Ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам (p.). Хаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам (p.). Зиндагиномаи Абуханифа Нуъмон Имоми Аьзам иншо реферат эссе.
Номи мубораки эшон Нӯъмон, кунияташ Абӯҳанифа ва лақабаш Имоми Аъзам аст. Нӯъмон ибни Собит Имом Абӯҳанифа (р.) аз наели аҷамӣ буданд. Таърихшиноси машҳур Хатиби Багдодӣ аз забони Исмоил-набераи имом Абӯҳанифа (р.) накл мекунад, ки ман Исмоил ибни Ҳуммод ибни Нӯъмон ибни Собит аз нажоди форс ҳастам. Мо ҳеҷ вақт ғуломи касе набудаем.
Падарбузурги мо Абӯҳанифа (р.) соли 80-уми ҳиҷрӣ (5 сентябр 699) дар шаҳри Куфа таваллуд шудаанд. Падараш Собит (р.) дар кудакӣ ба хидмати ҳазрати Алӣ (р.) ҳозир шуданд ва эшон дар ҳаққи вай ва хонадонаш дуои хайр намуданд.
Имом Абӯҳанифа (р.) ба ҳамин xoтир кунияи худро «Абӯҳанифа» (р.) интихоб намудаает. Роҳе, ки Имоми Аъзам барои расидан ба бозор тай мекард, аз канори маизили имом Шаъбӣ (р.) буд, ки имоми машҳури Куфа буд. Рӯзе Имоми Аъзам (р.) ҳангоми гузаштан аз ин роҳ бо имом Шаъбӣ (р.) вохӯрданд.
Имом Шаъбӣ аз симои навҷавон чизи хосеро дарк карданд. Бинобар ин, ӯро садо карда гуфтанд:
Куҷо меравӣ?
Гуфт: Ба назди фалон бозоргон меравам.
Имом Шаъбй (р.) гуфт:
Мақсадам ин ки пеши кӣ дарс мехонӣ?
Навҷавон гуфт: Пеши ҳеҷ кас.
Имом Шаъбӣ (р.) гуфт: «Дар симои шумо қобилияти илм дурахшон аст, шумо бояд дар маҷлиси илм бинишинед».
Калимаву ибораҳои насиҳатомези имом Шаъбӣ (р.) дар қалби эшон ҷой гирифт. Бинобар ин, ба таҳсили илм рӯй оварданд. Ҳамин тариқ, илмҳои адаб, фиқҳ, ҳадисро аз бар намудаанд. Имом Абӯҳанифа шахсе буданд, ки тамоми шароити таҳсили илми каломро доштанд.
Худи Имом Абӯҳанифа (р.) чунин мегӯянд: дар ибтидои умрам илми каломро аз ҳама улум афзал ва муқаддас медонистам, зеро боварӣ доштам, ки асоси мазҳаб ва ақида бар ҳамин илм аст. Аммо, бо мурури замон дарёфтам, ки саҳобаи Киром (р.) бо вуҷуди он ки дар домани баҳс парвариш ёфта ва аз ҳар кас зудтар ва беҳтар масъалаҳоро дарк мекарданд. Вале ҳамеша аз ин мубоҳисаҳо канорагирӣ мекарданд. Аксари вақти худро ба масоили динӣ сарф мекарданд. Масоили норавшанро барои дигарон таълим дода, шарҳу эзоҳ медоданд.
Имом Абӯҳанифа (р.), агарчи ғайр аз Ҳаммод (р.) аз олимони машҳури дигар илми фиқҳро аз худ кардаанд, таъкид кардан лозим аст, ки Ҳаммод (р.), хусусан, дар омӯзиши илми фиқҳ ба эшон нақши муҳимеро бозидааст. Аз ҳамин ҷиҳат, Ҳаммод (р.) мавриди эҳтироми фавқулодаи Имом Абӯҳанифа (p.) қарор гирифта буд. Имоми Аъзам (р.) дар замони шогирдии Имом Ҳаммод (р.) ба илми ҳадис рӯй оварданд. таҳқиқи масъалаҳои фиқҳи исломӣ бидуни истифода аз ҳадис мумкин набуд. Дар он даврон дарси ҳадис дар саросари мамлакатҳои исломӣ ба тарзи хеле хуб ба роҳ монда шуда буд.
Бино бар ривояти муаррихон, Имоми Аъзам фақеҳи мустақил буда, равиши ягонаи андешаронии худро доштанд. Панду андарзҳои Имоми Аъзам барои мардуми мо имрӯз ҳам басо судманд мебошад. Барои рӯҳониёни мусулмонони замони мо низ пайравӣ аз пандҳои Имоми Аъзам аз аҳамият холӣ нест.
Дар ҳақиқат, Имоми Аъзам аз чумлаи он бузургмардоне будаанд, ки ба яке аз мактабҳои ҳуқуқии дини Ислом асос гузоштаанд. Таъкид намудан лозим аст, ки мо ҳамчун ворисони сазовори ин донишманди ҷаҳони илм бояд дар пайравй ба ӯ баҳри хидмати содиқона ба мардуми сарзамини соҳибистиқлоли худ ва баҳри гулгулшукуфиву сарсабзии диёри арҷманди худ тамоми кӯшишу ғайратро дареғ надорем.
Имоми Аъзам 18 июн 767 дар 67 солагӣ лар Бағдод вафот кардаанд.