Мох – хамсафари Замин (Мохтоб маълумот)

Моҳ – ҳамсафари Замин (Моҳтоб маълумот). Табиат ва қонуниятҳои ҳаракати Моҳ аз замонҳои қадим диққати олимонро ба худ ҷалб мекард.

Доир ба ин масъала дар асоси тадқиқот ва мушоҳидаҳо асарҳои зиёде навишта шудаанд. Дар асри XIII олими форсу тоҷик Насируддини Тӯсӣ доир ба қонуниятҳои ҳаракати Моҳ назарияи томе пешниҳод карда буд. Баъдтар онро Қутбиддини Шерозӣ ва Ибни Шотир такмил ва инкишоф доданд.

Назарияи кунунии ҳаракати Моҳ дар аҳди (замони) Николай Коперник ба миён омад. Моҳ ба ақидаи олимон, бо Замин дар як вақт пайдо шудааст. Аз ин таҳлил ва муқоисаи таркиби намунаҳои ҷисмҳои Моҳ ва Замин гувоҳӣ медиҳад. Он ягона ҳамсафари табиии Замин ва наздиктарин ҷирми осмонӣ буда аз он дар масофаи 384 402 километр дур воқеъ гардидааст. Моҳ дар атрофи меҳвари худ ва Замин давр мезанад, баробари ин бо ҳамроҳии он дар атрофи Офтоб ҳаракат мекунад. Давргардии Моҳ дар атрофи Заминро нисбат ба Офтоб моҳи синодӣ (қирон-наздикшавӣ) номидаанд. Ҳангоми аз рӯйи мадори худ ҳаракат кардан Моҳ дар як моҳ як маротиба аз байни Офтоб ва Замин мегузарад. Дар ин вақт ба Замин тарафи норавшани он аён мешавад. Ба ҳамин тариқ Моҳ нав мешавад. Моҳи навро ҳилол мегӯянд. Агар мушоҳида кунед, он дар самти ғарбии осмон баъди як-ду рӯз дар шакли дос равшан намоён мешавад.

Баъди 7 шабонарӯз Моҳ аз Офтоб аз ҳолати пештара ба андозаи 900 дур мешавад. Дар ин вақт нисфи кураи Моҳ равшан мешавад ва чоряки якум оғоз меёбад. Дар давоми 14-15 шабонарӯз Моҳ ба бадр мерасад. Яъне Моҳ тамоман шакли пурра мегирад. Онро моҳи пурра мегӯянд. Баъд аз ин нимаи ғарбии Моҳ хурд шудан мегирад. Дар натиҷа дар шабонарӯзи 22-юм чоряки чорум мушоҳида мешавад. Бо баробари хурд шудани кунҷи байни Моҳ ва Офтоб Моҳ аз сари нав ба шакли дос дар осмон намудор мешавад. Пас аз 29,5 шабонарӯз Моҳ шакли ҳилол (Моҳи нав)-ро мегирад. Ин ҳаракати Моҳ дар атрофи Замин нисбат ба Офтоб мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин тавр дар ҳаракати бефосилаи Моҳ мо тағйирёбӣ ва дигаршавии шакли онро мушоҳида мекунем. Ин ҳодисаро ивазшавии фазаҳои Моҳ меноманд. Дар асоси тағйироти фазаҳои Моҳ тақвими қамарӣ тартиб дода шудааст. Маълум аст, ки дар байни Замин ва Моҳ қувваи кашиши мутақобила мавҷуд мебошад. Бо сабаби он ки Моҳ низ Заминро мекашад дар рӯйи Замин ҳодисаи мадду ҷазр (баланду пастшавии сатҳи оби уқёнус) ба амал меояд. Ба ин ҳодисаи табиӣ шумо ҳангоми омӯзиши мавзӯи Уқёнуси ҷаҳонӣ муфассалтар шинос мегардед.


  1. Мох чирми мунир (нурафкан) нест, аммо руйи Заминро равшан мекунад. Фахмонед, ки мох равшаниро аз кучо мегирад?
  2. Кадом олимони форсу точик дар омузиши Мох сахм гузоштаанд?
  3. Назарияи хозираи харакати Мох ба кадом олим тааллук дорад?
  4. Мохи нав чи тавр намудор мешавад?
  5. Якдигарро иваз кардани фазахои Мох ба чи вобаста аст?
ҚаблӣХафт сирри шахси хушбахт
БаъдӣПайдоиши Замин