Кадрҳои корхона ва сохтори онҳо (реферат)

Кадрхои корхона ва сохтори онхо (реферат, кори курси). Кадрҳои корхона ва сохтори онҳо (реферат)  Куввахои истехсолкунандаи ҷамъият.  Кадрхо ё захирахои мехнатии корхона. Шумораи руихатии коргарон корхона. Чихати сифатии хайати корхона ва мехнати онхо


истехсолот, мехнат

Мавзӯъ:Кадрҳои корхона ва сохтори онҳо

 Нақша:

  1.  Қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият
  2.  Кадрҳо ё захираҳои меҳнатии корхона
  3.  Шумораи рӯихатии коргарон корхона
  4.  Ҷиҳати сифатии ҳайати корхона ва меҳнати онҳо

Қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият аз се унсури асосӣ таркиб ёфтаанд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Олоти меҳнат,предмет ё ашёи меҳнат ва қувваикори. Ҳамоҳанг гаштани ин се унсур ҷараёни бефосилаи истҳсолоти неъматҳои моддиро,ки қонеъкунандаи талабатҳои истеъмолкунандагон мебошад,ба вуҷуд меорад. Қувваи корӣ,ин маҷмӯи қобилияти ҷисмониву ақлонии офарандагии инсон ё худ қобилияти меҳеатии ваӣ мебошад

Дар доираи корхона қувваи корӣ таърифу истилосхи нисбатан мушаххастарро сосхиб мегардад,ки кадрҳои корхона номида мешаванд.

Кадрҳо ё захираҳои меҳнати корхона – ин маҷмӯи кормандони касбу ихтисосҳои гуногуни дар корхона машғули меҳнат буда ва ба ҳаӣати рӯихатии он шомил шуда мебошад.Ба ҳаӣати рӯиҳати кадрҳои корхона ҳамаи кормандони ба кор қабулгардида,к ибо фаъолияти асосиву ёрирасон машғуланд,дохил мешаванд.

Кардҳои крхона захираи асосии ҳар як воҳиди иқтисодӣ ба шумор мераванд,ки ба сифату самаронокии истифодабаии онҳо натиҷаи ниҳоии фаъолияти корхона вобастагӣ дорад.Аз ин рӯ, донистани ҳаӣати кадрҳои корхона ва тағӣироти он барои идоракунии корхона шарт ваз арур аст.Нишондиҳандаҳои мутлоқу қиёсии зерин тавсифдиҳандаи ҳаӣати кадрҳои корхона ва тағӣиротҳои муаӣян миқдорӣ, сифатӣ,сохтории онҳо мебошанд:

-шумораи рӯйхатӣ ва ҳозиршави коргарони корхона ё воҳидҳои ор дар санаи муайян; шумори меёнаи рӯҳатии коргарони корхона ё воҳибҳои он дар двраи муайян;

-вазни қиёсии коргарони унсурҳои алоҳидаи истеҳсолӣ(гурӯҳ, категория) дар шумораи умумии коргарони корхона;

-суръати афзоиши шумораи коргарони корхона дар давраи муайян;

-дараҷаи миёнаи коргарони корхона;

-вазни қиёсии хизматчиёни дорои маълумоти оли ва миёнаи махсус дар шумораи умумии хизмачиён ё коргарони корхона;

-сайлонияти кадирҳо аз рӯи ба кор қабул ва аз кор холӣкардан;

-бо фонд таъмин будани меҳнати коргарон дар корхона ва ғайра.

Маҷмӯи нишондиҳандаҳои боло оид ба вазъи миқдорӣ,сифатӣ,сохтории ҳаӣати кормандон тасаввурот дода,барои муайянсозии тамоюли инкишофи онҳо тарҳрезӣ, таҳлил ва коркарди чорабиниҳои меҳнатии корхона заминаи зурураии ахборӣ фароҳам меорад.

Тавсифи миқдории захираҳои меҳнати корхона,дар навбати аввал, бо чунин нишондаҳандаҳо мисли шумораи рӯхатӣ, ҳозиршавӣва миёнарӯҳатии коргарон дода мешавад.

Шумораи рӯихатии коргарони корхоа-ин шумораи коргарони ҳаӣати рӯихатӣ дар санаи муайян бо назардошти коргарони дар ин рӯз ба кор қабулшуда ё азкоррафта мебошад.

Шумрораи ҳозиршавии коргарони корхона –ин миқдори коргарони ҳайати рӯихатӣ,ки ба кор баромадаад.Фарқияти байеи ҳайати ҳозиршавӣ ва рӯихати миқдори бозистии рӯзмарраро (рухсатӣ,беморӣ,сафарҳои хидматӣ ва ғайра)тавсиф медиҳад.

