Зиндагиномаи Чунайдуллохи Хозик

Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ (солҳои 80-уми асри XVIII-1843). Зиндагиномаи Чунайдуллохи Хозик, Чунайдуллои Хозик

Зиндагинома:

Яке аз шоирони тавонои асри XIX Ҷунайдуллоҳ ибни Исломшайх Ҳозиқ буда, доир ба ному насаби хеш дар достони «Юсуф ва Зулайхо» мегӯяд:

Ҳамин «Ҳозиқ» тахаллус дораму ном, Ҷунайдуллоҳи ибни Шайхислом.

Инчунин Абдулкарим Фазлии Намангонӣ («Маҷмӯат-уш-шуаро») низ чунин таъкид кардааст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷунайд он ҳакими билоди сухан,
Ки шаҳри Ҳирот аст ӯро ватан.
Мудаққиқ ба таҳқиқи илму сифот,
Бувад ибни Исломшайхи Ҳирот.

Ҳозиқ дар миёнаи солҳои 80-уми асри XVIII таваллуд шудааст. Зодгоҳи ӯ маҳаллаи Кархи Ҳирот мебошад. Ҷунайдуллоҳ табъи баланду зеҳни бурро дошта, дар аввалҳои Хукмронии амир Ҳайдар (1800-1827) аз Ҳирот ба Бухоро омадааст. Ӯ дар мадраса яке аз беҳтарин толибилмон буда, осори адибони асримиёнагиро низ хеле дақиқ меомӯзад. Дар баробари ин Ҷунайдуллоҳ илми тибро ҳам хеле хуб омӯхта тахаллуси «Ҳозиқ»-ро аз ҳамин ҷиҳат интихоб менамояд. Ҳозиқ соли 1805 мадрасаро хатм мекунад ва дар мадрасаи Олӣ бо фармони амир Ҳайдар имом таъин карда мешавад. Дере нагузашта Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро ба дарбор даъват мекунанд. Баъди чанде фаъолият дар дарбор тафаккури шоирро нисбат ба он дигар намуд. Ӯ хуб фаҳмид, ки шахсони нолоиқ хеле зиёд будаанд ва бо ин тоифа аҳли хирад ҳамкорӣ карда наметавонад:

Бори узви ҷоҳро ҳар сифла натвонад кашид,
Ҳеҷ тори анкабуте иқди гавҳар мекашад?

Шоирони ҳасудкори дарбор Ҳозиқро нотавонбинӣ мекарданд. Ҷалолӣ, ки худ чандон истеъдоди баланд надошт, Ҳозиқро боре ҳаҷви сахт намуд. Ҳозиқ бо унвони «Қасида дар ҷавоби ҳаҷви мавлоно Ҷалолӣ» – ро менависад, ки чанд байте аз он чунин аст:

Дар хотирам расад чу хаёли қасидаат,
Гардад дилам сияҳ зи зуғоли қасидаат.

Гуфтӣ, ки зода табъи ман ин бикр фикрро,
Сад шӯр карда духтари золи қасидаат.

Ай, карда шеъри халқ ба чандин бало дучор,
Бояд гирист, оҳ ба ҳоли қасидаат.

Худ равшан аст гавҳари мазмуни дигарон,
Торику сакта аст зулоли қасидаат.

Ай рӯбаҳак, ба шери жаён панҷа мезанӣ,
Даркаш забон, ки нест маҷоли қасидаат.

Ҳозиқ, чӣ ҳолат аст дарад пардаи туро,
Нафсат намуда рух зи «камоли» қасидаат.

Муноқиша миёни ду шоир бошад ҳам, амалан ҳадафи Ҳозиқ худи амир аст. Аз ин рӯ, ӯ аз доираи адабии Бухоро дилмонда шуда, ба Хуқанд омадани Ҳозиқ қайд намуда бошад ҳам, дар оғози салтанати амир Умар иттифоқ афтодани он ба ҳақиқат наздик мебошад.

Ҳозиқ муддате дар ин доираи адабӣ созиш намуда, ҳатто ба амир Умар баъзан пайравиҳо мекунад. Яке аз ҷиддитарин иқдомҳои Ҳозиқ дар ин доираи адабӣ ба эҷоди достони «Юсуф ва Зулайхо» камар бастани шоир ба шумор меравад. Дар ин бора Ҳозиқ баъзе ишораҳои судманд низ дорад:

Мабош аз шеъри мардум ҳарфгустар,
Либоси орият то чанд дар бар?
Бигӯ чу Ҳозиқ, ар дорӣ димоғе,
Бикун равшан, агар дорӣ чароғе.

Шоирони маддоҳои дарборӣ: Вазир, Нола, Фазлӣ, Дабир ва Афсӯс бошанд Ҳозиқро дар ҳузури амир бадгӯиҳо мекарданд. Шоир ва тазкиранигор Абдулкарими Фазлӣ дар «Маҷмӯат-уш-шуаро» – и худ аз Ҳозиқ ёд намуда, ӯро дорои истеъдоди баланд медонад, вале «марди девона» ва «мухолифмизоҷ» ном мебарад:

Ба фанни сухан гарчи фарзона аст,
Валекин аҷаб марди девона аст.
Каландармизоҷ асту девонахӯст,
Вале дар фунуни сухан тозагӯст.

Аз баъзе ишораҳои Ҳозиқ пайдост, ки ӯ худро зиракона ба девонагӣ вонамуд карда будааст:

Гар намехоҳӣ, ки дарди сар кашӣ аз рӯзгор,
Ҳамчу Ҳозиқ бо камоли зиракӣ девона бош.

