Контрреформатсия

Контрреформатсия / Контрреформация маълумот бо забони точики / тоҷикӣ


Бо вуҷуди он ки ҳаракати ислоҳотталабии динӣ (реформатсия) дар кишварҳои Аврупо дар асри XVI ба католитсизм зарбаҳои  сахти ҳалокатовар зад, аммо онро шикаста натавонист. Зеро иқтидори сиёсию иқтисодӣ ва ҳарбии калисо ҳоло хеле пурқувват буд. Аз ҳамин рӯ калисои католикӣ баъд аз муддате ба худ омада муборизаро ба муқобили протестантизм оғоз кард. Яке аз қадамҳои аввалини католитсизм ин ташкил намудани ордени (ташкилоти) иезуитҳо буд.

Устави ин орденро Игнатий Лойола тартиб дода, барои шиносоӣ ба папа пешниҳод кард. Чун папа бо он шинос гардид, ниҳоят шод шуд ва хитоб кард, ки «ин-нишонаи тақдири худовандист». Дар он вазъияте, ки дар он айём калисои католикӣ қарор дошт, як чунин ташкилот ниҳоят зарур буд. Зеро дар кишварҳои аврупоӣ акнун касе ба папа ва фармонҳои ӯ эътибор намедод-на мардуми одӣ ва на роҳбарон. Аммо акнун аъзоёни ин ордени нав созмонёфта омода буданд дилхоҳ фармони папаро дар кадом ҷое, ки набошад, ба иҷро расонанд. Ӯҳдадорие, ки ҳар як иезуит қабул мекард, чунин буд: «Ҳама вақт, зуд ва содиқона итоат намудан ба ҳамаи он фармонҳое , ки папаҳои ҳозира ва оянда мефармоянд». Лойола бошад ба ҳар як иезуит мефармуд, ки: «ба ҳар як сардори худ ҳамчун ба Христос бингарад дар дасти сардори худ чун ҷасади мурда дар дасти мурдашӯй бошад ва ба кадом тарафе хоҳад, онро бигардонад».

Ордени иезуитҳо дар соли 1540 аз тарафи папа тасдиқ карда шуд. Иезуитҳо бошанд дар ҳамаи ҷанбаҳои мубориза ба силоҳи асосии папа ва католитсизм табдил  ёфтанд. Онҳо ҳамчун воизони оташинсухан бар зидди протестантҳо баромаданд; мактабу таълим низ ба дасти иезуитҳо қарор гирифт, ки онҳо ба роҳу услубҳои  маккорона бачаҳоро дар рӯҳи   католитсизм тарбия  мекарданд; иезуитҳо супоришҳои мухталифи калисоро иҷро менамуданд: дар дарбори шоҳону ашрофон ба ҷамъ кардани маълумотҳои зарурӣ барои папа машғул мешуданд, супоришҳои папаро дар хусуси нест кардани ашхоси барои папа номатлуб иҷро менамуданд, супоришҳои дипломатии заруриро иҷро менамуданд; бо душманони католитсизм дар майдони ҷанг меҷангиданд. Хулоса иезуитҳо барои католитсизм силоҳи асосӣ шуда монданд. Ҳамин буд, ки католитсизм тавонист сафҳои худро нигоҳ дорад. То солҳои 70-уми асри XX шумораи католикҳо дар ҷаҳон зиёда аз 580 миллион нафарро ташкил медоданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Контрреформатсия бо забони точики

ҚаблӣНизоми мавҷудияти раванди сиёсӣ
БаъдӣПайдо шудани ҷараёну мазҳабҳо дар протестантизм