Барои муайян намудани шумораи кормандони дар давраи муайян нишондиҳандаи шумораи миёнаи рӯихатӣ истифода мешавад. Ин нишондиҳандаи барои ҳисобкунии ҳосилнокии меҳнат,музди меҳнти миёна,зарибҳои гардиш,сайлониятикадрҳо ва як қатор нишондиҳандаҳои дигар зарур аст.

Шумораи миёнаи рӯихатии коргарон дар як моҳ бо роҳи ҷамънамудани шумораи коргарони ҳайати рӯихатӣ барои ҳар як рӯзи тақвимии моҳ(рӯзҳои истироҳату идҳо дохиланд)ва тақсим намудани бузургии ҳосилшуда бар шумораи рӯзҳои тақвимии моҳ ҳисоб карда мешавад.

Ғайр аз шумораи коргарон тавсифи миқдории непӯи меҳнатии корхоаи метавонад дар шакли фонди захираҳои меҳнатӣ(Ф3.м.)ба ҳисоби одам-рӯзҳо ё худ одам-соатҳо ифода гадад,ки онро чун ҳосили заби шумораи миёнаи рӯихати коргарон (Шм.к.)бар давомнокии миёнаи давраи меҳнатӣ(Тд.м.)бо рӯзҳо ё соатҳо ҳисоб менамоянд:

Ф3.м.=Шм.к x Тд.м. ,

Тавсифи сифатии захираҳои меҳнатии ҳайати корхона аз рӯи лаёқати ихтисосмандӣ ва касбии кормандони он барои ба даст овардани мақсадҳои ниҳоии корхона муайян карда мешвад.

Ҷиҳати сифатии ҳайати корхона ва меҳнати онҳоро тавсиф додан як қатор мушкилотҳо дорад. Зеро то имрӯз фаҳмиши ягонаи сифати меҳнат ва нишондиҳандҳои сифати нерӯи меҳнатӣ байни иқтисочиён вуҷуд надоранд. Мубоҳисаҳои зиёд дар атрофии ин масъала (дар солҳои 40-70-ум)танҳо доираи нишондиҳандаҳои нерӯи меҳнатиро муайян намудаанд. Аз он ҷумла нишондиҳандаҳои иқтисодӣ (мураккабии кор,тахассуси коркун, мансубияти асоҳавӣ,шароити меҳнат,собиқаи корӣ), нишондиҳандаҳои шахсӣ (ботартибӣ,м алака,бовиҷдонӣ,тезкорӣ,фаъолии эҷодӣ),нишондиҳандаҳои ташкилӣ-техникӣ (ҷалбсозӣ ба кор,дараҷаи муҷаҳҳазсозӣ,дараҷаи ташкили техологии истеҳсолот,ташкили меҳнат) ва иҷтимоӣ-маданӣ(ҳамгироӣ,фаъолии иҷтимоӣ,инкишофи маданӣ ва аҳлоқӣ)-ро фарқ намудан зарур аст.

Тавсифи сохтории захираҳои меҳнатии корхона бо таркиб ва муқоисаи миқдории дараҷа (категория)ва гурӯҳҳои алоҳидаи кормандони корхона ифода мегардад. Вобастта ба вазифаҳои иҷрошаванда кормандони корхонаи истеҳсолӣ ба дараҷаву гурӯҳҳо тақсим мешаванд. Ҳамаи кормандонро ба ду дараҷа тақсим намудан мумкин аст:

А) ҳайати кормандони саноатӣ-истеҳсолӣ,ки бевосита бо фаъолияти асосии истеҳсолӣ сарукор доранд. Ба ин дараҷа ҳамаи кормандони коргоҳу қитъаҳои асосӣ,ёрирасон,хидматрасон,иловагӣ,ташкилоту озмоишгоҳҳои илмӣтадқиқотӣ,технологӣ,ки дар баланси корхона мавҷуданд ва инчунин кормандони тамоми шӯъбаву хадамоти идоракунӣ ва хадамоти таъмитӣ дохил мешаванд;

Б) ҳайати кормандони ғайрисаноатӣ,ки ба онҳо кормандони савдои хӯроки умумӣ,хоҷагиҳои манзилӣ, муассисаҳои тандурустиву солимгардонӣ,

Муассисаҳои мактабию томактабӣ,мадании дар баланси корхона мавҷудбуда дохил мешавад.

Дар навбати худ,ҳайати кормандони саноатӣ-истеҳсолиро ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд:

  • Коргарон; 2) хизматчиён.

Ба гурӯҳи коргарон ашхосе мансубанд,ки бевосита ба офаридани неъматҳои

моддӣ,таъмири васоити асосӣ, кашонидани мусофирон, интиқоли борҳо,хизматрасонии моддӣ ва ғайра машғуланд. Ҳамзамон,коргарон, одатан,ба асосиву ёрирасон гурӯҳбандӣ мешавад.

