Мероси шоир Анварии Абеварди

Мероси шоир Анварии Абевардӣ шеърҳо / шеърхо аз Анвари


Авхадуддини Али Анварии Абеварди
Авҳадуддини Алӣ Анварии Абевардӣ

Анварӣ шоири соҳибдевон мебошад, ки он аз қасида, қитъа, ғазал, рубоӣ ва маснавӣ иборат аст.

Мавзӯи асосии шеърҳои шоир дар мадҳ, шикояти замона, накуҳиши аҳли он, ҳикмат (мавъиза, насиҳат), ишқ, ҳаҷв (мутоиба, мазаммат), баёни ҳоли худ мебошад.

Агар шеърро дар вақташ Носири Хусрав ва дертар Саноии Ғазнавӣ дар хидмати баёни андешаҳои динӣ, фалсафӣ ва ирфонии хеш қарор дода бошанд, Анварии Абевардӣ онро аз аввали ба фаъолияти шоирӣ оғоз намуданаш ба воситаи таъмини маишати ҳаррӯзаи хеш ва баровардани хост ва эҳтиёҷоти гуногунаш табдил додааст. Ба тарзи дигар, вай шеърро ба нома, талабнома, рӯзнома ва шоириро ба дабирӣ як кардааст. Ӯ дар қолаби шеър аз касе талаби шароб, инъом, шамъ, қабо, коғази сафед, пунба ва равған, масҳӣ ва шолвор, ҷав, асп карда, аз касе барои ин ва ё он рафтораш узр хоста, аз дигаре шукр ва сипосгузорӣ ва севумиро мазаммат намудааст, ба шахсе ҷавоб додааст ва ғ.

Анварӣ пас аз сӣ соли «шеъри ботил» гуфтан дарк намудааст, ки он ҳама мадҳу ғазалу ҳаҷве, ки навиштааст, кори беҳуда буда, аз рисолати аслии шеъру шоирӣ дур мебошад. Бинобар ин аз гуфтани ғазалу мадҳу ҳиҷо даст мекашад ва мегӯяд, ки ғазалу мадҳу ҳиҷо аз «шаҳвату ҳирсу ғазаб» сарчашма мегирад ва навиштани онҳо ҷафо ба нафс ва ситам ба ақл мебошад. Шоир қитъае дорад дар узлат ва қаноат ва қиссаи шеър гуфтани худ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дӣ маро ошиқаке гуфт: «Ғазал мегӯӣ?»,
Гуфтам: «Аз мадҳу ҳиҷо даст биафшондам ман».

Гуфт: «Чун?» Гуфтамаш: «Он ҳолати гумроҳӣ рафт»,
Ҳолати рафта дигар боз наёяд зи адам.

Ғазалу мадҳу ҳиҷо ҳар се бад-он мегуфтам,
Ки маро шаҳвату ҳирсу ғазабе буд ба ҳам…

Ғазалу мадҳу ҳиҷо гӯям, ё Раб, зинҳор,
Бас ки бо нафс ҷафо кардаму бо ақл ситам.

Анварӣ ишора ба он намудааст, ки аз ғазалу мадҳу ҳиҷо, яъне «шеъри ботил», даст кашидан ва ба шеъри ҳикмат рӯ оварданаш аз он аст, ки дар замонаи ӯ на мамдӯҳи сазовори мадеҳ ва на маъшуқе сазовори ғазал боқӣ мондааст:

Хотире чун оташам ҳасту забоне ҳамчу об,
Фикрате тезу закое рому табъе бехалал.
Эй дареғо, нест мамдӯҳе сазовори мадеҳ
В-эй дареғо, нест маъшуқе сазовори ғазал.

Ин дигаргуние, ки дар андеша, ҳолати равонӣ ва шеъру шоирии Анварӣ ба вуҷуд омад, танҳо ба ӯ хос набуда, дар бисёре аз шоирону нависандагони нимаи дувуми асри XI ва аввалҳои асри XII ба мушоҳида мерасад. Ин гуна инқилоби даруниро пеш аз ин Носири Хусрав ва Саноии Ғазнавӣ аз сар гузаронида буданд. Онҳо ҳам «роҳи ҳикмат», яъне гуфтани «шеъри ҳикмат»-ро пеш гирифта буданд. Ин падидаи адабӣ аз беқадр шудани сухану суханшинос ва паст гардидани мақоми иҷтимоии онҳо дар ин давра – замони ҳукмронии Ғазнавиён (999 – 1187), Қарохониён (999 – 1141), Салҷуқиён (1040 – 1190) ва Хоразмшоҳиён (1097 – 1220) ва гарм шудани бозори шӯхию жожхоию ришҷунбонӣ, масхарагию мутрибӣ, шеъри ботил гувоҳӣ медод.

