Демокрит

Яке аз олимони бузурги Юнони қадим Демокрит мебошад. Ӯ тахминан солҳои 460 – оғози асри IV пеш аз милод зиндагӣ кардааст. Демокрит аввалин шуда гуфтаҳои олимони Юнони қадим Анаксимандр ва Анаксименро рад кардааст. Мувофиқи ақидаи онҳо нахустасоси табиат (олам) об, ҳаво, хок ва оташ аст.

Демокрит бошад, гуфтааст, ки нахустасоси тамоми мавҷудоти олам «хиштчаҳо» – «атомҳо» мебошанд. Атомҳои ҳамном ба тарафи ҳамдигар кашида мешаванд. Онҳо бо ҳам часпида, мавҷудияти муҳити моро ба вуҷуд меоранд. Атомҳои оташ хеле хурд ва доимо дар ҳаракатанд. Хок, ҳаво ва об омехтаи атомҳои гуногун мебошанд. Ҳангоми аз ҳамдигар дур шудани атомҳои якхела ҷисмҳои сахт ба ҷисмҳои моеъ ва агар аз ҳамдигар боз ҳам дуртар раванд, ба газ табдил меёбанд.

Кашфиёти Демокрит дар бораи «нахустасоси олам будани атомҳо» барои илм аҳамияти калон дошт.


Пурра » Илми Юнони қадим

ҚаблӣИлми Юнони қадим
БаъдӣБуқрот (Ҳипократ, Гиппократ)