Мафҳуми қобилият / Мафхуми кобилият

Чи асос мешавад, ки мо дар бораи ба ягон фаъолият кобилият доштани одам сухан ронем? Ду нишондиханда ба сифати асос хизмат мекунад: зуд аз худ намудани фаъолият ва сифати комъёбихо.Одамро кобилиятнок хисоб мекунанд,ба шарте ки у аввалан, ягон фаъолиятро зуд ва бо муваффакият аз худ кунад,малака ва махоратхои мувофикро назар ба одамони дигар хосил намояд ва ба комъёьихое ноил гардад, ки онхо аз дарачаи миёна баланндтар бошанд.

Ин ба чи вобаста аст? Чаро хангоми як хел будани шароитхо баъзе одамон ба дигарон ягнон фаъолиятро зуд ва ба осони аз худ мекунанд ва дар он ба комъёбихои калон ноил мегарданд? Барои он ин хел одамон ба чунин хусусиятхои индивидуалипсихологи сохибанд, ки онхо ба талабхои ин ё он фаъолият ба дарачаи баландтарин мувофикат мекунанд.

Кобилият чист? Қобилият чист?

Кобилият гуфта чунин хусусиятхои индивидуали – психологии одамро меноманд, ки онхо талабхои фаъолияти муайянро каноат мекунонанд ва шарти бомуваффакият ичро намудани он мебошанд.

Диккатамонро ба чихатхои мухими хамин таъриф чалб мекунем.Якум, кобилият – ин хусусиятхои индивидуали, яъне он чизе мебошад, ки як одамро аз одами дигар фарк мекунонад. Дуюм кобилият ин на умуман хусусият, балки хусусиятхои психологи мебошад, бинобар ин, масалан, панчахои дарозу серхаракат (хусусияти пианинонавоз) ё кади баланд (хусусияти баскетболбоз), гарчанде барои дар фаъолияти муайян ба муваффакият ноил гаштан ёри расонанд хам, кобилият нестанд. Ва нихоят, кобилият хама гуна хусусиятхои индивидуали – психологи набуда, балки хамон хусусиятхоест , ки онхо талабхои фаъолияти муайянро каноат мекунонанд.

Ба кобилтят масалан инхо тааллук доранд: идроки равшани мусика ва оханги мусики, ки барои бо мваффакият гузаронидани машгулиятхои мусики лозим аст: тасаввуроти конструктори, ки барои ичрои фаъолияти конструктору инженер зарур мебошад, зудии амалхои чавобии харакати, ки барои бо баъзе намудхои спрот машгул шудан ва нозукии рангфарккуни, ки ба рассом лозиманд ва гайра.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар катори хусусиятхои индивидуалии процессхои психики (эхсос, – идрок, хотир, тафаккур, хаёд) кобилият хусусиятхои индивидуали – психологии нисбатан мураккабтар мебошад. Кобилият дар асоси ин ё он хусусиятхои процессхои психики ташаккул меёбад, вале лахзахои эмоционали – иродави ва муносибатро низ дарбар мегирад ва тобиши шахси дорад (масалан майли математики доштани акл хамчун ходисаи чудо кардани муносибатхои математики хангоми идрок, бо «чашмони математики» дида тавонистани олам).

Хар як фаъолият як кобилият не, балки як котор кобилият доштани одамро талаб мекунад. Масалан, кобилияти бадеи зуд мутаассир шудан, мушохидакор будан, хотири образи ва тасаввуроти эчоди доштан, фикрро анику ифоданок баён карда тавонистани одамро дар бар мегирад.

Нокифоя ва суст таракки кардани ягон кобилияти хусуси аз хисоби тараккиёти пурзури дигар кобилиятхо пурра карда мешавад. Хамин хосияти кобилият дар аз худ кардани намудхои гуногуни фаъолият ва интихоби касб имконияти васеъро муайян мекунад. Мавчуд набудани кобилияти алохидаи хусусиро бо мехнати исроркорона, суботкори ва бо чвмъ намудани кувваю имкониятхо пурра кардан мумкин аст. Гарчанде дар чунин шароит аз худ намудани фаъолият сусттар гузарад ва кушиши зиёдеро талаб кунад хам, натичаи ин кор на танхо аён мешавад, балки кобилияти муайян дар оянда хам таракки карда метавонанд.

ҚаблӣКадрҳои корхона ва сохтори онҳо (реферат)
БаъдӣКобилият ва фаъолият / Қобилият ва фаъолият