Шеърҳо дар васфи Модар (8-уми март, иди Модарон)

Шеърхо дар васфи Модар барои 8 март иди Модарон – занон оварда мешаванд. Шеърхо дар бораи МОДАР аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

модар, шеър модар, картинка, арсми модар, точики

ҲАШТУМИ МАРТ

Ба гӯш омад садои Ҳаштуми март,
Ҷаҳон дорад навои Ҳаштуми март.
Сароғози ҳама ҷашни баҳорист,
Ҳавои пурҷилои Ҳаштуми март.
Ҳама зеборухон чун гул шукуфта,
Ба тан карда қабои Ҳаштуми март.
Яке гул, дигаре лутфи хуш орад,
Ба табрик аз барои Ҳаштуми март.
Ҷигарбандаш кунад табрики модар,
Ба ҷону дил сабои Ҳаштуми март.
Кушояд рози дил дилдору дилбар,
Давои ишқ сахои Ҳаштуми март.
Шуморо лутфи Раззоқ армуғон аст,
Ба ҷашни пурсафои Ҳаштуми март.

Абдураззоқи РАЗЗОҚ


Идат муборак!

Эй модари ман, Эй меҳрубонам,
Номи хуши ту – Вирди забонам.
Меҳри ту доим Дар ҷисму ҷонам.
Идат муборак! Идат муборак!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ман дар бари ту Озода растам.
Меҳри дили худ Бар ту бибастам.
Фарзанди дилбанд Баҳри ту ҳастам.
Идат муборак! Идат муборак!

Наимҷон Назирӣ


Модар ту биҳишти ҷовидонӣ Модар
Хуршеди баланди осмонӣ модар.
Дар чашми ту нури  зиндагонӣ ҷорист
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ модар.


Эй кошки то абад намирад модар
Ё ҳастии ҷовидон бигирад модар.
Меҳр аст саросару вуҷудаш то ҳаст
Эй кош ки поён напазирад модар

Чун меҳр, бузургу бенишонӣ модар
Ороми дилу азизи ҷонӣ модар.
Эй кош ҳамеша ҷовидон мебудӣ
Он қадр ки хубу меҳрубонӣ модар


Дар кӯчаи ҷон ҳамеша  модар боқист
Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист
Дар гӯиши ошиқона, номи модар
Шеърест, ки то абад ба дафтар боқист


Модар аст чашму чароғи зиндагӣ
Модар аст сарчашмаи озодагӣ
Модар аст тасвири ишқу ошиқӣ
Модар аст нақши баланде ҷовидон


Модар аст мақсуди ҳасту буди мо
Модар аст болотарин мавҷуди мо
Модар аст омӯзгори маърифат
Модар аст як оламе аз муҳаббат


Идат муборак!

Эй Модари ҷон, Эй Хуштар аз ҷон.
Дар рӯзи идат, Шеъри маро хон.
Идат Муборак! Идат Муборак!

Бо нури рӯят, Наврӯзи ман ту.
Дар рӯи олам, Дилсӯзи ман ту.
Идат муборак! Идат муборак!

Пайваста бошӣ, Ту бар сари мо.
Эй модари ҷон, Болу пари мо.
Идат Муборак! Идат Муборак!


Меҳри бепоёни Модар зина бод,
Чеҳраи хандони дилбар зинда бод.
Аз Замин рӯяд ҳамора хӯшае,
Дар само хуршеду ахтар зинда бод.
Аз дарахти хушку бебар суд нест,
Майсаву себаргаи тар зинда бод.

Бар диёри нозанини Тоҷикон,
Гармии хуршеди ховар зинда бод.
Дар дили ёрони боаҳду вафо,
Донаи умеди бовар зинда бод.
Аз ҳама ҷои азизу мӯътабар,
Тифлию домони модар зинда бод!


Иди модар

Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.

Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо,
Бас бузургони диловар мешавад.
Баҳри фарзанд олами бахти баланд,
Бо дуои дасти модар мешавад.
Дар раҳи тасвири ҳусни модарон,
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад.


Шеър дар васфи зан

Касри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.


Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандони ту
Барои ҳамдигар тақдим карданд,
Вале як рӯз донистанд –
Замин қисмат нахоҳад шуд.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ
Мисли дили ту,
Мисли меҳри ту
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.
Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд,
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон
Монанди ту яктою танҳоянд.
Чунон ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст,
Раҳе, сарманзиле меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама Модар-Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, эй модар.
Ту яктоиву дар ҳар ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Туӣ обастани шодӣ,
Туӣ обастани ғамҳо.
Туӣ обастани имрӯз,
Туӣ обастани фардо.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ,
Модар-Ватан
Аз он азизастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.
Ҳар он чӣ беш аз якто бувад,
Чандон муқаддас нест.
Ту монанди замин танҳоӣ, модар!
Ту монанди замин яктоӣ, модар!
10.5.1966

Лоиқ Шералӣ


Дасти Модар (шеър)

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз.
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гоҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро.

Мирзо Турсунзода

модар, оча, шеър дар васфи модар, дар бораи модар, расм, картинка модар

Асои дасти модар бош, фарзанд,
Ки модар баҳри ту болу паре аст.
Давои дарди модар бош, фарзанд,
Бароят доимо тоҷи саре аст.

Дигар шеърҳо:


Шеър дар васфи Модар, шеър дар бораи модар бо забни точики, картинка, Модар шеър, донишчу нет, donishju net, модар шеър, шеър бораи модар, шеър дар бораи модар, шеър дар васфи модар, падар модар шеър, шеър дар бораи падару модар, шеър барои модар, шеър дар бораи модар ва падар, шеър дар васфи падару модар, зодрузи модар шеър, шеър дар бораи зодрузи модар, шеър дар скачать модар, шеър дар васфи модар точики, шеър дар васфи модар бо забони точики, шеър дар бораи модар гариби, шеър дар бораи 8 марта, шеър дар васфи 8 марта, шеър барои 8 март, Ту монанди замин танхои, модар.

ҚаблӣИншо / Эссе дар бораи МОДАР
БаъдӣТабрикот барои 8 март (Иди Модарон, занон)

14 шарҳ

  1. шеърҳои хеле зебо ташакур ба шумо

  2. Як ҷаҳон ташаккур барои дастгирии донишомӯзии мо

  3. Бароятон хеле мамнунам ,ки барои мо шерҳо фиристодед

  4. Ташакур барои Бехтарин ва пурмазмунтарин шеърхо

комментарии закрыты.