ки тамоми вазифаҳои фарҳанг моҳиятан ба ҳам алоқаманд буда, аз як тараф, ҳамдигарро пурра месозанд, аз тарафи дигар, нақши фарҳангро дар ҷомеа вобаста ба талаботҳо ва самтҳои ҳаётии аҳли ҷомеа мушаххас менамоянд.

Дар ҷомеа фарҳанг пеш аз ҳама вазифаи танзимнамоиро иҷро менамояд. Вай тавассути меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ ва арзишҳои маънавии хеш ҳаёти аҳли ҷомеаро ба танзим медарорад. Арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ чун қутбнамо роҳи фаъолияти ҳаётии шаҳрвандро равшан намуда, онро ҳамеша дар чаҳорчубаи муайян нигоҳ медоранд. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки вай вазифаи роҳнамоиро дар доираи мундариҷаи меъёрӣ-арзишии худ иҷро менамояд.

Фарҳанг дар ҷомеа имрӯз вазифаи бузурги маърифатӣ ва тарбиявиро низ иҷро менамояд. Метавон ҳатто гуфт, ки маҳз фарҳанг инсонро инсон месозад. Яъне, ҳар фард вобаста ба сатҳи иҷтимоишавии хеш инсон, узви ҷомеа мегардад. Барои ин мақсад ба ӯ азхуднамоии дониш, забон, рамзҳо, арзишҳо, меъёрҳо ва урфу одату анъанаҳои мардумии худ ва тамоми инсоният кӯмак менамоянд.

Шахс бо шиносоии хеш бо осори фарҳангии миллати худ ва ё миллатҳои ғайр олами маънавии хешро ғанӣ гардонда, дараҷаи маълумотнокӣ ва маърифатнокии худро ба сатҳи сифатан нав мебардорад. Огоҳӣ бо осори фарҳангии гузаштагону бегонагон имкон медиҳад, ки дар муайян намудани дурнамои фаъолияти ҳаётии худ камтар ба иштибоҳ роҳ дода, аксаран роҳи дурустро интихоб намояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Яъне, фарҳанг ва арзишҳои вай ҳамеша метавонанд барои дилхоҳ аҳли ҷомеа чун сабақи зиндагӣ хидмат намоянд. Ҳамзамон фарҳанг бо унсурҳои худ инчунин вазифаи тарбиявиро иҷро менамояд. Яъне, шахс бо фарҳанг ва арзишҳои фарҳангӣ шинос шуда, метавонад неку бад ва муфиду музирро аз ҳам ҷудо намуда, роҳ ва мавқеи худро оқилона муайян намояд.

Дар умум моҳияти вазифаи тарбиявии фарҳанг ба он нигаронида шудааст, ки шахсро дар доираи арзишҳои солиму созанда тарбия намояд.


Фарҳанг дар низоми ҷомеа (сотсиология)

ҚаблӣУнсурҳои асосии фарҳанг (сотсиология)
БаъдӣВазифаҳои баҳамоварӣ (интегративӣ) ва азҳамҷудосозии (дезинтегративӣ) фарҳанг