Аз қазовати боло маълум мегардад, ки моҷароҳои аҳли дарбор ва тамаллуқи шоирони тамаъкору чоплус Ҳозиқро басо озурда намуда, ба ӯ фишори маънавӣ медоданд.
Аз ин сабаб, Ҳозиқ дар дарбори амир Умархон фаъолият карданро дигар раво намебинад. Хусусан, ин ҳолат баъди ба сари тахт омадани писари ин амир Муҳаммадалихон боз ҳам ногувортар мегардад. Ин аст, ки Ҳозиқ аз дарбори Муҳаммадалихон канораҷӯӣ намуда, ба Бухоро меояд ва дар ин шаҳри бостонӣ бо пешаи табибӣ касби маош мекунад.

Ӯ аз рӯи эҳтиёҷҳои зиндагӣ бо баъзе соҳибмансабон қаробат ҷустааст. Боре яке аз соҳибмансабон ба шоир ваъда медиҳад, ки ба ӯ (ба Ҳозиқ) асп инъом мекунад. Вале пас аз гузаштани чанд муддат аз қавлаш бармегардад. Ҳозиқ ба он кас чунин қитъаи ҳаҷвиро мебахшад:

Расид меҳри тило лек аспи мо нарасид,
Бигӯ намедиҳамат, то ба кай баҳона кунӣ.
Муносиби ту ба он шавкату ҷалол ин аст,
Ки хешро магарам мӯҳраи замона кунӣ.
Куҷо равос(т), ки худро барои як аспе,
Миёни халқ ба беҳимматӣ фасона кунӣ…

Ҳозиқ чанд гоҳе дар Хоразм низ будааст, ки онро солҳои 1825-29 тахмин кардаанд. Зеро дар ин солҳо Муҳаммад Раҳимхон вафот карда, ба сари қудрат Оллоҳқулихон омада буд.

Муҳимтарин хусусияти доираи адабии Хоразм он будааст, ки бо ташаббуси сарвари ин доираи адабӣ -Мӯъниси Хоразмӣ тарҷумаи осори адибони асримиёнагии тоҷик ба забони ӯзбекӣ хеле авҷ гирифта будааст. Соли 1829 Ҳозиқ аз Хоразм боз ба Бухоро бармегардад ва ӯ Ҳоҷӣ Ҳакимхонро (муаллифи «Мунтахаб-ут-таворих»-ро), ки аз саёҳат баргашта буд, пешвоз мегирад.

Ҳозиқ бисёр мехост, ки ба сафари олам баромада, ба ин восита аз низои ҳусудон раҳоӣ ёбад. Вале имконоти модӣ барои шоир даст намедод, ки онро аз баъзе ишораҳои шикваомези Ҳозиқ пай бурдан мумкин аст:

Даме расид ба хотир, ки сӯи Рум равем,
Ки шояд ин дили ғамгин шавад нишотпазир.
Зи сайри шом гаҳе рехт бар дилам савдо,
Ки субҳи айш дамад шоядам зи шоми замир.
Шикаст фикри Ҳалаб гоҳ шиша дар роҳам,
Намуда гоҳ Фарангам дар ойина тасвир.
Гаҳе зи Ҳинд намак рехт дар дили решам,
Гаҳе зи Миср шакар ёфт тӯтии тақрир.

Шоир дар қитъаи боло орзуи шаҳрҳои Руму Шом, Ҳалабу Фаранг (Аврупо), Ҳинду Мисрро дар сар доштааст, вале он амалӣ нашудааст. Амир Насруллоҳ мехост Ҳозиқ яке аз муқаррабони ӯ бошад, вале шоир аз амир дурӣ меҷуст. Зеро Насруллоҳ пайваста дар андешаи кишваркушоӣ, ғорату асиргирӣ буда, борҳо ҳатто ба Хуқанд лашкар кашидааст.

Ӯ бори сеюм соли 1842 ба Хуқанд ҳуҷум намуда, дар он ҷо қатли ом менамояд. Ҳозиқ дар як қасидааш оқибати ҷангро баён намуда амирро ба сулҳ даъват мекунад:

То бувад сулҳ ҷанг натвон кард,
Ҷанг бошад диранг натвон кард.
Шоҳ бояд хурад ғами олам,
На ки з-он олам фитад дар ғам.

Амир маслиҳати шоирро қабул мекунад. Баъд ӯ аз Ҳозиқ талаб менамояд, ки ин пирӯзиашро дар қасидае васф бикунад. Ҳозиқ «пирӯзӣ»- и амирро дар байти зерин маҳкум мекунад:

Буридӣ бар қади худ аз маломат,
Либосе то ба домони қиёмат.

Амир аз шунидани он дар ғазаб мешавад. Ҳозиқ бошад ба Шаҳрисабз дар хонаи дӯсташ-Ҳакимхон паноҳ мебарад. Амир Насруллоҳ писари шоирро, ки Мӯҳташам ном дошт, ба Шаҳрисабз фиристода, омадани Ҳозиқро талаб мекунад. Ҳозиқ байти зеринро навишта ба амир мефиристонад:

Чун ҳузурам сабаби ранҷиши табъат гардад,
Мегурезам, ки малулат накунам бори дигар.

Амир аз ин кори шоир дар ғазаб шуда, Душанбой ном дуздро барои овардани сари Ҳозиқ амр мекунад.

Ин бешараф бо се тан бадандешони дигар ба Шаҳрисабз омада, шабонгаҳ ба хонаи хоби Мавлоно Ҳозиқ ворид шуда, ӯро ба қатл мерасонанд ва сари шоирро бо худ ба Бухоро мебаранд. Ба ҳамин тариқ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ 14-уми январи соли 1843 дар вилояти Шаҳрисабз вафот кардааст.

ҚаблӣЭнергия чист? (Бо забони сода)
БаъдӣМероси адабии Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