Комплекси сӯзишворию энергетикӣ

Комплекси сӯзишворию энергетикӣ яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон буда, омилҳои фаъолияти ҳаётан муҳими мамлакатро таъмин менамояд. Дар навбати худ соҳаи мазкур дар ҷойгиркунӣ, инкишоф ва махсусгардонии хоҷагии халқ нақши калон мебозад. Зеро ҷойгиршавии захираҳои энергетикӣ, истихроҷи онҳо ба географияи истеҳсолот на дар ҳама мавзеъ ва ноҳияҳои мамлакат мувофиқат мекунад.

Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон бо захираҳои сӯзишворӣ – энергетикӣ пурра талаботи худро қонеъ намекунад, вале дар ояндаи наздик яке аз кишварҳои бузурги тавлидкунандаи қувваи барқ дар миқёси Осиёи Марказӣ мегардад.

Комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ дар ҳайати худ соҳаҳои истеҳсоли нефт, газ, ангишт, сланетсҳои сӯзанда, торф ва энергияи барқро муттаҳид менамояд. Соҳаҳои комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ ба тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат зич алоқаманд мебошанд. Комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ дар баробари ба истеъмолкунандагон додани барқу гармӣ боз аҳамияти маҳаллӣ низ дорад. Одатан дар ноҳияҳои аз захираҳои энергетикӣ бой корхонаҳои энергияталаб бештар тараққӣ мекунанд. Ба ин равияи тахсиси истеҳсолот дар қисмати ҷануби Тоҷикистон далели равшан аст. Дар ин ноҳия солҳои охир вобаста ба энергияи арзони барқ як қатор соҳаҳои энергияталаб аз қабили корхонаҳои истеҳсоли алюминий, маҳсулоти хлор, нуриҳои азотӣ бо суръат тараққӣ ёфтанд.

Дар айни замон яке аз проблемаҳои мушкили соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар Тоҷикистон ин шиддат гирифтани бӯҳрони энергетикӣ ва мушкилиҳои зиёди нарасидани газ ва қувваи барқ дар фасли зимистон мебошад. Ин ҳолатҳои мушкили сӯзишворию энергетикӣ баъди пош хӯрдани Ҳокимияти Шӯравӣ ва авҷ гирифтани бӯҳрони иқтисодӣ дар ҳамаи республикаҳои собиқи мамлакат ба амал омад.

Комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ дар баробари таъмин намудани тараққиёти соҳаҳои дигари иқтисодиёт дар мӯҳлатҳои муайян таъмиру аз навкунии ҳолати техникӣ ва дастгоҳу аппаратураҳои лозимиро талаб менамояд. Ҳолати техникии иқтидорҳои бисёр корхонаҳои соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикии мамлакат дар вазъияти душвор қарор доранд ва чорабиниҳои фавриро талаб мекунанд. Ин пеш аз ҳама ба ҳолати техникии шахтаҳои ангиштҳосилкунӣ ва нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар дарёи Варзоб, силсиланерӯгоҳҳои поёноби дарёи Вахш тааллуқ дорад. Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда қариб 80% соҳаи саноати истихроҷи ангишт, 50% саноати нефткоркунӣ ва 35% нерӯгоҳҳои барқӣ таъмиру ивазкунии техникаю таҷҳизоти лозимиро талаб менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи комплекси сӯзишворию энергетикии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ин чорабиниҳои зарурӣ нисбати ҳифзи муҳит ва оқилона истифодабарии захираҳои табиӣ мебошад. Махсусан, дар соҳаи истеҳсоли нефт пешгирӣ намудани ифлосшавии обҳои дохилӣ аз ҳисоби партовҳои нефт ва маҳсулоти нефт мебошад. Дар соҳаи истихроҷи ангишт бошад, ба ҳолати пештара (рекултиватсия) овардани заминҳои вайроншуда ҳангоми коркарди кушоди конҳои ангишт дар назар дошта мешавад.

Комплекси сӯзишворӣ-энергетикӣ дар миқёси ҷаҳон яке аз соҳаи асосии заҳролудкунандаи муҳити зист ба ҳисоб меравад. Ҳоло ба ҳиссаи ин соҳа қариб 48% партовҳои заҳролуди атмосфера, 36% ифлосшавии захираҳои об ва 30% дигар партовҳои заҳролуд рост меояд.

ҚаблӣТараққиёт ва ҷойгиршавии соҳаҳои саноати Тоҷикистон
БаъдӣСаноати сӯзишворӣ