Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ.) – Хазинаи маърифат

– Инсон ба Аллох Таолох (ҷ.ҷ) чун обу ҳаво муҳтоҷ аст.
(Алексис Линколн)


Poҳ ба сӯи Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба адади ситораҳои осмон аст.
(Алӣ Музаян)


-Ҷомеае, ки Аллоҳро бовар намекунанд, на шеър доранду на достон ва на санъат. Дар он ҷо ҳама сард шудааст. Инсону руҳ ба ҳам омехта шудаанд.
(Андре Морис)


– Ба ман Аллоҳе лозим аст, ки пайғамбарон мегӯянд, на ин ки файласуфон.
(Блейс Паскал)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– Нафаре, ки аз Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ) дур аст ва Аллоҳро намеҷӯяд, на дар худ ва на берун аз худ ҳақиқату саодатро намеёбад.
(Блейс Паскал)


– Муҳаббати ҳақиқӣ на танҳо дар вақти дард, ҳатто дар вақти хурсандӣ низ бо Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ) буданро нишон додан аст.

(Сена Онгун)


– Шабҳо дарҳо маҳкам шаванд ва чароғҳо хомуш шуда бошанд ҳам, худатро танҳо ҳис макун, зеро ту боз ҳам танҳо нестӣ.

(Эпиктетос)


Қалбе, ки тарс аз Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ) надорад, пас муҳаббати Аллоҳ Таолоро низ надорад.

(Акиф Эрсой)


– Ба ҷуз Аллоҳ (ҷ.ҷ) паноҳгоҳи ҳақиқие надорем.

(ҳазрати Усмон (р.а.))

www.donishju.net

– Аллоҳ (ҷ.ҷ) моро барои дӯст доштанаш офаридааст, на ин ки барои фаҳмиданамон.

(Волтейр)


– Мо ягон корро ба вақту замон ҳавола накардаем. Мо ҳамаи корҳоро ба Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ) амонат месупорем.


– Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ) садои мурҳоро мешунавад ва низ фарёди дилҳоро.

хазинаи маърифат, панду андарз, гуфтахои бузургон


– Агар Аллоҳ Таолоро (ҷ.ҷ) дар қалбат дар аввал ҷо накунӣ, пас ҳам Аллоҳ Таолоро аз даст медиҳӣ ва ҳам нафаронеро, ки дар аввал гузошта будӣ.

(ҳазрати Умар (р.а.))


– Ба дари нафаре як ё ду бор меравию баъдан шарм мекунӣ. Аммо ба дари Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ) ҳар рӯз меравӣ ва ҳеҷ сер намешавӣ.


– Ҳайрони онам, ки баъзе аз олимон кӯшиш ба он мекунанд, ки ҳастии Худои Таолоро исбот намоянд. Бешубҳа, ки ҳастии Аллоҳ (ҷ.ҷ) собит аст ва ту кӯшиш ба он бикун, ки бандагии худро исбот намоӣ.


– Аллоҳ (ҷ.ҷ)-ро дӯст бидорӣ, ба Аллоҳ (ҷ.ҷ) рафтан бихоҳӣ, пас дар ҳама кор чӣ моддӣ ва чӣ маънавӣ бо адаб рафтор бикун.


– Банда ба ҷуз Аллоҳ (ҷ.ҷ) аз каси дигаре чизе интизор машавад ва ба ҷуз аз гуноҳҳои худ, дигар аз чизе натарсад.

(ҳазрати Алӣ (р.а.))


– Ба мисли малоик софу ба мисли шайтон чиркин ҳам бошам, маро танҳо Аллоҳ Таоло (ҷ.ҷ) ҳукм мекунад.


– Магар нафаре Аллоҳ (ҷ.ҷ) гуфта ба роҳ баромада бошад, ки дар нимароҳ мондааст?


Манбаъ: Хазинаи Маърифат


Хазрати Мухаммад (с) – асосгузори дини ислом


Хазинаи маърифат, скачать хазинаи маърифат, хазинаи маърифат mp3, хазинаи маърифат скачать бесплатно, хазинаи маърифат mp3 скачать бесплатно, хазинаи маърифат картинка, китоби хазинаи маърифат, хазинаи маърифат 1, панду андарзхо хазинаи маърифат, хазинаи маърифат 3, хазинаи маърифат 2, хазинаи маърифат 2022-2023, Аллох, Аллоҳ, бо забони точики, на таджикском языке

ҚаблӣМисолҳо оиди Муодилаҳо
БаъдӣНизомии Ганҷавӣ