Кори курси дар мавзуи Бизнес-накша (бизнес план)

Боргирӣ намудан (скачать)

Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунун давраҳои вазнини гузаришро барои ба иқтисодиёти бозори мутобиқ гаштан аз сар мегузаронад. Дар назди саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон муаммои бо маҳсулоти хушсифат ва гирифтани фоида барои амалиёти кори корхона дар оянда меистад. Ин амал дар он ҳолат тадбиқшаванда мебошад агар корхонаҳои калон ва миёна бо маблағузории зиёд ба амал иҷро гардад.

Амалиёти босамари корхона дар шароити иктисодиёти бозори дар ҳамон ҳолат имконпазир мегардад, агар барномаи саҳеҳ ва боварибахш таҳия карда шуда бошад. Барои аз фикри ашхосон дур нашудани мафҳуми нақша ҳамчун фармоиш, аз тарафи ташкилотҳои роҳбарикунанда иштироки фаъоли мутахассисон дар ҳама зинаҳои ин нақша зарур аст.

Яке аз методҳои банакшагири ратсионали дар корхона ин бизнес-накша мебошад. Бизнес-накша ҳамчун амалиёти соҳибкории корхона буда, дар навбати худ воситаи ҳалли накшаи инвеститсиони бо вобастагии талаботи бозор мебошад. Дар он нишонаҳои асосии ҳар як корхона буда, муаммоҳои дар оянда бавуку меомада ва роҳҳои ҳалли онро пешбини мекунад. Аз ин лиҳоз бизнес-накша дар рафти аввал кори чустучуи, илми тадкикоти ва лоиҳави мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавзӯи интихобгашта дар ҳолати муосири иқтисодӣ актуали ҳисоб мегардад, чунки он хизматрасонии талаботдор буда, сифати он мувофики талабот, нархаш нисбати дигар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвори арзонтар аст.

Мақсади навишти кори курсӣ дар аз худкунии назарияи бизнес-нақша ва дар мавзӯъи қабулшуда тартиби бизнес-нақшаи реалӣ асос меёбад.

Дар тартиби кори курси вазифаҳои зерин гузошта шудааст:

  • тартиби резюме;
  • тартиби нақшаи таҳлили ҳолати соҳавӣ;
  • тартиби моҳияти маҳсулоти лоиҳавӣ;
  • тартиби нақшаи маркетингӣ;
  • тартиби нақшаи истеҳсолӣ;
  • тартиби нақшаи ташкилӣ;
  • тартиби нақшаи молиявӣ;
  • тартиби нақшаи баҳодиҳии хавф;
  • тартиби нақшаи баҳодиҳии самаранокии лоиҳавӣ;

Мувофиқи вазифаҳои гузошташуда кори курси аз муқаддима, 9 қисми алоҳида, хулоса, ва номгӯи сарчашмаи истифодашуда иборат мебошад. Дар қисми аввала «Резюме» қисмҳои асосии бизнес-нақша омода гардидааст, ки он асосан ба инвестор пешниҳод гардида мешавад. Мақсади ин қисм дар тавсияи самаранокии бизнес-нақша мебошад, ки инвесторонро ҷалб менамояд.

Дар қисми дуюми кори курси «Таҳлили ҳолати соҳавӣ» оварда шудааст. Таҳлили ҳолати пешрафти соҳаи истеҳсолӣ маҳсулоти сӯзишворӣ ва пешрафти сарчашмаҳои ашёи хом барои истеҳсол ва пешкаши сӯзишворӣ ва маҳсулоти машруботи барои таъмини корхона оварда шудааст дар бар мегирад.

Қисми сеюм «Моҳияти маҳсулоти лоиҳавӣ» мазмун ва максади асоси пешниҳод карда шудааст. Хислатномаи мухтасари бизнес, роҳҳо ва воситаҳои ба амал тадбиқ намудани, мақсад ва инчунин хароҷотҳо барои амали намудани он оварда шудааст. Гуногунии намудхои маҳсулоти корхона низ муайян карда шудааст.

Дар қисми чоруми кори курсӣ «Нақшаи маркетингӣ» чорабиниҳои маркетингии лоиҳа, муайян намудани бозори фурўш, алоқа бо таъминкунандагон ва истеъмолкунандагон, тақсимкунии бозори истеъмолкунандагони маҳсулоти машруботӣ, таҳлили рақибон ва дигар параметрҳоро муайян карда шудаанд.

Қисми панҷум «Нақшаи истеҳсолӣ» барномаи истеҳсоли ташкили он, муайян намудани номгӯи таҷҳизотҳо, таъминоти захирави арзиши маҳсулот ва таркиби он дида баромада шудааст. Дар яке аз бобҳои асоситарини бизнес-нақша ҳаммаи муаммоҳое, ки бо истеҳсоли маҳсулот вобастаги доранд, нишон дода шудааст.

Дар қисми шашум «Нақшаи ташкилӣ» таркиби ташкилии корхона дар мурури вақт ва фазо нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар ин боби бизнес-нақша давомнокии истеҳсоли маҳсулот ҳисоб карда шудааст.

Қисми ҳафтум «Нақшаи молиявӣ» дар он ҳисоби даромадҳо ва хароҷотҳо, нақшаҳои фарзӣ оиди фоида ва зарарҳо аз рўи гардиши пули нақд, аз рўи ҳисобҳо барои буҷа, аз рўи маблағгузориҳо оварда мешавад. Ҳамчунин дар ин боб нуқтаи безарар ва фишанги оператсиони таҳлил карда шуда, нархи босамар ва микдори оптималии маҳсулот дар асоси нишондиҳандаҳои ҳадди ҳисоб карда шудааст дар бар мегирад.

Қисми нӯҳум «Нақшаи баҳодиҳии самаранокии лоиҳавӣ» ҳисоби кумулятивии даромаднокии инвеститсия, ҳисоби даромади интегралӣ, индекси рентабелнокӣ, меъёри даромаднокии дохилӣ ва мӯҳлати талофияти лоиҳаро дар бар мегирад.

Дар хулоса оид ба навишти бизнес-нақша натиҷабардории муаллиф омода гардидааст.

Номгӯи сарчашмаи истифодашуда аз __ адабиёт ва __ далелҳо иборат аст.

Боргирӣ намудан (скачать)

ҚаблӣКори курси дар мавзуи БЕНЗИН аз Микроиктисодиёт
БаъдӣБозори сармоя (кори курси, реферат, кори мустакилона)