Мавзӯи шикоят аз замона ва мазаммати аҳли он аз аввал дар шеърҳои Анварӣ ҷой дошт ва ба табиати тунд ва оташмизоҷии ӯ созгор буд. Аммо бо дигар шудани андеша ва ҳолати рӯҳию равониаш баёни ин мавзӯъ бештар гардида, ба масъалаи марказии шеърҳояш табдил ёфтааст. Ин чиз на танҳо дар қасидаву қитъа, балки ҳатто дар ғазалиёти вай низ зуҳури тамом дорад ва аз қавӣ шудани мабдаи иҷтимоии шеърҳояш шаҳодат медиҳад. Аз рӯйи мушоҳида ва мулоҳизаҳои Анварӣ, агар дар замонҳои пеш, рӯйи замин дар дасти одамӣ буд, ҳоло ба ихтиёри деву дад гузаштааст ва дар он аз одамӣ нишоне намондааст. Шоир давраашро «даври хушксолии дину қаҳти дониш» даври беборонӣ, даври ҷаҳлу Абӯҷаҳлҳо, даври номусулмонӣ номида, афсӯс хӯрдааст, ки имрӯз на Салмони Форс асту на ҳазрати Нӯҳ, ки аҳли замонаро аз куфр ва аз ҳама нопокию олудагиҳо раҳоӣ диҳанд.

Рубъи маскун одамиро буд, деву дад гирифт,
Кас намедонад, ки дар офоқ инсоне куҷост?

Давр даври хушксоли дину қаҳти дониш аст,
Чанд гӯӣ фатҳи бобе куву бороне куҷост?

Ман туро бинмоям андар ҳол сад Бӯҷаҳли ҷаҳл,
Гар мусулмонӣ ту, таъйин кун, ки Салмоне куҷост?

Осмон бехи камол аз хоки олам баркашид,
Ту занах мезан, ки дар ман ганҷи пинҳоне куҷост?

Хокро тӯфон агар ғусле диҳад, вақт омадаст,
Эй дареғо, доие чун Нӯҳ, тӯфоне куҷост?

Шоир аз ҷаври бедоду зулм «бар нуҷуму бар фалак» – сарнавишт ва замона лаънат фиристодааст ва гуфтааст:

Агар олам саросар зулм гирад,
Наёбад ҳеч мазлум аз фалак дод!
Ҳама зулм аз нуҷуму аз фалак дон,
Ки лаънат бар нуҷуму бар фалак бод!

Анварӣ гоҳе, вақте ки «ҷафои гунбади гардон ба пояе» бирасидааст, ки болотар аз он ҷое набуд, фурӯ рехтани сипеҳрро, ки пур аз оташи балост ва дар он ҷое барои офият намондаасту ҳатто дев низ роҳи гурезро меҷӯяд, орзу намудааст.

Кай бувад ин сипеҳри ҳодисазой
Ҷумла аз якдигар фурӯ резад?!

Ё чу парвезан аст ӯ, ки мудом
Бар ҷаҳон оташи бало безад.

Дар ҷаҳон бӯйи офият нагзошт,
Чанд аз ин ранг фитна омезад?!

Барнахезад магар ба дасти ситам,
Ман надонам, к-аз ин чӣ бархезад!

Менаёрам гурехт, гарна, на ман,
Дев аз ин рӯзгор бигрезад.

Яке аз намунаҳои хуби шеъри Анварии Абевардӣ қасидаест, ки дар асл «Номаи аҳли Хуросон ба хоқони Самарқанд» унвон дошта, бо номи «Ашкҳои Хуросон» машҳур аст ва матлаи он чунин аст:

Бар Самарқанд агар бигзарӣ, эй боди саҳар,
Номаи аҳли Хуросон ба бари хоқон бар.

Ин қасида, тавре ки шоир гуфтааст, номаи аҳли Хуросон ба хоқон аст, ки дар Самарқанд менишаст. Шоир он номаро ҳамчун матлаи ранҷи тану офати ҷон, мақтаи дарди дилу хуни ҷигар, номае, ки дар он оҳи азизон рақам гардида, дар ҳар шиканаш хуни шаҳидон дарҷ аст, номае, ки сабки таҳрираш аз синаи мазлумон хушк ва сатри унвонаш аз дидаи маҳрумон тар мебошад ва дили шунаванда аз шуниданаш реш ва мардумаки дидааш хун шавад, шинос кардааст.

Сипас бо зикри он, ки «ҳоли Хуросону раоёаш» ҳеч мумкин нест, ки бар хоқон – «Худованди ҷаҳон», подшоҳи каюмарсбақову кисроадл, манучеҳрлиқову афредунфар пӯшида бошад, ӯро ба шунидани «қиссаи аҳли Хуросон», «дилафгору ҷигарсӯхтагон» ва лутф кардан ба онҳо даъват менамояд.

Аз рӯйи навиштаи шоир, шарҳи қиссаи аҳли Хуросон чунин аст, ки ғузони шум тамоми аҳли Хуросонро зеру забар карда, аз ҳар чӣ хайре, ки дар Эрон буд, чизе намонда, бар бузургони замонаву каримони ҷаҳон солору меҳтар шуда, аҳрору аброрро бар дари дунон ва дар кафи риндон ҳайрону ҳазин ва асиру музтар намудаанд. Анварӣ гуфтааст, ки аз дасти ғузони лаъим касе шод ва аз духтарон духтари бокира ҷуз дар шиками модараш намонд, масҷидҳо ба пойгоҳи сутурон табдил шуданд. Ғузон нисбат ба мусулмонон чунон бадиҳо ва зулмро раво диданд, ки ҳеч як «мусулмон накунад садяки он бар кофар».

