Романи «Шуроб» – и Раҳим Ҷалил / Рахим Чалил

Романи «Шуроб» – и Рахим Чалил. Иншо / реферат дар мавзуи Романи «Шуроб» – и Раҳим Ҷалил.


Мавзӯъ: Романи «Шуроб» – и Раҳим Ҷалил

Нақша:

Муқаддима

  1. Мавзӯъ ва мундариҷаи романи «Шӯроб»
  2. Образҳои асосии роман
  3. Образи занон дар роман

Хулоса

Раҳим Ҷалил соли 1909 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар хонадони косибон, ки ба мӯзадӯзй машгул будаанд, ба дунё омадааст. Раҳим Ҷалил дар таърихи адабиёти тоҷик ба ҳайси нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакй маъруфият пайдо кардааст. Нависанда ҳамчун адиби донишманду соҳибистеъдод ба ҳамаи навъҳои адабӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, осори зиёди мухталиф таълиф намудааст, ки, бешубҳа, дар таърихц адабиёти асри ХХ-и тоҷик мавқеи муҳим доранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Романи «Шӯроб» аз ҷумлаи он осори таълифнаҷудар нависанда мебошад, ки аз се китоб иборат аст. Мавзӯ^ вз мундариҷаи асар ҷолиб буда, рӯзгор ва ҳаёту фаъолияти синфи коргари тоҷикро дар ду давраи иҷтимой фаро гирифтааст.

Ҳодисаву воқеъаҳои асар дар шаҳрчаи Шӯроби ноҳияи Исфара, ки яке аз марказҳои саноативу коргарй ба шумор мерафт, тасвир карда мешавад.

Сарчашма ва заминаи бавуҷудойии романи «Шӯроб» низ ҳамин ҳаёту фаъолияти бошандагони шаҳраки Шӯроб ба шумор меравад. Дар бобҳои алоҳидаи он меҳнати пуразобу саъю кӯшишҳои озодихоҳонаи ангиштканон, давраи ҷанги шаҳрвандии аввали асри 20-ум ва ҳодисаву воқеаҳои охирҳои солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 60-ум таҷассум ёфтааст.

Қаҳрамонони асосии асар Холи ворухй, Давлат, Пётр, Акбар, Буров, Эсанпай, Даря, Арслоналй, соҳиби кони ангишт Александров, Петухов, сардори маҳалла, ҳисобчй Писин ва табақаҳои мухталифи мардуми тоҷик мебошанд. Дар миёни қаҳрамонони асосӣ Хол мавқеи назаррасу хотирмон дорад. Дар роман Хол ҳамчун шахси дағал, майзада ба қалам дода шудааст. Бо шинос шудан бо коргарони русу украин, дар шуури ӯ оҳиста- оҳиста ҳисси муқобилият ба зулму ситам пайдо мешавад. Дар ҷараёни ҳодисаву воқеаҳо Хол ташаккул меёбад ва ҳамчун муаллими коргарони ҷавон маълуму машҳур мегардад. Дар симои Давлат бошад, беҳтарйи хусусиятҳои некй мардони меҳнаткаши тоҷик тасвир ёфтааст. Давлат такдири хешро бо коргарон ва меҳнаткашони ин шаҳрак мепайвандад. Давлат ҳамчун одами нави даврони шӯравй ба воя мерасад, Дӯстиву рафоқат ва ҳамкории халқу мидлатҳои мухталифро нависанда дар симои Пётр тасвир намудааст, ки хеле ҷолиб аст. Пётр дар сарзамини Бадахшони Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро адо мекунад ва сазовори эхтироми ин сарзамин мегардад.

Симои занон низ дар баробари образи мардон возеҳу равшан таҷассум ёфтааст. Дар симои Даря Суренко, модари Арслоналй, табиб Любов Василевна, Ҳидоят, Ҷамила нависанда образи модарони мушфиқ, ҳамсарони меҳрубон, маҳбубаҳои содиқу вафодорро ҳамчун кормандони фаъолу ҳалолкор тасвир кардаает. Баъзе аз онҳо ҳамчун намояндаи занони тоҷик дар анҷуманҳо ва чун мудири богчаи бачагон таърифу тавсиф шудаанд.

Хулоса, дар асар симои занҳо бо тамоми хислатҳои некашон, бо одобу ахлоқи ҳамидаашон ва бо рафтору гуфтори ҳасанаашон тасвир ёфтааст. Романи «Шодй» вусъати доираи мавзӯъҳои эҷодии нависанда, рушду инкишофи минбаъдаи маҳорату истеъдоди адабии уро нишон медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки романи мазкур дар пайдоиш, рушду нумӯъ ва мавқеи таърихию инқилобии синфи коргари тоҷик ягона асари бузург маҳсуб дониста мешавад.

ҚаблӣДостони «Панҷи ноором»-и Мирсаид Миршакар (иншо)
БаъдӣКамоли Хуҷандӣ / Камоли Хучанди