Гурӯҳи хизмачиён бошад дар корхона аз роҳбарон,мутахассисон ва аслан хизмачиён таркиб ёфтааст. Ба роҳбарон кормандоне дохил мешаванд,ки соҳиби вазифаҳои роҳбарикунандаи корхонаву ҷузъҳои сохтории он мебошанд. Сармутахассисон ( сармуҳосиб,сармуҳандис,сармеханик, сариқтисодчӣ ва диг.) ва ҷонишинони директори корхона,мудирону сарварони воҳидҳои сохтории он низ шомили ин гурӯҳанд.

Ба мутахассисон кормандони бо фаъолияти муҳандисӣтехникӣ,иқтисодӣ, ҳуқуқӣ,ҳисобдорӣ ва дигар намудҳои фаъолияти машғулбуда,дохил мешаванд.

Ба аслан хизмачиён кормандоне,ки коркард ва расмикунонии ҳуҷҷатҳо,муҳосибаву назорат,хидматрасонии хоҷагидорӣ,коргузориро ба ӯҳда доранд (хазинадорон,назоратчиён,лоиҳакашон, коргузорон ва дигарон), мансуб мебошанд.

Вобаста ба хусусияти фаъолияти меҳнатӣ кадрҳои корхона аз рӯи касб,ихтисос ва дараҷаи тахассуснокӣ низ гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

Сохтори касбӣ-ихтисосии кадрҳо зери таъсири тақсимоти касбию тахассусии меҳнат шакл мегирад. Зери мафхуми касб намуди махсуси фаъолияти меҳнатӣ фаҳмида мешавад,ки донишҳои муайяни назариявӣ ва малакаи кориро тақозо менамояд. Ихтисос бошад,намуди фаъолияти меҳнатиест,ки дар чаҳорчӯюаи касб дорои хусусятҳои хос аст ва аз кормандон донишу малакаҳои иловагии махсусро талаб мекунад.

Ихтисос номуди фаъолияти меҳнатиро дар доираи ҳамон як касб мушаххас менамояд. Масалан,касби иқтисочӣ аз рӯи ихтисос ба тарҳрезон,кормандони молия,бозоршиносон,менеҷерон ва ғайра тақсим мешавад.

Соҳибони касбу ихтисосҳои гунонгун боз аз рӯи дараҷаи тахассус ё худ дараҷаи воқиф будан ба ин ё он касбу ихтисос табақабандӣ мешаванд. Табақи дараҷаи тахассуси кормандон дар разаяду дараҷаҳои тарифӣ инъикос мешавад.

Ҷамоаи меҳнати корхона аз рӯи таркиб миқдорӣ,дараҷаи тахассус рақами доимӣ нест,вай дрим тағйирпазир аст: яке аз кор мераваду дигае ба кор қабул мешавад. Ин тағйипазирӣ дар иқтисодиёт номи сайлонияти кадрҳоро гирифтааст. Вазъи сохтори кадрҳо воа сайлонияти онҳоро дар корхона бо ёрии нишондиҳандаҳои зерин таҳлил ва баҳо додан мумкин аст.

Кк.а.=1—Шк.ё./Шк.к.

Ин ҷо:Кк.а.-зариби шумораи коргарони асоси корхона;

Шк.ё.-шумораи миёнаи рӯихатии ҳамаи коргарони ёрирасон дар корхона;

Шк.к. –шумораи миёнаи рӯихати ҳамаи коргарони корхона.

Ба таҳлили сохтории кадрҳои корхона вазни қиёсии ҳар як дараҷаи кормандон муайян ва муқоиса мешавад: dki=ki /k,

Ин ҷо:Кi –шумораи миёнаи рӯихати кормандони дараҷаи i.

Тавре қайд намудем,ҳайати кормандони корхона бузургии доимӣ набуда,доимо тағйиёбанда аст. Аз ин рӯ,ҳангоми ташкил ва идоракунии истеҳсолот ҳисобкуни зариби мӯътадилии кадрҳои корхона (Км.к.)мувофиқи мақсад аст:            Км.к.=1-Кх./(К+Кк.), ин ҷо:Кх.-шумораи коргарое,ки бо хоҳиши худ ва барои коршиканӣ аз кор хориҷ шудаанд(дар давраи ҳисобӣ);

К-шумораи миёнаи рӯхатии коргароне,ки дар корхона то давраи ҳисобӣ машғули кор буданд;

Кк.-шумораи коргарони ба кор қабулгардида дар Давраи ҳисобӣ.


 Адабиётҳо:Иқтисоди кохона

 Муаллифон: Комилов С.Ҷ.,Луқмонова Ҳ соли-2001 саҳ (92-97)

ҚаблӣИншо дар бораи ВАХДАТ (день вахдат) – Вахдати милли
БаъдӣМафҳуми қобилият / Мафхуми кобилият