Хабарат ҳаст, к-аз ин зеру забар шумғузон
Нест як пай зи Хуросон, ки нашуд зеру забар.

Хабарат ҳаст, ки аз ҳар чи дар ӯ хайре буд,
Дар ҳама Эрон имрӯз намондаст асар.

Бар бузургони замона шуда хурдон солор,
Бар каримони ҷаҳон гашта лаимон меҳтар.

Бар дари дунон аҳрор ҳазину ҳайрон,
Дар кафи риндон аброр асиру музтар.

Шод илло ба дари марг набинӣ мардум,
Бикр ҷуз дар шиками мом наёбӣ духтар.

Масҷиди ҷомеи ҳар шаҳр сутуроншонро
Пойгоҳест, ки на сақфаш пайдову на дар.

Накунад хутба ба ҳар шаҳр ба номи ғуз, аз он-к
Дар Хуросон на хатиб аст, кунун на минбар.

Куштафарзанди гиромиро гар ногоҳон
Бинад, аз бим хурӯшид наёрад модар.

Он киро сад раҳ ғуз зар ситаду боз фурӯхт,
Дорад он навъ, ки гӯйиш харидаст ба зар,

Бар мусулмонон з-он гуна кунанд истихфоф,
Ки мусулмон накунад садяки он бар кофар.

Ҳаст дар Руму Хито амн мусулмононро,
Нест як зарра саломат ба мусулмонӣ-дар.

Анварӣ баъд аз баёни қиссаи талхи аҳли Хуросон дар хитоб ба хоқони шоҳнажод ва покгуҳар хоҳиш мекунад, ки дили халқи Худойро аз фурӯмоя ғузи шумпайи ғоратгар фориғу осуда бисоз, мисли он ки порина ба як ҳамла чунин карда будӣ. Шоир хоқонро ба раҳм кардан бар қавме, ки замоне аз ноз шакар намехӯрду имрӯз ба нони ҷавин зор аст, бар онҳое, ки пеш бистарашон атлас буду ҳоло намад намеёбанд, барои қавме, ки шабу рӯз корашон навҳагарист, бар он қавме, ки дар мастурию покдоманӣ ном бароварда буданду имрӯз раҳо шудаанд, даъват мекунад.

Анварӣ кӯшиш намудааст, ки хоқонро бо ҳар роҳ ба разм ташвиқ намояд. Ӯ гаштаву баргашта таъкид бар он кардааст, ки дареғ аст, ки Эрон вайрон ва Хуросон ба хокистардон – атлол табдил шавад. Шоир Эронро ба шӯразор ва хоқонро ба абри боранда монанд карда, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки аз лутфи худ кишвари Эронро маҳрум нагардонад ва пою инони ғузонро аз ин хок бикашад. Вай чашминтизори шунидани хабари хуши фатҳи хоқон аз гӯшаву канори Хуросон мебошад.

Қисмати боқимондаи қасидаро муаллиф ба мадҳи Бурҳониддин бахшида, мамдӯҳро бо ҳамон сабки маъмули мадеҳасароӣ, ки худ аз он парҳез намуда буд, васф кардааст. Ва бо зикри он, ки вай парвардаи султони ҷаҳон Санҷар мебошад, мегӯяд, ки мардумони Хуросон гуфтаанд, ки «қиссаи мо ба Худованди ҷаҳон – хоқон бар».

Анварӣ қасидаашро бо зикри умеде иросол мекунанд, ки хоқон аз дарди дили халқи ҷигарсӯхта хабар ёбад, бегумон, мисли хуршед ҷаҳонро бифурӯзад ва аз адли худ бар бихӯрад.

Бегумон, халқи ҷигарсӯхтаро дарёбад,
Чун зи дарди дилашон ёбад аз ин гуна хабар.
То ҷаҳонро бифурӯзад хури гетипаймой,
Аз ҷаҳондорӣ, эй хусрави одил, бар х(в)ар!

Қасидаи «Ашкҳои Хуросон», тавре ки аз муҳтавои он маълум шуд, аз ҳамлаи ғузҳои кӯчии турк ба Хуросон, ки дар соли 1153 рух дода буд ва оқибатҳои ғамангези он ҳикоят мекунад. Ва онро ҳамчун номаи аҳли Хуросон ба воситаи вазир Камолиддини Маҳмуд ба хоқони Самарқанд Рукниддини Маҳмуд мефиристад, ба умеди он ки вай Хуросон ва аҳли онро аз дасти ғузони истилогар озод менамояд.

Анварии Абеварди (зиндагинома) >>

ҚаблӣАнварии Абеварди (зиндагинома)
БаъдӣАмалҳое, ки марди муосир бояд анҷом дода тавонад…